ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ТО ОЗОДИҲОИ ИНСОН

АЗ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ТО ОЗОДИҲОИ ИНСОН

08 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


Конститутсияи нави Тоҷикистон дар давраи нисбатан душвор барои кишвар қабул гардид. Лекин сарфи назар аз ҳамаи душвориҳо, ба Ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муяссар гардид, то на ин ки Конститутсияи давраи гузариш, балки санади базавии ҳуқуқӣ, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамояд, таҳия ва қабул намояд. Яъне, маҳз Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи тоҷик боз намуд.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли комил дар Конститутсия эълон дошт, ки он давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ки ин яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсия боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз рӯи ҳаҷм боби аз ҳама васеъ ба шумор рафта, 34 модда дорад. Дар баробари ин, дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон дахл доранд, зиёданд. Яъне, дар маҷмуъ, муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Агар аз як ҷониб мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишондиҳандаи дараҷаи демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо ба воситаи Конститутсия, балки бо принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ низ эътироф, ҳимоя ва кафолат дода мешаванд. Ин раванд аз як ҷониб, аз воридшавии Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ дарак дода, аз ҷониби дигар, ба ҳавасмандгардонии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона мегардад.
Ҳангоми таҳияи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ таҳиягарони он дар қатори дигар санадҳо, инчунин, аз санадҳои байналмилалие, ки дар ҷодаи ҳуқуқи инсон қабул гардидаанд, истифода намудаанд. Ин аст, ки дар матни Конститутсия номгӯи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз рӯи тартиб тавре ҷобаҷогузорӣ шудаанд, ки тартиби он дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башари соли 1948 омадааст.
Имрӯзҳо бо итминон метавон гуфт, ки низоми ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида, ки дар Тоҷикистон амал менамоянд, аз рӯи самаранокии онҳо аз низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дар давлатҳои Ғарб мавҷудбуда, ки солиёни дароз аз ҷониби ҷомеаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ куллан эътироф гардидаанд, кам набуда, маҳз аз  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ низ таҷассуми худро ёфтаанд. Ин аст, ки дар байни конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси беҳтаринҳо пазируфта шудааст.
Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро гузошт. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои ҳуқуқу озодиҳои васеи конститутсионӣ шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Хусусан, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 ва соли 2016 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил ёфт. Ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфта, иҷрояшон кафолат дода мешавад.
Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонда мешаванд. Тули солҳои сипаришуда ба мо муяссар  гардид, ки ин арзишҳои олиро пайваста амалӣ намуда, роҳҳои минбаъдаи рушду такомули онҳоро муайян созем.
Арзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он муайян мегардад, ки воситаи асосии меъёрии ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар қатори дигар афзалияту ҳадафҳои давлат, таъмини манфиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамеша дар мадди аввал меистад. Ҳамин тариқ, сӣ соли амали Конститутсияи Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбуёд хизмат хоҳад кард.
Пас, ҳар яке мо, бояд бо чунин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон амал намоем: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои  таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».

Умед БОБОЗОДА,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶумҳурииТоҷикистон

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив