ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ ПОЙДЕВОРИ КОХИ БАЛАНДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

КОНСТИТУТСИЯ ПОЙДЕВОРИ КОХИ БАЛАНДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0


Агар масири бисёр мураккаби эъмори давлатдории навину соҳибистиқлоли миллиамонро ба ҷараёни бунёди кохе баланду муҳташам ташбеҳ диҳем, бешак, таҳия, баррасӣ ва қабули умумихалқии Конститутсияи соли 1994 дар ин раванд пойдевори ниҳоят мустаҳкаму паҳновареро мемонад, ки тамоми шоҳкориву дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мо рӯйи асосҳову меъёрҳои башардӯстона ва эҳёбахши анъаноти миллии он қомат афрохтаанд.
Имрӯзҳо, вуҷуди ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти ин диёри фарзонахез ва баҳраманд аз маърифати ҳуқуқӣ аз эҳсоси шарафу ифтихор лабрез аст, ки миллати фарҳангиву соҳибтамаддуни мо 9-уми сентябри соли 1991 ба наҷибтарин дастоварди таърих, неъмати бебаҳову волои ҳаёт, рамзи асолату ҳувият, шарти бақои миллату пойдории давлат, заминаи устувору зарфияти томи татбиқи ормонҳои миллӣ, фурсати деринтизори бунёди кохи баланду бегазанди соҳибдавлатӣ – истиқлоли сиёсӣ мушарраф гардид.
Вақте ба раванди ташаккули давлатдории навини халқи тоҷик таваҷҷуҳ мекунем, ба таври возеҳ собит аст, ки поярезии аркони ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷангӣ, дастёбӣ ба оташбаси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ваҳдати комили миллӣ, амонбахшии истиқлоли давлатӣ аз таҳдидҳои дохиливу таъсироти хориҷӣ, эъмори дурбинонаи низоми ҳуқуқии ҷавобгӯ ба тақозову арзишҳои миллати озодаву фарҳангӣ, барқарорсозӣ ва тақвияти муназзами иқтисоди миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддуни меросӣ ва дигар унсурҳои муҳими давлатдории навину мустақили миллии мо ба иқдомҳои ҷасуронаву қотеонаи фарзанди фарзонаву ҷонфидои миллат, баҳраманди домони пурмеҳру тақдирбахши Модари фозилаву қаҳрамон, меросбари фарҳанги деринбунёди давлатдории ниёгон, Пешвои дардошнову маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқу бебаҳс дорад.
Дар он шароити бисёр ҳассос ва нобоварии аксари давлатмардон ва нухбагони ҷомеа ба ояндаи дурахшони давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ роҳи наҷотро дар сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамдилии халқи кишвар, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идоракунӣ, мақомоти босалоҳияти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идоракунии давлатӣ дарёфтанд, ки қодир бошад халқро аз парокандашавӣ ва ниҳоли навбари давлати тоза ба истиқлол расидаро аз боди хазон, аз хавфи нестшавӣ эмин нигаҳ дорад. Дар зимн, бо азме росиху мушкилнописанд, руҳияи умедворонаву масоилзудо, рисолате таърихиву қаҳрамоние бемисл даст ба кору эъмори аркони муназзаму устувор ва равнақбахши тадриҷии соҳаҳои давлатдории миллии мустақил шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ливои сулҳу осоиш ва роҳбарии Сарвари умедбахшу Пешвои наҷотбахши миллат роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро бо низоми идории президентӣ баргузида, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гардид.
Нақши боризу мондагори Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули Конститутсия қобили зикри хос аст. Зеро, маҳз пас аз Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсия аз нав ба миён гузошта шуда, марбут ба ин муқаддасоти давлатӣ қарорҳои зарурӣ қабул карда шуданд. Метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда натиҷаи татбиқи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олист, ки бо қабули он заминаи устувори ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти шохаҳои ҳокимият фароҳам оварда шуд.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳои воридшуда мазмуну муҳтавои он, низоми қонунгузории кишварро такмил ва роҳи минбаъдаи давлатдории миллиро муқаррар сохтанд.
Дар натиҷаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз дар Иҷлосияи таърихӣ, роҳандозии ташаббусҳои созандаву сулҳҷӯёна бо сарварии Раиси ҷавону пурғайрати Шурои Олӣ ва баъдан (соли 1994) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Бо вусъати якдилонаву дастаҷамъонаи корҳои ободониву созандагӣ, симои шаҳру навоҳии кишвар ба таври ҳаяҷонбарангез дигар шуда, Душанбеи гулпераҳану нозанин чун ахтари пурҷилову чашмрабои осмони бекарон бисёр дилфиребу фараҳафзо гардидааст. Хоса бо ифтитоҳи тозаи биноҳои хуштарҳу муосири Ҳукумати мамлакат ва Парлумони кишвар ба ҳусни пойтахти кишвар шукӯҳу ҷалоли хоса зам гардида, дар замири ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти кишвар меҳру садоқати безавол ба ин сарзамини биҳиштмаъво ва сиёсати хирадбунёду ояндасози Пешвои муаззами миллат афзоиши рӯзафзун дорад.
Ҳамин тавр, аз баракати ҳамдиливу сулҳу субот ва татбиқи бомароми сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат, аксари аҳдофу вазифаҳои ҳуқуқии аз ибтидо таъйиншуда, монанди таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳаёти осудаҳолонаву шароити зиндагии арзандаи халқ ва ташкили фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар фарози диёри хушманзару сарзамини таърихии мо ҷомаи амал пӯшиданд. 
Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Мусаллам аст, ки интихоботи озод, волоияти қонун ва парлумони касбӣ аз муҳимтарин рукнҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, рушду нумуи ҳар кишвари соҳибистиқол маҳз бо мусоидати мақоми намояндагӣ ва қонунбарор, яъне парламент таъмин мегардад.
Парламентаризми Тоҷикистон дар партави сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум инҷониб ба зинаи нави ташаккул – давраи «парлумони касбӣ» ворид гашта, дар доираи 5 даъват ва фаъолияти густардаи қонунэҷодкунӣ, ҳамкориҳои боровари байнипарламентӣ баҳри таҳким ва рушди Тоҷикистони демократӣ ва иҷтимоӣ мусоидати комил намуда истодааст.
Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки парлумони кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад. Зеро яке аз омилҳои муҳими ҳимояи истиқлолияти кишвари тозаистиқлол ташаккули ғояи давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллист. 
Таҳия, баррасии умумихалқӣ, қабулу ислоҳоти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» марҳалаи тозаву шуҳратбахше дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумони касбии кишвар маҳсуб меёбад.
Тавассути қонунҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии кишвар ислоҳоти бузурги таърихӣ амалӣ карда шуд, ки дар пасманзари он афзунсозии сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини шароити зиндагии арзанда, солимии ҷисму афкори наслҳои миллат, парвариши фарзандони донишвару ихтироъкор, меросбарони шоистаи фарҳангу тамаддуни оламгир ва таҳкими пояҳои давлатдории мустақили миллӣ мадди назар аст.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ истиқлоли давлатӣ ва дигар дастовардҳои миллиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровард ва дар самти сохтани як давлати амну амон, демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ташкили мақомоти олӣ ва маҳаллии давлатӣ, пеш гирифтани роҳи эъмори ҷомеаи адолатпарвар, равобити хуби байналмилалӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаҳои мухталиф хидмат намуд.
Дар партави таъкидҳои пайваста, иқдомҳои саривақтиву таърихофар, ҳидоятҳои ҳакимонаи Сарвари хирадрою Пешвои дардошнои миллат, метавон ибрози итминон намуд, ки бо зуҳури масъулияти томи шаҳрвандию фарзандӣ аз ҷониби мо – масъулони имрӯзу ояндаи миллату давлат, ходимони давлатӣ, мақомдорони зинаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ, аҳли зиё, илму маориф ва фарҳанг, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ – баҳрамандони Мактаби беназири давлатдории Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомароми барномаву аҳдофи стратегӣ, сиёсати ҳуқуқии давлат, тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун асоси маҳви зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, таъмини пойдории истиқлолу озодӣ, шукуфоии беш аз пеши мамлакат, рушди устувори соҳаҳои хоҷагидорӣ, Конститутсия чун бахтномаи ормонӣ ва ояндаафрӯзи миллат барои садсолаҳо равшангару зиёбахши масири рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва боландагии мудоми халқи озодаву сарафрози тоҷик боқӣ хоҳад монд. 

Раҳмон Дилшод САФАРБЕК,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои 
конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, 
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив