ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ. МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ РОҲИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОНРО МУАЙЯН СОХТАНД

ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ. МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ РОҲИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОНРО МУАЙЯН СОХТАНД

08 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


6-уми ноябри соли 1994 дар саросари ҷумҳурӣ иди умумихалқӣ тантана кард ва мардум бо раъйи худ роҳи минбаъдаашро интихоб намуд. Қабули Конститутсия ва интихоботи Президент дар як вақт иттифоқ афтод, ки сохти давлатдориро муайян ва ҷомеаи қонунмеҳварро асос гузошт. Инак, аз он санаи фархунда сӣ сол сипарӣ мегардад, ки дар ин муддат Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаккулёфта дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд.

Тибқи маълумот, он замон аз беш аз 2 миллиону 500 ҳазор нафаре, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доштанд, 90 дарсадашон раъй доданд. Овози 60 фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлатро ба маснади президентӣ нишонд ва расман халқ барои панҷ соли оянда Роҳбари худро интихоб намуд. Ҳамонеро, ки қабл аз қабули Конститутсия ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва амалӣ намудани он сухан ронда, таъкид намуда буданд: «Имрӯз ҳамаи мо набояд як масъаларо фаромӯш кунем, масъалаи манфиату оромии мардум. Мо дар асоси иродаи халқи хеш давлати нав бунёд мекунем. Мо дигар намегузорем, ки аз бесалоҳиятию ноуҳдабароии давлатдорон мардум ба гирдоби оқибатҳои фалокатовар гирифтор шавад». 
Ин қавл дар назди халқ буд. Барои амалӣ сохтани он Сарвари давлат муътакид буданд, ки танҳо қабули Қонуни асосӣ метавонад роҳи ин ҳама бесарусомониро бигирад.   
Қаноатмандиву хушнудии Президенти тозаинтихоби мамлакатро дар суханронии 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи  XXI Шурои Олӣ мебинем, ки қабули Конститутсияро воқеаи бузург дар таърихи давлатдориамон арзёбӣ менамоянд: «Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, Президенти ҷумҳуриро интихоб намуд… Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки рӯзи интихобот ва қабули Конститутсия, ба иди ҳақиқии дӯстию бародарии мардуми сермиллати ҷумҳурӣ, ваҳдати мардум ва ягонагии халқи Тоҷикистон табдил ёфт». 
Дар ҳақиқат, ҳамин Конститутсия якпорчагии мамлакатро муайян карда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дод.  Мардуми Тоҷикистон аввалин бор санади ҳуқуқиеро қабул намуд, ки он манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ифода мекунад. 
Чун ҳамеша Президенти мамлакат боз ҳам ба мардум рӯ оварданд: «Халқ чун кӯҳи азимест, ки ман ба он такя карда, барои ободии Ватанам хидмат хоҳам кард». Дар он суханронӣ  бо  қабули  Конститутсия Президенти мамлакат дар назди Ҳукумат чанд масъалаи муҳимро гузоштанд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар аз ин омилҳо вобастагии амиқ дошт: 
1) тезондани суръати дигаргуниҳои иқтисодӣ;
2) вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ; 
3) бо мақсади таъмини самаранокии кор, аз ҷониби сохтори идоракунӣ муайян намудани ҳуқуқ ва масъулияти мақомоти марказии ҷумҳурӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ; 
4) ҳалли масъалаи системаи пулии ҷумҳурӣ, ки бе рафъи он комил донистани истиқлоли давлатӣ ғайримумкин буд; 
5) танзими нархҳо;
6) муҳайё кардани шароит барои инкишофи моликияти давлатӣ ва шахсӣ;
7) ҳамроҳ шудани корхонаҳои давлатӣ ба раванди иқтисоди бозорӣ.  
Таври маълум, пояҳои иқтисодии давлат заиф гашта буд ва Ҳукумати малакатро мебоист, сарфи назар аз вазъияти душвори сиёсӣ, иқтисодиёти мамлакатро равнақ диҳад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар суханронии аввали худ чунин вазифагузориҳоро афзал донистанд.   
Ҳамин тавр, 6-уми ноябр дар таърихи навини тоҷикон аз санаҳои мубораке маҳсуб меёбад, ки халқ ҳам ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва ҳам Президенти худро интихоб кард. Ин интихоб бо гузашти сӣ сол ба дурустии худ муҳри тасдиқ зад ва тибқи Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ташаккул ёфт ва Президент ҳомии Конститутсия аст.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив