НАҚШИ НИГИНИ АНГУШТАРӢ
Лаҳзаҳои зиндагӣ мисли нақши ангуштони даст такрор намешаванд. Он чизе, ки модарам ба ман омӯхтанд, мисли нақши нигини ангуштарин аст. Зебову пурҷило. Қимату нотакрор.
Модарам зани сарвқади хушрӯй буданд. Чашму абруи сиёҳ, рӯйи кулча доштанд. Овози маҳин, нигоҳи саршори меҳр, дили пур аз муҳаббат модарамро боз ҳам ҷаззобтару зеботар мекард.
Дар оила мо ҳафт нафар фарзанд будем. Баъди аз сари дастархон хестан, ҳар кас вазифаи худро иҷро мекард. Яке косаву пиёларо ҷамъ мекард, дигарӣ мешуст, сеюмӣ нонҳоро ба нондон мегузошт, чорумӣ дастархонро ҷамъ мекард. Ман духтари кенҷа будам, барои ҳамин кори аз ҳама осонро мекардам. Нонрезаҳоро чида ба зертахтаи тиреза мепошидам.
Вақте саришта кардани фарзандон душвор мешуд, модарам моро ба коре андармон мекарданд.
Боре як коса мошро ба ман доданд, ки онро тоза кунам. Ман косаи мошро зуд тоза кардаму гуфтам:
– Оча, акнун мумкин аст ба берун равам?
Аммо модарам гуфтанд, ки аввал коратро ба охир расон.
– Чӣ хел? – нафаҳмидам ман. – Охир мошро тоза кардам-ку! – гуфтам норозиёна.
– Дуруст, аммо корат нимкора! – гуфтанд модарам.
Ростӣ, намефаҳмидам, ки чаро корам нимкора аст.
Модарам ба ман фаҳмонданд:
– Мошро тоза кардӣ, косаро бояд ба ошхона бубарӣ. Дастархонро ҷамъ карда, афшонда, таҳ карда, ба ҷевон гузоштан даркор
– Баъдтар кунам-чӣ? – пурсидам аз модарам.
– Агар баъдтар кунӣ, одат мекунӣ, – фаҳмонданд он кас.
– Ба чӣ?
– Ба нимкорагӣ.
Чи хел натиҷаи хуб додани сухани дурусти дар ҷояш гуфташударо ман аз ҳамон айёми кӯдакиям фаҳмидам.
Шабе бо тарс аз хобам бедор шуда, «Очаҷо-о-о-н!» – гӯён фарёд задам.
Хона равшан шуд. Модарамро дидам. Он кас омаданду маро ба оғӯш гирифтанд. Оҳ! Магар чизе гармтар аз оғӯши модар ҳаст?
Ҳамоно тарсам гум шуд.
– Очаҷон, аз тиреза ба хона чизи бадҳайбате даромад, – гуфтам.
– Ҷонакам, тирезаро шамол кушодааст. Чизе нест, ин фақат хоб аст. Як ба осмон нигоҳ кун, бин, моҳтоб ба ту механдад, ситораҳо ба ту чашмак мезананд.
Барои он ки аз ҳолати тарс зудтар бароям, модарам ҳушамро ба дигар чиз ҷалб карданду гуфтанд:
– Моҳ панҷрӯза шудааст, баъди даҳ рӯз пурра мешавад.
Ман ба осмон нигоҳ кардам ва аҷаб манзараи зеборо дидам. Аз ҳамон вақт инҷониб бароям тамошои камшавию пуррашавии моҳтоб ва осмони пурситора хуш аст.
Баъзан, модарам аз будаш зиёд, ниҳоят меҳрубон мешуданд. Бо гузашти солҳо сабабашро фаҳмидам. Вақте кори нодуруст мекардем, моро танбеҳ намедоданду меҳрубонтар мешуданд. Яъне, танбеҳашон ҳам меҳрубонӣ буд. Оё метавон диле бузургтар аз дили модар ёфт?
Боре бо лабу лунҷи овезон ба хона баргаштам. Вақте модарам сабабашро пурсиданд, гуфтам.
– Имрӯз ба дарс тайёр будам, аммо муаллима маро напурсиданд.
– Ту дарсро барои баҳо мехонӣ? Муаллима напурсанд ҳам, донишат бо ту мемонад, – гуфтанд модарам. – Рӯзи дигар ҳам метавонӣ дарсро ҷавоб диҳӣ, аммо саломи имрӯзаро пагоҳ гуфта намешавад.
Ман фаҳмидам, ки ба модарам салом надода будаам.
Баъзан, танбалӣ мекардам, ягон кореро кардан намехостаму «не» мегуфтам. Истифодаи калимаи «не»-ро модарам дӯст намедоштанд.
Ин чунин маъно надорад, ки модарам ба мо ҳама чизро иҷозат медоданд. Калимаи «не»-ро истифода набурда масъаларо ҳал мекарданд.
– «Не» пеши роҳи ҳама чизро мебандад, аммо «ҳа» роҳҳои бастаро мекушояд. Вақте мехоҳӣ, чизе монеа шуда наметавонад, аммо вақте намехоҳӣ, ҳама чиз баҳона мешавад, – гаштаву баргашта таъкид мекарданд модарам.
Имрӯз ман ба ҳамаи гуфтаҳои модарам сарфаҳм меравам. Зиндагӣ ҳам омӯзгор аст. Акнун медонам, ки сухани дар ҷояш гуфташуда натиҷаи хуб медиҳад. Ё ин ки майда-чуйдаҳо то чӣ андоза дар ҳаёти ҳар кас муҳиманд. Маҳз майда-чуйдаҳое, ки назарногиранд, ҷамъбасткунанда ва пурракунандаи ҳаётамон ҳастанд. Агар онҳоро ба инобат нагирем, ба нимкорагӣ одат мекунем, ба назар гирем, мукаммал мегардем. Зеро ҳар кори калон аз майда, бузург аз хурд сарчашма мегирад. Қатраи об ба ҷӯй, ҷӯй ба дарё, дарё ба уқёнус ҷорӣ аст.
Модари ҷонам. Ҳар қадар шуморо васф кунаму дар назди бузургиатон сари таъзим фуруд оварам, боз ҳам ночизу каму каму кам аст…
Гулсара АВАЗОВА,
нависанда