ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 1994-2024. СОЛГАРДИ ҶАШНИИ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОД!

1994-2024. СОЛГАРДИ ҶАШНИИ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОД!

08 ноябр 2024, Ҷумъа
19
0


Ба шарофати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ гувоҳи он аст, ки ҷомеаи мо торафт қонунмеҳвар мегардад ва дар ин замина ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аст. Агар ба таърихи солҳои навадуми асри гузашта нигарем, яке аз омилҳои асосии мухолифатҳои дохилӣ ин амал накардан ё вуҷуд надоштани қонунҳои устувор буд, ки маҳз ин сабаб миллатро ба фоҷиа гирифтор сохт. Масъулону роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ шояд ин муамморо дарк намекарданд ва ё қудрати ҳалли муамморо надоштанд, ки ҷомеаро буҳронитар намуда, зуд-зуд аз сари қудрат дур мегардиданд. Дар ин сангар бо ҷасорату таҳаммул ва садоқату талош танҳо фарзанди номдори Ватан – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодагарӣ карда тавонистанд. 

Дар аввалин қадамҳои роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳияву ташаккул ва таҷдиди қонунҳо қарор доштанд, ки ин вазифаи муқаддас кафолати суботу оромии ҷомеа аз ҷониби ин шахсият дониста мешуд. Дар соли 1994 қабул гардидани Конститутсия аввалин муждаи барқарории сулҳу оромӣ, берун гардидан аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз лиҳози ҳуқуқӣ муаррифӣ намудани истиқлоли давлатӣ ва интихоб кардани роҳи дурусти таҳкими давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба шарофати он мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Бахту саодати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба шарофати сиёсати оқилона имрӯз кишвари моро қонунҳо идора карда истодаанд. 

Конститутсия ва таҳаввулоти ВАО
Дар ин замина бояд аз чанд ҷузъиёти вобаста ба озодии баён ва масъалаҳои вобаста ба он таъкид намуд, ки онро қонунҳои мавҷуда дар пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”. Маҳз, ин омил ба он мусоидат кардааст, ки дар ҷумҳурии мо васоити ахбор дар бахши хусусӣ рушд намояд. Дар ҳама андозаву тавозун теъдоди ВАО-и хусусӣ дар қиёс бо давлатӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи қонунҳо мушаххас гардидааст, ки сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Дар ин самт бояд аз мафҳумҳои “танқиди созанда” ва чанд омили дигар таъкид намуд, ки баъзан дар меҳвари манфиатҳои фардӣ шакл пайдо мекунанд. Вазифаи журналист аст ва бояд донад, ки “Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.” Дар шароите, ки озодии баён таъмин аст, дар доираи қонунҳо фаъолият кардани журналист озодии фардии ӯро таъмин менамояд. Аз ин сабаб, қонунҳои танзимкунандаи воситаҳои ахборро донистани ҳар як журналист муҳим мебошад. Дар марҳалаҳои гуногун дар асоси моддаи  30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи қонунҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистонро танзим намуда, фазои иттилоотиро шакл мебахшанд. 

Рисолат дар фазои иттилоотӣ
Табиист, ки васоити ахбори омма дар ин раванд нақши созандаву муассир дошта, як василаи муҳими амаликунандаи ҳадафу маром ва нақшаву барномаҳо дар ҳама самтҳо ба шумор меравад. Ба таври рамзӣ ҳамчун ҳокимияти чорум эътироф шудани журналистика дар ҷомеа дар ҳамин мазмун асос меёбад. Васоити ахбори омма дар ҷаҳони муосир беш аз ҳарвақта бо моҳияти идеологии худ татбиқкунандаи маҷмуи сиёсатҳост, ки  чунин рисолат барои кишвари мо низ истисно нест. Мувофиқи маълумот, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 300 рӯзномаву маҷалла фаъол мебошанд. Шумораи телевизионҳо ба 50 расида, аз ин 15 давлатӣ ва 35 ғайридавлатӣ мебошад. 10 телевизиони давлатии сартосарӣ имрӯзҳо талош дорад, ки фазои иттилоотии кишварро пурра созад. Дар маҷмуъ, 91 радиову телевизион дар пуробу ранг гардидани фазои иттилоотӣ нақш мегузоранд, ки бештари онҳо хусусӣ ба ҳисоб мераванд. Яъне, дар умум, дар якҷоягӣ бо агентиҳои иттилоотӣ имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 400 расона фаъол мебошад. Дар ин доира сомонаҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ қатъи назар карда мешаванд, ки дарвоқеъ зина ба зина ба ҷабҳаи махсуси таблиғу ташвиқ табдил ёфта истодаанд.  Маълум аст, ки фазо ва муҳити иттилоотӣ ҳамеша сангари мавзуӣ доранд ва хоҳу нохоҳ ба мавзуи рӯз муроҷиат менамоянд. Бо назардошти ин ҷиҳат, мавзуи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар саҳифаҳои расонаҳои кишварамон мавқеи назаррас дорад. Мусаллам аст, ки хусусияти муҳими васоити ахбор иттилонидан ва дар баробари ин маърифатбахшӣ мебошад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафу маромҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мусоидат карда метавонад. Аз паҳлуи дигар, дар ҳама давру замонҳо бо хосияти минбари иҷтимоӣ буданаш, васоити ахбор мафкурасоз аст. Аз ин лиҳоз, дар соли равон ин мавзуъ барои аудиторияи васеъ ба таври хеле густурда маълуму мушаххас гардидааст, ки нисбат ба давраҳои дигар тафовут дорад.  Дар ҳақиқат, дар қиёс бо кулли дигар василаҳову соҳаҳо, маҳз ВАО ба омма амиқу дақиқ, оҷил расонда метавонад, ки волоияти қонун дар ҷомеа ин дур гаштан аз муаммо ва мушкилот  аст. 
Ба тариқи мисол, дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” даҳҳо маводи бештар хосияти таҳлилидошта ба табъ расидаанд. Хабару гузоришҳо ҷараёни татбиқи вазифаҳову ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро нишон дода метавонанд. Дар доираи маводи гуногунмавзуи дигар низ ин масъала ишораву таъкид мегардад, ки, албатта, тақвиятсози андешаҳои муаллифон гардидаанд. “Ҷумҳурият” ҳамчун нашрияи расмӣ ба ин мавзуъ нигоҳи ҷиддиву хосаи худро дорад ва дар онҳо пояи таблиғиву ташвиқӣ нисбат ба сиёсати давлатӣ хеле қавӣ мебошад. 

Маърифати ҳуқуқӣ  ва ойинаи зиндагӣ
Дар ҳамаи телевизионҳо, махсусан Телевизиони Тоҷикистон, ин мавзуъ дараҷаи баланди инъикос дорад. Масалан, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии “Телевизиони Тоҷикистон” 12 нашри барномаи “Дар мавзуи рӯз” таҳия гардида, ҳамзамон дар барномаҳои “Қонун ва ҷомеа” ин мавзуъ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шудааст. Дар ин барномаҳо мусоҳибон аз ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба мубрамият ва муҳимияти эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Бо ташаббуси роҳбарияти “Телевизиони Тоҷикистон” зери рубрикаи “Минбари андеша” ҳуқуқшиносон ва мутахассисони варзидаи риштаи илми ҳуқуқ аз ниҳодҳои гуногуни давлатӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба меъёрҳои Конститутсия ва моҳияти сарнавиштсоз доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз намуданд. Чунин барномаҳо дар ҳама давру замонҳо хосияти маърифатбахшии комил дошта, қазовати аудиторияро бедор месозанд. Ба таври мисол, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз моҳи май то кунун дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи “Фарҳанги ҳуқуқӣ” омода ва пахш мегардад, ки дар он кормандони ин ниҳод меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ё ин ки аз 20-уми августи соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳифаҳои “Мизони қонун” ва “Қонун ва масъулият” вобаста ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунҳои алоҳида роҳандозӣ гардидааст, ки усулҳои муфиди тафсири қонунҳоро фаро мегиранд. Вақте ҳар як расона ҷузъиёти муҳими шарҳи масъаларо бо роҳу василаҳои зиёд дарк менамояд, бо қатъият метавон гуфт, ки рисолати журналист дар назди ҷомеа иҷро мегардад.

Ба ҷойи хулоса
Дар ниҳоят, чанд нуктаеро ба сифати  бардошт аз саҳифаҳои расонаҳо пеш меорем, ки дар дарки мафҳумҳои қонун ва ҳуқуқ хеле созгор омадаанд: 
– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз дар пояи қонунҳо давлатсозӣ намудаанд ва ба шарофати он миллати тоҷик ба рӯзҳои нек расидааст.
– Тоҷикистон давлати қонунмеҳвар эътироф гардида, дар ҳамоҳангӣ ба ҳама асноду муқаррароти ҷомеаи башарӣ дар роҳи пешрафту таҳаввулоту шукуфоӣ қарор дорад.
– Инсон на дар тобеият ба инсон ё  омили дигар, балки танҳо дар тобеият ба қонун озоду осуда мебошад.
– Аввалин қонуни бузург дар ботини фард ин эҳтиром ба худ аст. Вақте инсон қонунписанд аст, ӯ аллакай худро эҳтиром кардааст.
– Мафкураи ягон ҳизб ва ё гурӯҳҳои муайян ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намегардад.
– Ҳангоми ба амал баровардани сиёсати хориҷии мамлакат дар мадди аввал меъёрҳои Конститутсия гузошта мешаванд.
– Эҳтиром, эътимод ва итоат ба қонун кафолати бунёду бақои ҷомеаи инсонпарвар мебошад.
– Заҳматҳову талошҳои бесобиқаи Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон кишвари қонунмеҳвар гардидааст ва ба шарофати он роҳи ояндаи инкишофу тараққиёт мунаввар мебошад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН, 
декани факултети журналистикаи ДМТ, 
доктори илмҳои филологӣ

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив