ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ХУСУСИЯТИ МИЛЛӢ ДОРАД. АНДЕШАҲОЕ ЧАНД АТРОФИ БАХТНОМАИ МИЛЛИИ МО

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ХУСУСИЯТИ МИЛЛӢ ДОРАД. АНДЕШАҲОЕ ЧАНД АТРОФИ БАХТНОМАИ МИЛЛИИ МО

08 ноябр 2024, Ҷумъа
2
0


* * *
Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити душвору буҳронӣ қабул гардидааст. Воқеан, он солҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буҳрон ба вуҷуд омада буд. Қабули Конститутсия, пеш аз ҳама, барои расидан ба созгории миллӣ, ба роҳ мондани зиндагии орому осуда ва, албатта, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ тақозо мегардид. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҷрибаи дигар кишварҳо, аз ҷумла Россия, омӯхта шуда, дар он меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқ гардида, инчунин, хусусиятҳои миллии фарҳангии мардуми Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шуданд. Бинобар ин, эҳтиром ва баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи халқҳо яке аз принсипҳои асосии сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошад. Қонуни асосии кишвар тамоми арзишҳои пешқадамро дар худ фаро гирифта, истиқлоли давлатӣ ва нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон таҳким бахшида, заминаи мустаҳкам барои пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди кишвар дар шароити нав гардид. Албатта, дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ибтидои таҳияи Конститутсия қарор дошт, хеле бузург ва лоиқи таҳсин аст.

Валентина МАТВИЕНКО,
Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси 
федералии Россия

                         * * *
Конститутсия, ки ташаббускори қабули он Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар рушд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик нақши калидӣ мебозад. Бо ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми арзишҳои конститутсионӣ дар ҳаёт татбиқи амалии худро пайдо кардааст. Маҳз бо роҳбарии ӯ дар Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳот ба амал меоянд, ки дар ниҳояти кор ба таъмини ҳаёти осоиштаю ободи шаҳрвандони ҷумҳурӣ хизмат мекунанд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон марҳала ба марҳала пеш меравад, ки ин ба афзудани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳониро дилпурона ба миён мегузорад, ташаббусҳои он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, дастгирӣ мешаванд. Мисоли равшан қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. 

Танзила НОРБОЕВА, 
Раиси Сенати Олӣ Маҷлиси Ӯзбекистон

                           * * *
30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷашн нест, балки рамзи озодӣ ва ҳамфикрӣ дар давраи душвортарин барои мамлакат аст. Маҳз Конститутсияи 30 сол пеш қабулшуда барои рушди Тоҷикистони муосир заминаи устувор гузошта, роҳи бунёди давлати тавоно, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро муайян намуд. Месазад, ки аз нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон ёдовар шавам. 32 сол пеш иродаи устувор, роҳбарии хирадмандона ва дурандешии сиёсии ӯ миллати тоҷикро дигарбора муттаҳид сохт. Ба шарофати ирода ва садоқат ба ғояҳои сулҳу суботи шаҳрвандӣ халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои худ дар оғози истиқлолият марҳалаҳои душворро паси сар карда, ба роҳи рушди устувор ворид гардид. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамсояи неки Қазоқистон ва давлати рӯ ба рушд мебошад.
Ба андешаи ман, аввалан, Конститутсияи Тоҷикистон  хусусияти миллӣ дорад,  зеро он дар натиҷаи раъйпурсӣ қабул шудааст, яъне институти демократия  ба ирода ва ормонҳои ҳар як шаҳрванди мамлакат табдил ёфт. Дуюм, Конститутсияи Тоҷикистон хиради азалӣ, мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷикро бозгӯ менамояд. Дар он принсипи асосӣ, ба монанди эҳтиром ба гузашта, ки бақои миллатро таъмин месозад, ифода ёфтааст. Сеюм, ҳуҷҷати зиндаву пурқувват аст, ки дар тули солҳои мавҷудияти худ ба воқеиятҳои тағйирёбанда бо назардошти замон, аз ҷумла меъёрҳои такмили низоми сиёсӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ, мутобиқ мешавад. Чорум, он намунаи равшани синтези арзишҳои анъанавӣ ва қонунгузории муосири пешрафта мебошад. Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун эътироф шудааст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи конститутсионӣ барои тамоми кишварҳои ИДМ қобили таваҷҷуҳ аст.

Машимбоев Маулен САГАТХОНУЛИ,
Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон

* * *
30 сол пеш, яъне соли 1994, мардуми Тоҷикистон интихоби таърихӣ карда, Конститутсияи кишвари худро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва афзалиятҳои рушди кишвари худро муайян карданд. Халқ ба тарафдории қонуният, демократия, озодӣ ва сулҳ дар сарзамини тоҷикон раъй дод. Эҳтироми инсон, адолат, созгории миллӣ – чунин аст принсипҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси рушди бомуваффақият ба ҳисоб меравад. 
Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди кишвар имкон медиҳад, ки дар зери ҳимояи боэътимоди қонун зиндагӣ кунад. Дар Қонуни асосӣ тамоми таҷриба ва комёбиҳое, ки дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик маҳфузанд, инъикос ёфтаанд. Дар асоси он, имрӯз мо мебинем, ки тоҷикон чӣ тавр таърихи муосири кишвари худро эҷод карда истодаанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амният ва истиқлолияти миллӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Муваффақиятҳои Тоҷикистон ва мардуми бо мо дӯсти тоҷик ҳосили сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 
Хоменко СЕРГЕЙ,
муовини Раиси Шурои халқии Ҷумҳурии Беларус

Таҳияи Комрон САФАР, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив