ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МУВАФФАҚОНА

КОНСТИТУТСИЯ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МУВАФФАҚОНА

05 ноябр 2024, Сешанбе
5
0


Сиёсати хориҷӣ – ин самти афзалиятноки давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Он муносибати давлатро бо дигар давлатҳо дар доираи принсипҳо ва мақсадҳое, ки тавассути восита ва мақсадҳои гуногун амалӣ мегарданд, танзим менамояд. Сиёсати хориҷӣ роҳу восита ва равандеро дар худ дорост, ки тавассути он давлат бо дигар давлатҳо бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои худ ҳамкориҳои якҷояро ба роҳ мемонад. Мақсади асосии сиёсати хориҷӣ ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, то кунун дар ин самт музаффариятҳои калон ба даст омадаанд. Ин дар ҳолест, ки  аз соли 1991 Тоҷикистон ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ вориди саҳнаи сиёсати ҷаҳон гардид. 
Заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ, Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ, Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ», «Дар бораи хизмати дипломатӣ”, “Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, “Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрӣ ташкил медиҳанд.
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими низоми ҳуқуқии он буда, заминаҳои ҳуқуқии устуворро барои густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фароҳам меоранд. Нақши санадҳои дахлдори сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди пояи устувори низоми муосири ҳуқуқии давлат бениҳоят назаррас аст. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар  танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сохтори хадамоти дипломатӣ мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, инчунин дар муайян намудани мавқеи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ низ саҳми бориз дорад. Моддаи 11 Конститутсия: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад” тасдиқи ин гуфтаҳост. 
Конститутсияи кишвар пешбинӣ кардааст, ки Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати муҳими суханронии худро ҳанӯз дар иҷлосияи XVIII Шурои Олии ҷумҳурӣ аз 28-уми декабри соли 1993 ба роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ бахшида, зарурати таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда буданд.
Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади сиёсиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакатро бо назардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Ин ҳуҷҷат принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии эътирофнамуда муайян менамояд. Эътирофи баробарӣ ва эҳтироми истиқлолу тамомияти арзии кулли кишварҳои олам, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, иҷрои уҳдадориҳои аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеомада, напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ аз мисолҳои барҷастаи онҳо мебошанд.
Қонуну санадҳои дахлдори қабулшуда дар самти татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, бахши муҳиме аз низоми ҳуқуқии кишварро ташкил медиҳанд ва дар такмилу ташаккули пояҳои ҳуқуқии фаъолияти ходимони дипломатӣ нақши назаррас доранд.

Раъно НАСРИДДИНОВА,
донишҷӯи ДМТ, барандаи “Шоҳҷоиза”-и Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (соли 2020)

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив