ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮИДА АЗ ЗАМИРИ ХАЛҚ

РӮИДА АЗ ЗАМИРИ ХАЛҚ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
10
0


Барҳақ, қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, маҳз дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки рамзи мавҷудияти мамлакат ба ҳисоб меравад, мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчунин, дигар арзишҳои демократӣ, аз қабили гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқод, воситаҳои ахбори омма ва дигар арзишҳо ҳамаҷониба инъикос гардиданд.
Агар ба таърихи таҳияи матн ва қабули Конститутсия назар афканем, дармеёбем, ки бо азму иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули ҳамин санади олии ҳуқуқӣ ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар ба ҳисоб меравад. Дар як давраи аз нигоҳи амниятӣ ва сиёсӣ ниҳоят ҳассос тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар меҳвари он иродаи бузургу ҷасуронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Маҳз ҳамин санади тақдирсоз тавонист заминаи мустаҳками ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварад, ки ба сиёсати дурбинона ва санҷидашудаи Сарвари давлат алоқаманд мебошад.
Дар Конститутсияи мамлакат риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ карда шуда, он асоси рушди устувори мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистон қабули муҳимтарин санаду меъёрҳои танзими фаъолияти ниҳодҳои асосии давлатӣ ба роҳ монда шуда, устувории фаъолияти онҳо таъмин гардида истодааст.
Яъне, бо қабули Конститутсия ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар мамлакат волоияти қонун, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин гардида, тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар чаҳорчӯби меъёрҳои конститутсионӣ ҳал мешаванд.
Бо боварӣ метавон иброз намуд, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро инъикос намуда, яке аз омилҳои муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ё ба ибораи дигар роҳнамои миллат мебошад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба ин санади сарнавиштсоз эҳтиром гузорем ва  мувофиқи меъёрҳои муқарраркардаи он зиндагӣ ва фаъолияти худро ба роҳ монем.  

Гулноза МАРДОНЗОДА,
корманди дастгоҳи Суди Олии 
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив