ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ. МУҚОВИМАТ БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МАНУ МОСТ!

АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ. МУҚОВИМАТ БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МАНУ МОСТ!

01 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


«Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом, надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро пайдо намуда, онро аз решааш баркананд, зеро ин ҷараёни хатарзо метавонад халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳоро барҳам занад. 
Дар ин радиф, ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ, аслан, аз ғояе таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардондани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. 
Аз ин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош меварзад, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва дигар шахсони дар ҳудуди он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм дар ҳудуди кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.
Махсусан, ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бояд кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан, амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошуравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои террористӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. 
Терроризм ва экстремизм имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро, асосан, ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резондани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ мубориза барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофар ва маорифпарвари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Ихтиёр САБУРОВ, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети телекоммуникатсия ва ТИ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив