ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРОН КОНИ МАЪРИФАТАНД

МОДАРОН КОНИ МАЪРИФАТАНД

04 ноябр 2024, Душанбе
19
0

 

 ОИЛАИ БОНУВОН

–   Бино ба гуфти модарам, ман дуву нимсола будам, ки падарамон вафот карданд,–  суҳбатро оғоз бахшид омӯзгори варзидаву соҳибэҳтиром Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадова ва суханашро идома дод: – Падарам мудири фермаи чорводорӣ буд. Модарам бошанд, дар он говдӯш шуда кор мекарданд. Пас аз даргузашти падар, ҳамаи корҳои хоҷагидорӣ ба дӯши модарам афтод. Ҳамин тавр, хӯрондану пӯшондани оила (мо фарзандон чор духтар будем)-ро говдӯши қатории  фермаи ширӣ-молии колхоз бо заҳмати шабонарӯзии ҳалолашон саришта мекарданд. Ба замми ин, модарам корҳои ҷамъиятиро низ пеш мебурданд, зеро узви Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ буданд. Аз ин рӯ,  гоҳо модарам ба шаҳрҳои  Хоруғу Душанбе сафар мекарданду барои мо – духтаронашон, китобҳои рангоранг туҳфа меоварданд. 
“Хонед, – мегуфтанд модарам,– мушкили зиндагии шуморо фақат донишомӯзӣ  осон мекунад, зеро бе омӯзиш кас наметавонад зиндагиашро пеш барад”.
Ба ин хотир, мо – духтаронашонро хононданду соҳиби касб карданд. 
                      
СОЛҲОИ ДОНИШҶӮӢ
Баъди ба хондан рафтани хоҳарам Бибиоро, навбати ба хондан рафтани ман ҳам расид.  Якбора  аз пеши модар  рафтани се духтараш ба модар  душвор нашавад, гуфта, ман хостам, идома додани таҳсиламро то соли дигар, то аз хондан омадани Бибиоро мавқуф гузорам. Вале модарам ба фикрам розӣ нашуд. “Ҳамин сол меравӣ, – бо қатъият гуфт модарам. – Фақат ҳаминро бидон, ки шуморо бо сад умед, бо меҳнати ҳалолам калон кардаам. Сари маро пеши касе хам накунед!”. 
Дигар ҷойи баҳс набуд. Гапи модар барои мо қонун буд.
Соли 1966 ман баъди хатми мактаби рақами 21-уми ноҳияи Ишкошим (воқеан, имсол бо дастур ва дар ҳузури  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон   бинои нави бисёрошёнаи мактабамон бо таъмини тамоми шароитҳои хониш, таҷҳизоти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд) ҳуҷҷатҳоямро ба факултети педагогика ва психологияи  Институти  омӯзгории шаҳри  Душанбе супурдам. Баъди бомуваффақият супурдани имтиҳоноти қабул ба  шаҳри Душанбе омадам. Пойтахти ҷумҳурӣ бароям чун биҳишти рӯйи Замин  метофт. Аз тамошои шаҳри азизу дилрабо серӣ надоштам. То оғози дарсҳо дар хобгоҳи умумӣ  ҷой доданд. Шароити хобгоҳ бад набуд ва аз ягон ҷиҳат танқисӣ надоштам. Фақат модарам, хоҳарчаам Подшоҳбегим ва муаллимаи дӯстдоштаам Гулчеҳра Азизбековаро пазмон шуда будам. Аз ин лиҳоз, қариб мактабро мепартофтам.  Аммо  насиҳатҳои модарам ва муаллимамон Наимхон Замиров дар гӯшам пайваста садо медоданд: “Духтарам, хон, ту зеҳни тез дорӣ. Модари меҳрубонатон ҳам барои пешрафт дар хонишатон чизеро дареғ намедорад. Ба боварии он хоҳари азизамон сазовор бош!”.  
Соли 1970 мактаби олиро хатм карда, ба ноҳия баргаштам. Ёд дорам, вақте ки савори мошини боркаш ба ноҳия расидам, касе дарак надошт. Мошин дар назди хонаамон истоду ман аз мошин баромадам ва модарам маро дида, моту мабҳут дар ҷояш шах шуда монд.  Ба ҳавлӣ ворид шудан замон, модарам маро ба оғӯш гирифт. Чи роҳате дошт оғӯши гарми модар, хоса агар пазмонаш шуда бошӣ. 
                  
БИБИҲАВО – МУАЛЛИМА, САРВАРИ МАКТАБ
 Рӯзи дигар маро модарам ба мактаб, пеши директор овард. Аз ҳамон рӯз сарпешоҳанг (пионервожатый)-и мактаби №21 таъин гардидам. Дар сафи омӯзгорони собиқам кор карда, аз онҳо бисёр чизҳои бароям навро омӯхтам. Ба ин қаноат накарда, ҳуҷҷатҳоямро ба факултети таърихи  Институти омӯзгории шаҳри Душанбе супурдам. Баъди супурдани имтиҳонот аз фанҳои алоҳида, ки онҳоро ҳангоми таҳсил дар факултети педагогика ва психология хонда будам,  маро ба курси сеюм қабул карданд. Аз соли 1977 чун  омӯзгори  фанни таърих дар ҳамин мактаб ба фаъолият шуруъ кардам.    
– Муаллима Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадоваро хуб мешиносам, – мегӯяд собиқ  сардори  раёсати маорифи вилоят  Хушқадам Асматуллоев. – Дар дарсҳояшон иштирок кардаам. Ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам методияшон дар сатҳи баланданд. Ташкилотчии хуб ҳам ҳастанд. Солҳои мушкили 90-ум сарварии яке аз мактабҳои калонтарини ноҳияро ба  уҳда доштанд ва таҳти роҳбарияшон мактаб пеш рафт. Ҳатто, давраи нобасомониҳо тавонистанд дар мактаб кабинетҳои информатика  ва ЛРСИ-ро бо тамоми таҷҳизоташон ташкил намоянд. Муаллима  то соли 2013 дар ин вазифаи пурмасъул сарбаландона кор карданд. Ҳарчанд ҳашт сол пеш аз ин ба синни ниҳоии нафақа расида бошанд ҳам, вале МИМҲД, шуъбаи маориф  ва коллективи омӯзгорони мактаб ҷавобашон надоданд.
Тули фаъолияташон муаллима  Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадова бисёр шогирдонро тайёр кардаанд, ки ҳақиқатан лоиқи таърифанд.  Имрӯз шогирдонашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти босамар доранд. Ашам Холдорзода, муовини раиси ноҳияи  Ишкошим, Миралӣ Бодуршоев, корманди Дастгоҳи иҷроияи  Президенти  Тоҷикистон, Замирова  Сайёрамо, раиси бахши кор бо занони ноҳия, Амирхонов Гулдасташо, сардори раёсати фарҳанги вилоят ва боз даҳҳо нафари дигар аз мактаби таълиму тарбияи муаллимаи азиз гузаштаанд. 
                       
ОИЛАИ НАМУНАВӢ
– Оилаи  Зеваровҳо намунаи оилаи солим аст,– гуфт дар суҳбат Гулшан Муллоева, раиси КИ ҲХД Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ва афзуд: –  Онҳо дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунанд. Ҳафт фарзандашонро дар руҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон, донистани ҳаққи ҳамсоядорӣ, умуман одамгариву ватандӯстӣ, тарбия карда, ба воя расонданд. Имрӯз боғи  пурмеваашон баҳра дода истодааст. Ҳамаи фарзандонашон дорои маълумоти олӣ ва ҷойи кори хубанд. Гулшод дар яке аз лоиҳаҳои  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳро дар Прокуратураи генералӣ, Дилбар дар  Сафорати  Амрико дар Тоҷикистон, Зулфия духтур, Оина ва Сайёра менеҷерони фурудгоҳи  Внуковои шаҳри  Москва шуда кор мекунанд. Писари ягонаи оила –  Зевар сардори Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи  Ишкошим мебошад.
Муаллимаи меҳрубон Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадова баъди суҳбатамон  ба тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия роҳ гирифт. Ӯро ба конференсияи ҳизбии ноҳия даъват кардаанд. Ба  маслиҳатҳои судманди муаллимаи кордида имрӯз ҳам ниёз зиёд аст. 
Муаллима тамоми пешравиҳояшонро дар кору зиндагӣ, сарчашмаи ҳурмату эҳтиромашонро  дар байни ҷомеа аз баракати модарашон  медонанд ва ҳамеша таъкид  мекунанд, ки ҳар нафари худогоҳу худшинос эҳтироми модарро ба ҷо меорад.  
  
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив