ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОХИРИН НОМАИ САРБОЗИ ШАҲИД. Ё ҚИССАЕ АЗ БӮИ НОНУ БӮИ МОДАР

ОХИРИН НОМАИ САРБОЗИ ШАҲИД. Ё ҚИССАЕ АЗ БӮИ НОНУ БӮИ МОДАР

01 ноябр 2024, Ҷумъа
13
0


Абдуғанӣ фарзанди дуюми хонавода буд. Баҳори соли 2000-ум дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар оилаи Давлат ном мард чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ба он хотир Абдуғанӣ номаш гузоштанд, ки Худованд хонаводаашонро бо қадами мубораки ин фарзанд ғанӣ гардонад. Аз муҳтоҷиву дастнигарӣ наҷот диҳад.

Ӯ аз бачагӣ ҷасуру нотарс, қобилу коргар буд. Соле, ки ба мактаб рафт, модараш Зуҳро аз шодӣ ҷойи нишаст наёфт. Эҳсос мекард, ки байни 3 фарзанди дигараш ӯ бо заковату қобилияш фарқ мекунад. Дар мактаб хуб мехонд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, дар шаҳраки Ғарм таълиму тарбия гирифт.
Баъди хатми мактаб барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ихтиёран ариза навишту аз комиссияи тиббӣ гузашт. Вақти хайрухуш модарашро ба оғӯш кашид ва мисли одамони калонсол гуфт: “Очаи ҷон, майдондорӣ ҳунари ҳар кас нест. Хидмати ҳарбӣ ҳам мактаб асту ҳам майдон. Он ҷо мардон обутоб меёбанд ва ҳунари майдондорӣ меомӯзанд. Дуоям бидеҳ, то ба аскарӣ равам”.
Давлат, падари хонавода низ ба Зуҳро рӯ оварда гуфт: “Очаш, садди роҳи ҷавонмард нашав. Дилашро нашикан. Аз роҳ нагардон. На ҳар кас дилу гурда дорад, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан биравад”.
Ҳамин тавр, Абдуғанӣ дуои падару модарро гирифта, соли 2018 ба сафи Артиши миллии кишвар шомил шуд...
Баъди як соли хизмат модараш рӯи саҳни ҳавлӣ машғули корҳои хона буд. Ҷавоне вориди ҳавлӣ шуду номае ба дасташ дод. Зуҳро номаро кушод. Абдуғанӣ чунин навишта буд:
“Салом, очаи ҷон. Гирдачаву кулчаҳои фиристодаатро гирифтам. Шукр, ки модар дорам. Ҳеҷ кас дар дунё ба мисли ту нони лазиз намепазад. Ба бачаҳои ҳамхизматам тақсим кардам. Бачаҳо аҳсант гуфтанд. Чанд кулчаро барои худам пинҳон кардам. Дар танҳоӣ мехӯраму бо шумо ҳарф мезанам. Ками дигар монд, очаи ҷон. Паҳлу мегардӣ, ки муҳлат поён меёбаду мо ба дидори якдигар мерасем. Шукр, ватан ором аст...”
Ба ёд овард, ки ду рӯз пеш ба писараш нон фиристод ва баъди як рӯз Абдуғанӣ занг заду миннатдорӣ кард...
Шукр гуфт модар. Он рӯз аз шодӣ дар куртааш намегунҷид. Шаб хобаш набурд. Номаро гаштаю баргашта мехонд. Писарам ба наздикӣ меояд, як сарашро ду сар мекунам. Духтари хушрӯтарини ноҳияро барояш арӯс меорам, мегуфт худ ба худ. Шабро бо хаёлҳои ширин паси сар кард. Мижааш таҳ нашуд то субҳ...
Субҳ ҳамсояҳо назди ҳавлиаш ҷамъ шуданд. Давлатро берун хонданд. Шавҳараш бо сари хам ба хона даромад. Рангаш кандагӣ буд.
Дили модар мушавваш гардид. Чизеро пай бурд. Аммо шавҳараш ба ӯ чизе нагуфт.
Каме баъд анбӯҳи одамон Абдуғаниро болои тахти равон оварданд. Ҳамроҳаш масъулон, аз ҷумла раиси ноҳияву намояндагони мақомоти қудратӣ...
Он рӯз дар саросари кишвар, аз ҷумла дар маркази ноҳияи Рашт ҳам ҷашн – Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар буд. Баъди баргузории тантанаҳо шабҳангом дастае аз ватанфурӯшону хоинони миллат оромии кишварро халалдор карданд. Ташнаи хуни инсон буданд. Ташнаи хуни бародарону падарони хеш. Дастаи хунхори ватанбезор ба дидбонгоҳи якум наздик шуда, аскарбачаҳоро ғофилгир карданд. Ба дидбонгоҳи дуюми Ишқобод роҳ пеш гирифтанд.
Сарбози қаторӣ Абдураҳим Халилов зодаи деҳаи Оби Лурди ноҳияи Нуробод аст. Ӯ он шаби фалокатбор паҳлуи Абдуғанӣ буд. Бо супориши фармондеҳон паҳлуи ҷасади  ҳамсангари хеш ба Рашт омад...
“Лаҳзае, ки “бонги изтироб” шуд, ақрабаки соат 3,20 дақиқаи вақти маҳаллиро нишон медод, - қисса мекунад Абдураҳим. -  Шитобзада роҳро бастем ва бо амри фармондеҳ ба хандақ даромадем. Мунтазири пешомад будем. Панҷ-шаш дақиқа гузашта буд, ки мошинҳо намудор шуданд. Аз ҷониби ноҳияи Шаҳритус омаданд.  Масофа то паноҳгоҳи мо на камтар аз сӣ метр буд. Капитан Мустафозода ҳамроҳи афсари дигар ба “пешвози меҳмонони нохонда” баромад. Нафаре аз мошин фуромаду гуфт:
- Роҳро кушоед, мо ба шумо коре надорем.
- Не, - гуфт Мустафозода, - аз мошинҳо фуроед.
- Кӯдаки бемореро ба беморхона мебарем. Мошинҳо зану кӯдак доранд, - садо баланд кард марде, ки аз мошини аввал фуромада буд.
Ин лаҳза аз мошини дуввум зане дар даст кӯдак поин шуд.
Ҳама аз мошин фуроянд, - аз нав омирона амр кард капитан.
Марди фуромада гумон бурда буд, ки дар дидбонгоҳ ҳамагӣ ду посбон ҳаст. Ӯ намедонист, ки мо дар муқобили онҳо сангар  гирифтаем. Ба тарафи ду-се “меҳмон”-и аз ӯ дуртар бо овози баланд гуфт:
- Сар мекунем?
Капитан ва афсари ҳамроҳаш аз ҳарфи онҳо рамуз гирифтанду фаврӣ худро ба паноҳгоҳ партофтанд. Болои сари мо борони тир мерехт.  Бо амри Мустафозода дастаи мо низ ба ҷанг даромад.  Мошини охиринро бачаҳо бо гранатамиёт зада аз кор бароварданд. Мошини аввал аз тири мусалсали Абдуғанӣ аз кор баромад. Капитан амр кард, ки ҷониби мошинҳои дар байн буда тир напарронем, он ҷо занону кӯдаконанд. Абдуғанӣ се маротиба ҷояшро иваз кард. Мардона наъра мезаду душманро бо мусалсалаш тирборон мекард. Тираш тамом шуд. Лаҳзаи охир паҳлуи ман қарор дошт. Тирдонро иваз кард. Як зум атрофро оромӣ фаро гирифт. Абдуғанӣ оҳиста сар боло кард. Вазъро аниқ кардан мехост. Ҳамин лаҳза садои тир баланд шуд. Ӯ оҳиста нолиш карду ба даруни хандақ афтод... Ҷанг тақрибан сӣ-сиюпанҷ дақиқа идома ёфт. Мо ду нафар ҳамсангарро аз даст додем. Абдуғанӣ Давлатов – зодаи Рашту Наимҷон Сайолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”.
Ҷасади Абдуғанӣ болои тахти равон буд. Ҳанӯз аз бари гарданаш хун мешорид. Ҳамроҳон сарулибосаш халтаи сафариашро оварда буданд ва вақте халтаро кушоданд, пораи ноне аз даруни он берун афтод. Намояндаи азшаҳромада онро гирифту бӯсид. Чашмони ҳамаро ашки шӯр тар кард.
Модар ҳама чизро аз даст дода буд. Бехудона фарёд мезад. Ҳамсоя, хешу ақрабо, худиву бегона тасалло дода наметавонистанд... Чизеро намешунид ва касеро намедид. Занги телефони Абдуғанӣ ба ёдаш омаду дубора фиғонаш фазои ҳавлиро пур кард...
Дар маросими ҷаноза муовини Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён сухан гуфта, ҷавонмардиву ҷонфидоии Абдуғаниро сутуд. Бо ҳарфҳои зебо ва андарзҳои бародарона модари азхудрафтаро ба олами ҳастӣ хонд: “Абдуғанӣ фарзанди арзандаи миллат аст. Обрӯ ва эътибори чунин ҷавонони диловари ватандӯст ҳамеша болост. Корномаи фарзанди далерро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Бояд модар ифтихор кунад, ки чунин фарзанди қаҳрамон дорад...”
Зуҳро ба олами ҳастӣ баргашт ва дид, ки саҳни ҳавлӣ ва сари кӯча пури мардум. Аз одамони баобрӯ ва мансабдорони баландмартаба, генералҳову афсарҳои зиёд то одитарин сокини ноҳия аз дурдастҳо омадаанд, то ҳамдарди модару падари шаҳиди Ватан бошанд. Даст ба гиребон бурду шукрона кард. Шукрона кард, ки аз корномаи писараш ҳарф мезананд. Шукрона кард, ки ҷигарбандаш на дар роҳи хато, балки ба хотири оромии Тоҷикистони азиз ва осудагии сокинони он ҷони ҷавонашро дареғ надошт.
Ҷасади Абдуғаниро дар зодгоҳаш– шаҳраки Ғарм ба хок супурданд. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Абдуғанӣ Давлатов ордени Шараф дараҷаи II пас аз марг дода шуд. Кӯчае дар шаҳраки Ғарм низ ба номи ӯ гузошта шуд.
Ба ифтихори истиқболи сазовори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қитъаи замин ҷудо гардида, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Калиди хонаро бо тамоми шароит раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода 10-уми октябри соли ҷорӣ ба модари ин сарбози шаҳид супурданд.
Беҳтарин ва пурарзиштарин ёдгорие, ки модар нахустин шуда ба хона овард, ҳамон номаи Абдуғанӣ буд, ки лаззати кулчаҳои модарро сутуда, шӯхиомез навишта буд, ки чанд кулчаро пинҳон кардааст, ки накҳат ва хумори модарро дорад...

Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив