ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0


Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода Маҳмад Забир ва кормандони Бонк ширкат намуданд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маъруза зикр кард, ки 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади ҳуқуқӣ истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи кишварро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. 
Ӯ зикр кард: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардондани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳалаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст”. 
Мутахассисон ва намояндагони созмони ҷавонони бонк вобаста ба ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик арҷгузорӣ шуда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсия мақому манзалати инсон ва шаҳрвандро дар ҷомеа муайян намуда, аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ ҳидоят менамоянд. 
Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, дар пешрафти мамлакат ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии он саҳмгузор бошад. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив