КОНСТИТУТСИЯ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия дар соли 1994 субот ва ваҳдати миллиро барқарор сохта, ба қатори давлатҳои пешрафтаи демократӣ дохил шуд, шаҳрвандонро бо шароити муносиби зиндагӣ таъмин ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Дар ҳақиқат, Конститутсия соҳибихтиёрии ҳар як кишвар, рушди давлатдории он, тарзи ҳаёти шаҳрвандон ва нақши онҳоро дар ҷомеа муайян мекунад. Дар Конститутсияи мо ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсон муайян гардида, баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун муқаррар шудааст, ки барои эъмори ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Низоми демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои умумиинсонӣ асос ёфта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишӣ олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳо ҳифз мешаванд.
Боби дуюми Конститутсия пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Он аз моддаи 14 оғоз меёбад, ки дар он омадааст: "Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд".
Инсон аз замони ба дунё омаданаш, аллакай, ҳуқуқҳои шахсӣ ва баъзе ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дорад, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, ҳифзи саломатӣ.
Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва шиносондан бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор дорад. Вазифаҳои дар моддаҳои 40 (Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад) ва 44 (Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст) дарҷгардида, бо дастгириву заҳматҳо ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқи худро ёфтанд ва сифатҳои таърихиву фарҳангии миллатамон барои халқу миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боз гардид.
Тавъам омадани 30-солагии қабули Конститутсия бо эълони соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ рамзӣ ва саривақтӣ буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222