ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ВОБАСТА БА ЗУҲУРИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ВОБАСТА БА ЗУҲУРИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

08 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0



Конститутсияи Ҷумҳурии Сан-Марино қадимтарин Конститутсия дар ҷаҳон ҳисобида мешавад, ки 8-уми октябри соли 1600 эътибори қонунӣ пайдо кард. Он бо забони лотинӣ навишта шуда, аз 6 китоб иборат аст. 
***
Дар Ҳиндустон калонтарин Конститутсия амал мекунад, ки аз 448 модда, 12 ҷумлаи дароз, 103 тағйирот иборат аст. Он дар варианти англисиаш аз 117 369 калима иборат аст.
***
Конститутсияи Монако кӯтоҳтарин конститутсияи хаттӣ мебошад, ки 3814 калимаро дар бар мегирад. 
***
Аввалин Конститутсия ба маънои муосири ин мафҳум, яъне ҳуҷҷате, ки тақсимоти қудрат ва салоҳияти ҳар яки онҳоро тавсифу муқаррар мекунад, Конститутсияи ИМА мебошад. Он соли 1787 қабул шуда, то кунун, амалан ягон ислоҳотро дар бар нагирифтааст.
***
Дар олам якчанд кишвар, аз ҷумла Британияи Кабир, Исроил ва Зеландияи Нав дар шакли Конститутсия ягон ҳуҷҷат надоранд, онҳо маҷмуи қонунҳо ва урфу одатҳо доранд, ки тағйиру иловаҳо ба ҳар яке аз ин қонунҳо ҳамчун тағйирот ба Конститутсия ҳисобида мешаванд.
***
Конститутсияҳои «ҷавонтарин» дар кишварҳои Африқо мебошад. Аз 39 Конститутсияи ин қора 19-тоаш  пас аз соли 2000 навишта шудааст.
***
Қонунҳои асосии кишварҳо вобаста ба хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳояшон фарқ мекунанд. Агар дар кишварҳои олам маъмулан ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи бештар намоянд, пас дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ масоили вобаста ба муҳити зист мавқеи муҳим доранд. Масалан, Конститутсияи Эквадор ба табиат ҳуқуқи мавҷудият ва барқароркуниро кафолат медиҳад. 
***
Аз 5-уми феврали соли 1917 то 30-юми июли соли 2023 дар давлатҳои мустақили ҷаҳон 179 қонуни асосӣ тасвиб шудааст. Аз ин шумора, 64 адади он тавассути раъйпурсӣ қабул гардидааст, ки аввалини он дар Дания (1953) ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон (1994) аз рӯи ин нишондод 38-ум кишвари олам мебошад. 
***
Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳамаи кишварҳои узви он конститутсияҳои нав қабул гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин кишваре буд, ки баъд аз Федератсияи Россия Конститутсияи худро тавассути раъйпурсӣ, яъне дар такя ба иродаи халқ қабул намуд. Аз миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, Озарбойҷон (1995), Арманистон (1995), Қазоқистон (1995) ва Қирғизистон (2003) қонунҳои асосии худро ба таври раъйпурсӣ қабул карда, конститутсияҳои Ӯзбекистон (1991), Туркманистон (1992), Молдова (1994), Гурҷистон (1995) ва Украина (1996) аз ҷониби порлумонҳо қабул шудаанд. Тамоми конститутсияҳои кишварҳои ИДМ моҳияти демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идораи ҷумҳуриявии давлатдориро эълон мекунанд.

Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ, "Ҷумҳурят"


Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив