ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЗЕРБИНОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ АСТ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЗЕРБИНОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ АСТ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0


Мусаллам аст, ки барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун масъалаи меҳварӣ шинохта мешавад. Зеро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти моро дар тамоми самтҳо ба танзим дароварда, ҳамзамон, шаъну шарафу мақому мартабаву ҳуқуқҳоямонро ҳифз мекунанд. Доштани маърифати ҳуқуқӣ кафили озодиҳои инсону шаҳрванд ва ҳомии ҳуқуқҳои ӯ дониста мешавад. Агар масъалаи мавриди назарро содатар тавзеҳ диҳем, ҳадаф ин аст, ки ҳар як фард бояд ба волоияти қонун арҷ гузошта, дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани амалкарди худро рисолати инсонӣ қарор диҳад. 

Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Татбиқи ҳадафи дар ин модда зикрёфта, пеш аз ҳама, ба боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавон, вобаста аст. Зеро бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва чун ояндаи давлат дар дасти наврасону ҷавонон аст, онҳоро мебояд, ки мафҳумҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, демократия, ҳуқуқбунёд, дунявият ва ягонаро муқаддас донанд. 
Олимони ҳуқуқ қонунро бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ ба таври гуногун дарк мекунанд. Дарки қонун аз тарафи шаҳрвандон дар доираи тасаввуроти ҳуқуқии одии онҳо, бидуни дарки мафҳум, моҳият, нишонаҳои қонун, бо мақсади риояи қонун, қонеъ гардондани манфиатҳои қонунӣ, риоя ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳо сурат мегирад.
Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд. Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд: 1) субъекти тарбияи ҳуқуқӣ (оила, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор, ки шуғли тарбияи ҳуқуқӣ доранд); 2) объектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда); 3) амалиёти тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ).
Мақсади асосии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668,  «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024»» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, таъмин намудани волоияти қонун, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии қонуншиканӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 9-уми апрели соли 1997, №691, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани    тарбияи   ҳуқуқии   шаҳрвандон   ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», аз 22-юми августи соли 1997, №383, қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 3-юми марти соли 2006, №94, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2018-2028», аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27-уми ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад.
Боби 5-уми фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ба масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи маърифати ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Дар он зикр мешавад, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин боб, чораҳои зерин мувофиқи мақсад ҳисобида шудаанд: ҷоннок намудани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо, таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Донистан ва эҳтирому риояи қонун барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин,  ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ дар корхона, ташкилот ва муассисаҳо амри зарурӣ аст. Огоҳ будани шаҳрвандон аз масири қонунгузории кишвар, ҳамзамон риояи қонунҳои амалкунанда, шарти муҳимест, ки волоияти қонунро таъмин менамояд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив