ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУН УСУЛИ НАВИ КОРКАРДИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОРО  ТАНЗИМ МЕКУНАД 

ҚОНУН УСУЛИ НАВИ КОРКАРДИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОРО  ТАНЗИМ МЕКУНАД 

04 ноябр 2024, Душанбе
21
0


Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо” баррасӣ гардид.  
Акбар Насимзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур иброз дошт, ки мақсади таҳияи он муайян намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, ваколат ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт мебошад. 
Иттилоъ дода шуд, ки зери мафҳуми бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо додани рақамҳои бақайдгирӣ ва сабт намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ фаҳмида мешавад. Ҳамчунин, зери мафҳуми баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба махзани ягонаи давлатии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ворид намудани маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноят суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ, ҷиноятӣ ба қайд гирифта мешаванд, фаҳмидан мумкин аст. 
– Вазифаи асосии низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, истифода ва ҳифзи маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, пешниҳоди маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо иборат мебошад, – изҳор дошт Акбар Насимзода. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият


САЙЁҲӢ. ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО КУБА
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ байни Чумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба вохӯрии сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳӣ  –  Сайёд Қодирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Тоҷикистон ҷаноби Оскар Сантана Леон баргузор гардид.   
Тавре ба мо аз Кумита хабар доданд, зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, бавижа масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонию табобатӣ, табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба барои зиёд намудани шумораи гардишгарон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Куба вобаста ба ташкили  сафарҳои сайёҳон аз ду кишвар тавассути парвозҳои чартерӣ ва ғайри мустақими амалкунанда бо кишварҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ таклифу  пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият» 


«СОМОН ЭЙР».  САФАРҲО БАРОҲАТ МЕШАВАНД 
Дар доираи стратегияи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барномаи навсозии курсиҳои мусофирнишини ҳавопаймоҳои худро роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин барнома мо курсиҳои куҳнашударо бо курсиҳои нав иваз менамоем. Онҳо модели курсиҳои эконом-класси Elesa истеҳсоли ширкати TCI (Туркия) мебошанд. Курсиҳо қаблан дар Душанбе дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии DITE-2024 муаррифӣ гардида буданд.
Дар курсиҳои бароҳат мизча, киса барои адабиёт ва чангаки либосовезӣ насб шудаанд. Роҳаткурсиҳо дорои механизми идоракунии хаму ростшавӣ ва дастмонак мебошанд. Онҳо, ҳамчунин, бо мизчаҳои махсуси барои истифодаи телефону планшетҳо мувофиқ муҷаҳҳазанд, ки ба истифодабарандагони таҷҳизоти мобилӣ хеле хуш меоянд. Тарҳи нави курсиҳо рамзи ширкатро дошта, инъикоскунандаи инкишофи брендинганд.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев дар ин маврид чунин иброз дошт: “Акнун сафар бо мо боз ҳам бароҳату гуворотар хоҳад шуд. Ин тирамоҳ барои мусофирони азизамон дар эконом-класс роҳаткурсиҳои нави муосирро пешниҳод намудем, ки барои ҳаловат бурдан аз парвоз мувофиқат менамоянд. Салони навшуда хушнамуду муносиб буда, муҳити созгореро дар фазо фароҳам меорад”.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 мураттаб шудааст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,  «Ҷумҳурият»


ГУМРУК – 2024.  ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
Рӯзҳои 29-30-юми октябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии гумрук – 2024 баргузор гардид. 
Дар он сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуд. 
Форуми мазкур аз чониби Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия ҳамасола ташкил гардида, як платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад ва дар таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар он масъалаҳои муб-рами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар форум масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур лоиҳаи Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расид.
Боиси зикр аст, ки дар кори Форуми мазкур роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Амириён Ёр Одина, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук  Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад ва сардори КВД “Маркази равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук Файзуллозода Лочин низ ширкат варзиданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


НОҲИЯИ ВОСЕЪ.  РОҲҲО ТАРМИМУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД
Бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат дар бештари деҳаҳои дурдасте, ки солҳо боз сокинон аз валангории роҳҳо азият мекашиданд, хушбахтона, имрӯзҳо роҳҳои нав бунёд мегарданд. 
Қурбоналӣ Ҳукматуллоев, директори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар деҳаи Ғаллазори Ҷамоати деҳоти ба номи Вайсови ноҳия, ки эҳтиёҷ ба сохтани роҳ доштанд, дар масофаи 630 метр роҳро мумфарш намудем. 
Ғайр аз ин, дар нуҳ моҳи соли равон 3,1 километр роҳ сангфарш карда шуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 225 ҳазор сомонӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ 105 ҳазору 809 сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ҷудо гардид. Қ. Ҳукматуллоев гуфт, ки дар тавозуни Муассисаи мазкур 18 техникаи корӣ мавҷуд буда, 13-тои он дар ҳолати корӣ қарор дорад ва барои гузарондани фасли сармо  маводҳои зарурӣ дар анбори корхона захира шудааст. 

Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив