ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ҶУСТУҶӮИ ЧЕҲРАИ ОРМОНИИ МОДАР

ДАР ҶУСТУҶӮИ ЧЕҲРАИ ОРМОНИИ МОДАР

05 ноябр 2024, Сешанбе
30
0


 
Дар кори эҷодӣ ҳамаи онҳое, ки зебоӣ меофаранд, аз ҷумла, шоирону рассомон, сарояндагону навозандагон як симои намунавӣ ё ҳамон идеалӣ меҷӯянд. Чеҳраеро мехоҳанд зинда бубинанд, ки ҳама хубиву хуҷастагиҳо дар ӯ ҷамъ омада бошад. Албатта, ёфтани чунин инсони воқеӣ, ки Мавлоно ҳам дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустуҷӯ мекард, амри муҳол аст ва дар бештари маврид танҳо образи бадеӣ боқӣ мемонад. Яъне, эҷодкор аз чанд симо, аз чанд хӯю хислат, аз чанд зоҳиру ботини дидаву санҷидааш як чеҳраи баркамоли адабиву эстетикӣ месозад, ки барои хонандааш намуна гардад.
Аммо ман чунин одами хубу намунавиро дар мисоли модари арҷманде ёфтам. Ҳарчанд ки Ҳофиз қотеона мефармояд: “Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст, Оламе аз нав бибояд сохт в-аз нав одаме”, - вале ман чунин инсони шарофатмандро дарёфтаам.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад тобистони соли 2020. Ногаҳон меҳмони рустои Басманда шудам. Моро рӯзноманигори ҷавону пурталоши ин деҳа Фарзона Муродӣ ба хонааш даъват кард. Як гурӯҳ хомакашон меҳмони ӯ будем. Дар дил оромиш надоштам, зеро бояд ба маҳаллаи дигари деҳа, ба аёдати модари ҳамкорам Зафарҷон мерафтам. Чанд моҳ қабл онҳо падарашон - муаллим Рустамҷонро аз даста дода буданду модари бечора ҳавлибон.
Баъди нӯшу хӯр бо иҷозати соҳибхона нахустин бор ба дидори модари бародарам Зафарҷон рафтам. Маро ҳамсояи Фарзона, омӯзгор Зиёдуллоҳи Ҷӯра ҳамроҳӣ кард. Аз дар даромадаму кадбонуи хона маро оғӯш кард, сар ба кифтонам гузошта, инони гиряро сар дод. Гӯё ӯ маро ҳам дар радифи чор писараш интизор буд. Муштоқ буд, ки биёяму алами кадхудоро ҳамроҳ гиря кунем. Ин барои ман сахт ҳайратовар ва шодибахш ҳам буд. Оне, ки дар зиндагӣ боре ҳам надидамаш, маро ҳамдарду ҳамалами хеш дониставу ашки пурқимат аз гавҳарашро дар оғӯши ман мефишонд. Ғоибона ҳамдигарро медонистем, медонистам, ки модари чунин писарони дарёдилу сабур бояд бонуе бошад покмазҳару покизаҷон. Аммо ҳеч гумон надоштам, ки дар чеҳраи ин модари нуронӣ ҳамон образ ё идеали аслии модари тоҷик, ҳамон маншаи эҷоду ибтикорро меёбам. Номаш ҳам бо номи бибии шодравони ман яке будааст: Хайринисо.
Шояд як эҷодкори дигар ба ин симо танҳо аз як зовия бингарад ва танҳо як вижагии ӯро барои тасвиру тандис интихоб кунад, аммо дар назаргоҳи ман модари асили рустоӣ, бонуи қавии кӯҳистонӣ, соҳибхоназани матину хушчеҳра бояд чунин мешуд. Даҳҳо шеър дар васфи модар навишта бошам ҳам, вале образи марказии он бештар сохтаву бофта аз вижагиҳои чандин модарони тоҷик буд, ки дар суҳбаташон нишаста, аз ҳар яке чизе барои худам нигоҳ дошта будам. 
Масалан, аз момои ҷониби модар ин масал дар гӯшам садо медод, ки ҳар гоҳ аз одамону кори дунё дилгир шавад, ба забон меовард: “Дилам барин дил наёфтам, худам барин одам”. Ин гуфтаи дар назар содаро ба як дубайтӣ табдил додам: 
Ба монанди дили худ дил наёбӣ,
Чу ҳавлии падар манзил наёбӣ.
Нишинӣ бо хирадмандони дунё,
Ба мисли модарат оқил наёбӣ.

Аммо дар рафтору гуфтор ва кирдори модари Хайринисо ҳама хуҷастагиҳои модар ҷамъ омада буданд. Дуоҳояш бисёр зебо, мисли шеър садо медиҳанд, бо шеваи ширинаш вожаҳоро мисли марворид мечинанд ва гумон мекунӣ, ки тарона сар шуда. Ин ҳамон касе буд, ки ман дар афсонҳо, дар хаёлҳо барои худ офарида будаму тасаввур мекардам: пайкари наҳифу чеҳраи гарм, сохти рӯи ориёӣ, чашмони аз ғам варамидаи ба замин дӯхта, ранги сапеди каме ба заъфарон моил (шояд ин зардӣ ранге аз дарду доғҳои дар зиндагӣ чашидаш ба рӯ зада бошад), дар сар ҳамеша қарси сапед, дар тан пироҳани сапед ё ҳадди ақал хокистарии ороёфта бо гулҳои сапед, дар поҳо пайваста маҳсиву калӯш, қадаммонии зуд-зуд аз беқарорӣ, камсухание, ки дар садои ҳазин баён ёфта, вожаҳои охирини гапҳояш шунида намешаванд, буғзаш амон намедиҳад, то бидуни гиря ҳарф занад, садояш танҳо ҳангоми муроҷиат ба набераҳои шӯхаш баланд мешавад, он ҳам дар ҳадди меъёр, хандаи беовозе, ки охираш бо пӯшидану ду чашму ашки ҷӯшон ҳувайдо мегардад, табассуми малеҳ, ки бо газидани як нӯги қарси сапед хулоса мешавад, дар дастони кӯчаку дуогӯяш ҳамон асои кӯчаку хушсохте, ки ҳама пиразанҳоро бо чунин асо дар ёд дорем.
Ман ин манзара, ин симо ва гуфторро дида, ростӣ ба ҳаяҷон омадам ва забонам ба вожае нагашт. Чанд сония сархуши чунин дидори муборак меистодам, ки хайрият, омӯзгори маро то ин хона роҳбаладшуда, маро ба худ оварду ишора фармуд, ки бояд дуову фотеҳа хонда шавад. Зуд ба худ омадам ва дарк кардам, ки аҳли ин хонавода навмотаманд. Бо вуҷуди ин ки модар ба ҷону дил моро ба кати ҳавлӣ мехонду як пиёла чойро ғанимат медонист, аммо камии вақт ва интизории ҳамроҳонро пеш оварда, зуд аз дарвозахона берун шудем.
Минбаъд, ки равуо кардем, меҳмонашон шудаму меҳмонамон шуд, рафоқати хушоянди модариву писарӣ дар дилҳои мо маъво гирифт, оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки чунин таносуби зоҳири зеборо бо замири пок танҳо Худои болутф ба вуҷуд оварда. Модари Хайринисо дар асл ҳам меҳмоннавоз, меҳрубон, ғамхор, ранҷкаш, боғбони чирадаст, кишоварзи чашмикордон, пазанда, дӯзанда ва хушдомани арҷманд ҳам буда. Дар зиндагии дурӯза пайдо шудани ин модари фарзонаро барои худ илтифот ва кашфиёт медонам, бале кашфи одамгариву шоирии ман дар чанд соли охир ҳамин асту бас!
Аз ин ба баъд ҳар вақте аз мавзуи модар суҳбат мешавад ё аз модар бо сӯзу гудоз дар маҳфиле чизе гуфтаниву навиштанӣ мешавам, ҳамин симои неку наҷиб, ҳамин чеҳраи нотакрор пеши назарам меояд. Эҳсос мекунам, ки бо гузаштани чор соли модариву писарӣ бо ин кадбону то ҳанӯз таъсиру тамкинаш дар ман ҷорист. Бале, то ҳол беҳтар аз ӯ образи мукаммали модарро наёфтаам, вале савол ин ҷост, ки чунин чеҳраи ҳумоюн дар шеъре ё дар ҳикояву қиссае ба таври комил тасвир кардаам? Мегӯям, ки не! Бо ҳама ҷамолу камол ба риштаи тасвир овардани ин модари азиз амри муҳол аст!
Бахти баландам ин аст, ки агар ҳам дар шеър, дар кори ҳунарӣ пайкараи ҷовиди модарро насохтаам, аммо зиндаву саломат ӯро дорам ва барои ин аз Яздони доно сипосгузорам!

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив