ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОҲСУТУНИ ЗИНДАГӢ

ШОҲСУТУНИ ЗИНДАГӢ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
4
0


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим менамояд. Он аз рӯи арзишҳои умумипазируфташудаи ҷаҳони мутамаддин устувор буда, дар бахшҳои алоҳидаи худ тартиби татбиқи онҳоро муқаррар намудааст. Яке аз самтҳои ифодакунандаи ин воқеият дар сатҳи Конститутсия сабт шудани эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама, дар маҷмуъ, баёнгари амалан пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон аст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон ба сифати созмони сиёсии муташаккил ва қудратманд қодир аст, тамоми самтҳои фаъолияти худро, ки Конститутсия муайян намудааст, иҷро намояд. Аз он ҷое, ки Конститутсия қонуни олии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дарвоқеъ ҷомеае, ки волоияти Конститутсия, қонунҳо ва тартибу низомро ба сифати омили муайянкунандаи ҳаёташ мепазирад, дар он пешрафту тараққиёт таъмин мегардад. Бунёди чунин ҷомеа маҳз бо ҷидду ҷаҳд, кӯшишу талошҳои инсони озод ва созанда алоқаманд мебошад.
Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ, мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Агар дар ҷаҳон панҷ Конститутсияи беҳтарин бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо иродаи мустаҳками халқи тоҷик қабул гардидааст, яке аз беҳтаринҳо буда, дар панҷгонаи мазкур дохил ва эътироф шудааст. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида,  заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки бевосита онҳоро дар амал татбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем. Бинобар ин, нақши созандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 28-уми декабри соли 2023, дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Маҳз дар заминаи суханҳои бунёдии Президенти мамлакат гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсози роҳнамои миллат ва санади бунёдӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. 
Бо назардошти нақши беназири Конститутсияи кишвар дар таърихи сарнавиштсози давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Воқеан, эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ мебошад, чунки давлату Ҳукумати кишвар аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ пайваста диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар муддати 30 соли амали Конститутсия сохтор, меъёрҳо ва механизмҳои давлати мустақили миллӣ ва низоми демократии сиёсии он ташаккул ва таҳким ёфтанд. Мо имрӯз бо раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи уфуқҳои навин – давлати демократӣ ва пешрафта бо сатҳи шоистаи зиндагӣ ва камоли инсонӣ устуворона пеш меравем.
Мирзозода Рустам ПИРАҲМАД, 
раиси Суди Олии иқтисодии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив