ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 30 СОЛ ДАР ТАТБИҚИ РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ

30 СОЛ ДАР ТАТБИҚИ РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


Рисолати таърихии Конститутсияи нави Тоҷикистон ин фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани моҷароҳои сиёсиву низомӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқи харобгашта, таъмини фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. 
Маҳз дар партави ин ҳуҷҷати зиндагисоз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон ба чунин нуқтаҳои асосӣ - таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид; таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модарӣ дар зиндагӣ ва тадрис, шароити васеъ фароҳам овардан ба амали забонҳои гуногун дар қаламрави мамлакат, ривоҷи соҳибкорию тиҷорат дар тамоми нуқтаҳои олам ва пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути бунёди шоҳроҳҳо; таҳкими ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносию худогоҳӣ, расму оини аҷдодӣ, бузургдошти ҷашнҳои таърихию миллӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ ва ғайраҳо эътибори махсус ва ҷиддӣ медиҳад.
Дар низоми давлатҳои демократӣ яке аз шартҳои асосӣ аз ҷониби ҳамаи мардум эътироф ва риоя шудани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. То мардум моҳият ва зарурати риоя намудани қонунро дуруст сарфаҳм наравад ва риояи он аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон талаб карда нашавад, қабули қонунҳои зиёд аҳамияти худро гум мекунанд. Дар ҷомеаи демократӣ, ки Конститутсия ҳамчун санади асосии танзимкунандаи муносибати байни шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, мавзуи маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ барои ҳар шаҳрванд, ки дар ҷомеа ҳамчун субъект эътироф гардидааст, аҳамияти бузург дорад. Аз як ҷониб, донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон барои пайдо намудани мавқеи муайян дар ҷомеа ва пешбурди фаъолияташон муҳим аст ва аз тарафи дигар, давлат ба маърифатнокии шаҳрвандони худ манфиатдор мебошад. Бо назардошти он, ки муносибатҳои миёни шаҳрвандон, шаҳрвандон ва давлат ғолибан дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад, шаҳрвандро лозим меояд, ки донишҳои ҳуқуқиву сиёсии барои фаъолияти ҳаррӯзаашон заруриро соҳиб бошанд. Бидуни донистани ҳуқуқҳои сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии давлат ширкати фаъолона доштани шаҳрванд, ҳамчун субъекти сиёсат имконнопазир аст. Бе сатҳи зарурии донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мо на танҳо ба хатоии сиёсӣ роҳ медиҳем, ҳатто, бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардем. Гузашта аз ин, дар шароити муосир, ки созмонҳои ифротӣ аз ҳар роҳу восита барои ба доми фиреби худ кашидани шаҳрвандон талош мекунанд, донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки шахс моҳияти давлату сиёсат ва ҳадафи фаъолияти субъектони сиёсӣ, махсусан созмонҳои иртиҷоиро дуруст дарк намуда, хешро аз доми фиреби онҳо эмин бидорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда вазифаи ҳар шахс ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ метавонем заминаи рушди демократия ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар фароҳам намоем. Дар замони худ Арасту дуруст зикр намуда буд: «Инсоне, ки берун аз қонун ва ҳуқуқ зиндагӣ мекунад, аз ҳама бадтарин мавҷудот мебошад». Дарвоқеъ, ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёдро танҳо шаҳрвандони фаъол ва дорои маърифати баланд бунёд карда метавонанд.
Дар ҳамин радиф бошад, кафили аслии ҳуқуқҳои шаҳрвандон Конститутсия аст. Шаҳрванд зери дифои Конститутсия қарор гирифта, ҳамзамон, дифоъкунандаи Конститутсия мешавад ва дар ин робитаи тарафайн кафолати амният ва пойдории давлат ба зуҳур мепайвандад. Аз ин нуқтаи назар, шаҳрванди бархӯрдор аз ҳуқуқи худ ва озодандеш барои давлатдорӣ хатарнок нест, балки шахси бехабар аз ҳуқуқи хеш ва ҳуқуқи дигарон ва пуштипозанандаи қонун хатари билқувва барои пойдории давлат аст.
Ба шарофати қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардида, халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Он яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. 
Ҳамин тавр, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аркони муҳими давлатдории тоҷикон аст, ки тақдири имрӯз ва фардои мардуми шарифи тоҷикро ҳал мекунад. Он барои ҳар як давлат ва миллат ифтихори бузург мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои арзи вуҷудаш дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар боло рафтани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун омили муҳим хизмат намуд. 

Шуҳрат САИДЗОДА, 
мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии 
ДДҲБСТ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив