ФАРҲАНГИ ШАҲРНИШИНӢ. АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ ПАРТОВГОҲҲО
Душанбе имрӯз ба туфайли раиси ободкораш куллан дигаргун шудаву ҳар гӯшаи он зеби тамошост. Ман, ки сокини шаҳрам, навгониҳои рӯзафзуни он чашмам мебарад, чи ҳоҷат ба онҳое, ки даҳ-понздаҳ сол шаҳрро надида якбора бинанд. Эътироф бояд кард, ки имрӯз Душанбе макони писандидаи на танҳо мо – тоҷикон, балки меҳмонони берунӣ низ ҳаст. Вале бо вуҷуди ҳама пешравиҳо, мутаассифона, баъзан, бо айби шаҳрвандон ва гоҳе бо бемасъулиятии ниҳоде, камбудиҳои кӯчаке чун доғ намудор гаштаву ҳусни шаҳрро коста мегардонанд.
Сухан аз партовгоҳҳо ва вазъи ногувори онҳо меравад, ки солҳост мегӯему ҳеҷ ҳалли худро намеёбад. Аз кор ба хона меравам. Ногаҳон бӯйи ғализе ба машом мерасад. Мебинам, ки аксар вақт қуттиҳои партов пур, чанд тӯдаи калони дигар дар замин…
Кӯдакамро ба боғча мебарам. Дар роҳ партов, боз бо ҳамон шакли боло. Ӯро ба кӯдакистон монда, сад-дусад қадам дуртар меравам, ин бор қуттиҳо холиву партов дар замин паҳну парешон, бӯи ғализаш нафасгир… Аҷибаш, ин ки акнун одати наве ҷорӣ шуда, партовро алоб мемонанд, месӯзонанд, дар дохили шаҳр, ки садҳо нафар хоҳу нохоҳ ин дуди ғализро бояд нафас бикашанд. Ғайр аз ин, мавсими тирамоҳ, ки сар шуд, дарди наве рӯ мезанад: хазонсӯзонӣ. Ҷо-ҷо чи дар партовгоҳу чи саҳни биноҳо мардум хазонро дар медиҳад… Бовар дорам, хонандаи гиромӣ, ки шумо низ борҳо чунин ҳолро дидаед.
Аҷиб аст, ки чаро идораи коммуналии шаҳр ин ҳолатро зери назорат намегирад? Аксари нуқтаҳои партов дар наздикии кӯдакистонҳоянд. Магар намеандешанд, ки дар сурати сари вақт тоза нашудан, бӯйи партов ба саломатии кӯдакон зарар хоҳад расонд? Ҳоло ҳоҷат ба ҳоли зори калонсолону нафарони бемор нест.
Мо – шаҳрвандон, одат кардаем, ки гуноҳро ба сари сохтори марбута бор кунему ба ҳамин ҷони худро халос. Вале бемасъулиятии худамон пушти парда мемонад. Аксар вақт партов, ки овардем, ду-се кадами дигар монда даруни қуттӣ андохтани он магар мушкилӣ мекунад, ки сари роҳ мепартоему меравем. Ҳарчанд ҳамон роҳ гузаргоҳи худи мову атрофиёни мост.
Мушкили дигар сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳост. Чаро шаҳрвандон ҳам маблағи партовро пардохт намоянду ҳам бӯйи ғализи онро нафас гиранд? Кӣ бояд пеши роҳи алоб дар партовгоҳҳоро гирад, ки акнун ба ҳукми анъана даромаданист? Имсол бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ чанд партовгоҳи атрофи кӯдакистонҳо, ки ҳоли ташвишовар доштанд, тоза карда шуданд. Дигар партовгоҳҳоро кӣ бояд назорат кунад? Агар партов бо ҷурми шаҳрвандон берун аз қуттист, чаро идораи сохторҳои дахлдор бо насби камераи назоратӣ чанд нафари онро ҷарима намекунад, то ба дигарон дарс шаваду одоби шаҳрнишиниро риоя кунанд? Масъулонро мебояд сари ин саволҳо андеша кунанд ва дар амал пайрави иқдомҳои созандаи раиси муҳтарами шаҳр бошанд, зеро шоҳидем, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти кишвар, ки оинаи Тоҷикистон аст, тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар истифодаи мизоҷон қарор додани мошинҳои барқӣ маҳз ба хотири ҳифзи тозагии ҳавост. Дарахтшинониву кабудизоркунӣ аз ташаббусҳои дигареанд, ки Душанберо ба шаҳри сабз табдил додаанд.
Дар радифи он қадар корҳое, ки анҷом меёбанд, ислоҳи ин камбудӣ имконпазир аст, агар масъулият бошад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»