ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАФТ ВИЖАГИЕ, КИ БОЯД ДОНИСТ

ҲАФТ ВИЖАГИЕ, КИ БОЯД ДОНИСТ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
1
0


Якум. Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар гуна кӯшиши ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бар хилофи тартибе, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, ҳамчун амали ғайриконститутсионӣ ва ғасби ҳокимият эътироф мегардад.
Дуюм. Конститутсия қонун оид ба таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад.
Сеюм. Конститутсия қонунест, ки тибқи он маҳдуд сохтани ҳокимияти давлатӣ ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сурат мегирад.
Чорум. Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ ва таъмин мекунад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия, инчунин меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки тибқи онҳо таҳрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ карда мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад.
Панҷум. Конститутсия қонунест, ки он суботи сиёсӣ ва тартибу низомро дар давлат таъмин мекунад.
Шашум. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки сохтори давлатии Тоҷикистон тавассути он бо роҳи таҳкими арзишҳои бунёдӣ ба худ шакли муайян мегирад. Конститутсия арзишҳои асосии давлату ҷамъият ва тартиби ҳифзи давлатии онҳоро муайян мекунад.
Ҳафтум. Конститутсия ин маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқии дигар бояд бо онҳо мутобиқати том дошта бошанд. Яъне, Конститутсия маҷмуи «меъёрҳои мутлақ» ва «меъёри меъёрҳо» мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсия ба сифати қонуни фарогири тамоми қаламрави давлат, дорои эътибори олӣ, таъминкунандаи ваҳдати сиёсии халқ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқии давлат эътироф мегардад.

Аз «Тафсири илмию оммавии 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
(Душанбе: «Шарқи озод», 2009)  

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив