ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ДУШАНБЕ ТО ТЕҲРОНУ МОСКВА. БОЗТОБИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАО-И КИШВАРҲОИ ГУНОГУН

АЗ ДУШАНБЕ ТО ТЕҲРОНУ МОСКВА. БОЗТОБИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАО-И КИШВАРҲОИ ГУНОГУН

08 ноябр 2024, Ҷумъа
14
0


Вобаста ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси байналмилалии парлумонӣ дар шаҳри Душанбе аз муҳимтарин чорабиниҳое буд, ки барои муаррифӣ ва шинохти дигарбораи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд нақши мунир гузошт. Дар он роҳбарони парлумонҳои 11 кишвар иштирок карданд. Кори Конфронс дар сомонаҳо ва агентиҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид. 
Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон – ИРНА менависад, ки Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар раъси як ҳайати порлумонӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гардид. Агентӣ иттилоъ медиҳад, ки Муҳаммад Боқири Қолибоф аз сафар ба Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун миёни ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда мегӯяд: “Аз он ки фурсате фароҳам шуд, то даъвати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амаливу дар кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон ҳузур пайдо кунам, хушҳолам. Солҳое буд, ки майли сафар ба Тоҷикистонро доштам. Чунки мардуми Эрон бисёр эҳсоси бародарӣ ва наздикӣ нисбат ба кишвари Тоҷикистон дорад. Далели он ҳам иртиботи тамаддунӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва таърихӣ байни Эрон ва Тоҷикистон  аст”.  
Ҳамчунин, дар гузориш омадааст, ки Қолибоф бо ишора ба шароити мавҷуда дар минтақа ва ҷаҳон баён кард, ки бидуни шак, иртиботи наздик байни ду кишвар ва нишастҳову дидорҳо осоре дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ, хоҳад дошт.    
Дар маводи нашрнамудаи ИРНА зикр шудааст, ки ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро, ҳамчунин, дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.    
Дар як гузориши Агентии иттилоотии Россия, ТАСС зикр шудааст, ки Валентина Матвиенко, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз дар ҳамин шароит мо нақши бунёдии Конститутсияро ҳамчун рамзи қудрату истиқлол, асоси рушди устувори давлат ва ҷомеа дарк мекунем. 
Ҳамчунин, зикр мешавад, ки мавзуъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буданд. 
Агентии иттилоотии байналмилалии “Казинформ” (www.inform.kz), ки ба Ҷумҳурии Қазоқистон тааллуқ дорад, кори Конфронсро ба таври густурда инъикос намудааст. Дар сомонаи он хабару гузоришҳо аз рафти вохӯриҳои ҳайати парлумонии Қазоқистон бо намояндагони сатҳи олии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардидааст. Аружан Сердалина, хабарнигори ин ниҳод, менависад, ки Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ, ки дар Тоҷикистон гузашт, иштирок намуда, андешаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки порлумонҳо даъват шудаанд, то субот ва пешгӯии низоми ҳуқуқиро таъмин кунанд, ба чолишҳои нав сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ба миёномадаро пайдо созанд.
Дар расонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ зери унвонҳои “Танзила Норбоева дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ ширкат дошт” ва “Дар Душанбе Конфронси байналмилалии парлумонӣ ҷараён дорад” ва ғайра хабару гузоришҳои зиёде нашр шудаанд. Дар гузоришҳои мазкур омадааст, ки дар Конфронси байналмилалӣ доир ба татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт. Инчунин, зикр шудааст, ки ҳадафи Конфронси байналмилалӣ густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва муколамаи байнипарлумонӣ мебошад. Дар ҷараёни Конфронс таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва ҳуқуқи муқоисавӣ таҳлил карда мешавад. Дар охир гуфта мешавад, ки дар ин дидор раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева изҳор дошт, ки равобити дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тавсеа меёбанд.
Расонаи АЗЕРТАДЖ (Azertac https://azertag.az/ru) ҳам бо сарлавҳаи “Сохиба Гафарова: Мардуми Озарбойҷону тоҷик таърих, фарҳанг, дин ва арзишу анъанаҳои муштараки худро муттаҳид мекунанд” маводе нашр намудааст, ки дар он аз иштироки Раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон дар кори Конфронси байналмилалии парлумонӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.  Дар гузориш омадааст, ки Сохиба Гафарова зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ аъзои парлумон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ҳамчунин, ӯ иброз медорад, ки Озарбойҷон ҳамаи муваффақиятҳои Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳо баҳои баланд медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки халқҳои мо ҳамеша дар шароити сулҳу осоиш, дӯстӣ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ мекарданд. 
Ҳамин тавр, дар расонаҳои 11 кишвари иштирокчии Конфронси байналмилалии парламентӣ маводи зиёде нашр шуд. Инъикоси Тоҷикистон аз дурбини онҳо баёнгари эътирофи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти қонунмеҳвар ва сиёсатмадори пуртаҷриба мебошад. Дувум ин, ки ҳайатҳои порлумонии кишварҳои ҳузурдошта дар ҷараёни Конфронс дарк карданд, ки таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи ислоҳоти конститутсионии Парлумони Тоҷикистон қобили омӯзиш аст. Сеюм, ин Конфронс, ки бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, хотираҳои рангине аз қалби Меҳан – Душанбе, барои иштирокдорон эҳдо намуд. Ин нуктаро метавон аз матолиби нашрнамудаи сомонаҳои хориҷӣ пай бурд. 

Шодмон АБДУРАҲИМ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив