ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁДЕ АЗ «МАВҶИ ГУЛ»-И МОДАРАМ

ЁДЕ АЗ «МАВҶИ ГУЛ»-И МОДАРАМ

05 ноябр 2024, Сешанбе
0
0


Баҳори бистум аст, ки фасли гулу булбулро бе модари азизу муътабарам истиқбол мегираму дар симои ҳар як кампири кӯҳистонии кишварамон он касро мебинам. 
Модарам Мавҷигул ном дошту шоиртабъу ҳунарманди мумтози нотакрор буд. Пайваста бо шеър ҳарф мезад, шеърҳои ҳаҷвӣ мегуфт… Мисраъҳои парокандааш дар ёдҳо мондаасту халос. 

Ӯ ҳунарманд буд, ҳунарманди нақш (нахш). Рӯз дар корубори хона ва зиндагӣ банд буду вақтҳои холӣ ва шабҳо ба нақшдӯзӣ шуғл меварзид. Ӯро на танҳо дар деҳа, балки музофот аз рӯи ин ҳунараш нағз медонистанд ва иззату ҳурмат мекарданд. Дӯхтани чодар, руҷӯ, оинахалта,тоқиҳои гуногун, куртаи чакан, васкат, рӯймоли чакан, почаи чакан, сарчоқ, таксарӣ ва рӯйпӯши чойник шуғли дӯстдоштааш буд. Ҳоло маҳсули меҳнату эҷодаш дар баъзе хонаҳои деҳаву ҳудуди музофотро зинат мебахшанд.
Чун шабонгоҳ ба дӯхтани нақш мепардохт, мо – кӯдакон, хурсанд мешудем. Дар болои рахти хоб афсонаву шеъргӯиҳои ӯро гӯш карда, аз дӯхтанаш ҳаловат мебурдем. Гоҳо дар байни афсонаву шеъру нақши косагулу гулҳои гулдӯзӣ хобамон мебурду модарамон дар афсонагӯӣ…
Гоҳе  дар байни нақлу афсонагӯӣ моро ғанаб мебурд ва чун бедор мешудем, модарро дар сари коргоҳаш дар даст сӯзану сар болои косагули нақши гулдӯзию чакандӯзӣ хам медидем. Ӯ дар гуфтани ҳар як афсона ва нақл шеъру суруди марбутаро замзама мекард, баъзан дар ин маврид беихтиёр оби чашмонаш мерехт…
Чун аз номи нақшҳои чакан аз ӯ мепурсидем ҳамаи эҷоди гулу паҳлуҳои нақшро ба мо шарҳ дода, мефаҳмонд. Замин, Офтоб, Моҳтоб, ситора, кунгура, айвон, ова, косагул, панҷа ва ғайраҳо номҳои ҳар як нақш буда, ба онҳо бо ранги риштаи шоҳӣ ба дил суҳбат мекард. Мазмуну маъно ва мақсади ҳар як рангро дар нақши матоъ таҳлил карда, ба мо мефаҳмонд. Аз нақли ӯ бармеомад, ки ҳар як гули нақши чакан ва ё гулдӯзиҳои дигар рамз, меҳру муҳаббат ва дилбастагии инсон бо табиати зебо, замину об, кайҳон, зиндагӣ ва ҳаёти хушу хуррамро дар худ таҷассум мекунанд. Хусусан, косагулҳои Офтобу Моҳтоб ва ситораҳо дар нақш маънии махсус доранд…
Ӯ ба чакандӯзиву гулдӯзиҳояш нарх намемонд. Музд ҳам талаб намекард. Касе чизе барояш, ба ибораи худаш, «сафедӣ»-и дастмузд меовард, ҳамон басанда буд. Лавозимоти дӯхтаашро ҳеҷ гоҳ намефурӯхт ва ҳеҷ касро ноумед намекард… Ин буд, ки аксар писарону духтарон ва зану мард дар ид ва тую сури деҳа ва музофот аз либос, тоқӣ, рӯймоли миён ва ё дигар нақши дастонаш баҳравар мешуданд.
Аз файзу нусрати дастони ӯ мо – фарзандон ва аҳли оилаамон мудом баҳравар мешудем. Дастархонамон кулчаву шириниву «сафедӣ»-ҳои дигар дошт…
Афсус ва сад афсус, ки ҳунари ӯ танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қадр пайдо кард, худшиносиву худогоҳӣ роҳу равиш ёфт, ки «сабзаи болои гӯраш як ваҷаб аст»… Озмуну чорабиниҳои «Чакан» ва «Таронаи чакан» пайдо шуданд. Ҳунарманд бақадр шуд. Хушбахтона, имрӯзҳо фарзандон, набераву абераҳо ва шогирдони зиёди ӯ ҳунарашро идома дода, хотири ӯ ва гузаштагони ҳунармандашро идома ва пос медоранд…
Банда тамоми комёбиҳои худро аз заҳмату бедорхобиҳо, тарбияву ҳидоят ва дуоҳои модарам Мавҷигул медонам. «Мавҷи гул»-е, ки номи аслан тоҷикии зебову ҳидояти неку дуоҳояш барои ман ва чанде дигарон зиндагии гуворои бобаракат, хушбахтиву ангораҳои неки ҳаётӣ овард…

Амир Сайиди МУНКӢ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив