ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

11 ноябр 2024, Душанбе
7
0


Корхонаи кранҳои борбардор 
7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз панҷ моҳ ба маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ, механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт. Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии  босуръати кишвар бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонда шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон, ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, содирот низ мегардад. Механизмҳои  борбардори истеҳсолшаванда  дар  корхонаи  навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд. Кранҳои борбардори корхона ба тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро бамаротиб осон намояд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона, арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро онҳо то имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари ИМА аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд ёфта, ба як гӯшаи ободу зебое мубаддал гашт. Масоҳати корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ буда, гирду атрофи онро сабзу хуррам гардондаанд. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолӣ ва васли кранҳои пуриқтидори корхона, ташаббуси масъулонро барои ба роҳ мондани чунин иқдоми нек, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гаштааст, муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самарабахши минбаъдаи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Роҳи мошингарди Бохтар – Левакант – Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар – Левакант – Данғараро ба истифода доданд.

 
Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар се марҳала бунёд шуда, дарозии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар – Леваканти роҳ аз шаш хатти ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дар роҳ панҷ пули мошингузар ва ду роҳи давродавр сохта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби чароғакҳои роҳнамо, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинондани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзакорӣ роҳро зебову диданӣ намудааст. Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон шудааст, ки шабонгаҳ, дар баробари рӯшноӣ, инчунин, осудагию бехатарии мардумро таъмин месозад. Васли новаҳои оҳанубетонӣ, лӯлаҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ба ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард. Дар қисматҳои кӯҳистони табиати Тоҷикистон тавассути корҳои тахту ҳамворкунӣ имконият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардонда шудааст.
Бо супориши Сарвари давлат дар доираи лоиҳа 3 км роҳи дохилии шаҳри Левакант низ навсозӣ мегардад.  Роҳи Бохтар – Левакант – Данғара аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Бунёди ин ва дигар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар солҳои  истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки қаламрави Тоҷикистон барои давлатҳои минтақа ҳамчун транзит истифода гардад.
Ёдовар бояд шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи якуми роҳи мошингарди Бохтар – Левакант – Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ ҷалб карданд то ин ки солиёни зиёд барои боркашонию мусофиркашонӣ хизмат кунад. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Қитъаи  Данғара – Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз чор хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон тавассути бунёди ҳамин гуна роҳҳои муосир ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ – табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ноил мегардад. Тибқи талаботи байналмилалии роҳсозӣ, дар қитъаи Данғара – Гулистони роҳи байналмилии Душанбе – Хоруғ хонаи модару кӯдак, истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои болоизаминию зеризаминӣ, пиёдароҳ ва  дигар зербинои нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст. Масофаи қитъаи Гулистон – Фархор бошад, 29,6 километрро ташкил намуда, бо ҷалби сармояи  хориҷӣ ва  саҳми  Тоҷикистон сохта мешавад. Марҳалаи якуми роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ ҷузъи муҳими шоҳроҳи байналмилалӣ буда, тавассути масирҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ шароит фароҳам меорад. Бунёди қитъаҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор дар доираи татбиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ба хотири ташаккули долонҳои нақлиётӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши бориз мегузорад.
Тибқи қарордод,  корҳои  сохтмонӣ  дар марҳалаи якуми таҷдиди  роҳи  мошингарди  Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, яъне то Фархор, бояд то моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом расад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои дар муҳлати муайяншуда босифат ба анҷом расондани сохтмон ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид супоришҳо доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин роҳро дар рушди боркашонию мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант шаш техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя карданд.
Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 
7-уми ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки инноватсионии саноатию технологӣ бо фарогирии шаш корхонаи истеҳсолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва амалигардонии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Холмаҳмад Чиллазода дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд ёфт. Масоҳати Парки инноватсионӣ 1,8 гектарро дар бар гирифта, он дорои корхонаи коркарди шиша, коргоҳҳои истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ, мебел, инчунин, биноҳои маъмурию хоҷагидорӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳҳо ва иншооти ёрирасон мебошад. Арзиши лоиҳавии Парки инноватсионӣ зиёда аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ нахуст корхонаи коркарди шишаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона дар масоҳати 2920 метри мураббаъ бунёд гардида, дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир ворид ва насб шудаанд. Дар корхонаи мазкур коркарди шиша ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикию металлӣ роҳандозӣ мегардад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи нав коркарди шиша бо усулҳои муосир ба роҳ монда мешавад. Иқтидори солонаи корхонаи навтаъсис коркарди аз 80 то 90 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро бо назардошти ташаккул ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои кишвар талабот ба дару тирезаҳои пластикию металлӣ бо шишаҳои хушсифат зиёд аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди шиша нуҳ сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди истифода қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Дар ин ҷо 12 намуди мебел истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳ аз 30 то 36 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, бо истифода аз хатти технологии коргоҳ истеҳсоли мебел бо тарҳҳои гуногун ва зебо ба роҳ монда шудааст.
Бо назардошти он ки, саноат ва инноватсия аз соҳаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб мераванд, дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хатти технологӣ дар коргоҳи мазкур баландсифат буда, дар он рангҳо бо шаклу намудҳои мухталиф барои сохтмони иншооти таъиноти гуногун истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳ аз 350 то 370 тонна рангро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти коргоҳро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд  намоянд. Дар  ҳамин  ҷо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он панҷ нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Гуфта шуд, ки маҳсулоти коргоҳи навтаъсис, асосан, дар корҳои сохтмониву васлгарӣ дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар ва сохтмону бунёди иншооти гуногун истифода бурда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи навтаъсис аз 600 то 620 ҳазор ҷуфт дастпӯшакро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳамин мавзеъ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли маводи шустушӯӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар коргоҳи мазкур ҳафт нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, дар он истеҳсоли собунҳои хушсифату хушбӯй ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи коргоҳи навтаъсис аз 240 то 260 тонна собунро дар бар мегирад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти муҳимияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷомеа, бунёди коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти шустушӯӣ, аз ҷумла собунҳои хушсифатро зарур шумурданд. Дастур шуд, ки истеҳсоли маҳсулот минбаъд зиёд гардида, маҳсулоти ватанӣ бояд бо сифати баланд ивазкунандаи воридот бошад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода доданд. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизот ва хатти технологии муосир таъмин шуда, дар он истеҳсол ва бандубасти макарон бо шаклу намудҳои гуногун роҳандозӣ мегардад. Дар коргоҳи истеҳсоли макарон шаш нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, иқтидори солонааш аз 250 то 270 тонна макарон мебошад. Дар маҷмуъ, дар шаш коргоҳи Парки инноватсионӣ 55 нафар бо кор таъмин шуд, ки фаъолияти доимии онҳо ба зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд. Ба масъулон ва мутахассисони коргоҳҳои Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант дастур доданд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ҷойҳои кориро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин созанд ва иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар шаҳри Левакант 34  корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо орд, сабӯс, карбомид, аммиак, семент, хишти пухта, хишти сементӣ, сангреза, симчӯби бетонӣ, мебел ва либосҳои мактабӣ истеҳсол мешавад.

Корхонаи истеҳсоли мототсикл
7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни "Вахш Саноат"-ро ба истифода доданд. Корхона дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд ёфт.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ доман густурдааст. Он аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳании воситаҳои нақлёт, қитъаи башаклдарории маҳсулоти филизӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии филизот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми филизӣ ва сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад. 
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мототсикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ, дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800-торо ташкил медиҳад. Технологияи муосири насбшуда имкон медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт босифат истеҳсол гардида, барои содирот низ мутобиқ аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноати мошинсозӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ, бо тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маркази ташхисию табобатии «Аvicennа» мавриди истифода 
қарор гирифт
7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаби «Аvicennа»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров  бунёд ёфта, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам овардаанд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои  сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз  се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гашта, бо тарҳи муосири меъморӣ ба анҷом расид. Дар марказ 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон, ба кор ҷалб гардиданд. Барои фаъолияти пурсамари марказ ба маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харид ва насб шудааст. Дар таҳхонаи иншоот дорухона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Дар ошёнаи якуми бино, бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ, ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, муоинаи сабти мағзи сар ва ҳуҷраи рухсати беморон ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷой гирифта, дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам аст. Марказ, ҳамчунин, дорои 30 кати хоб мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд. Дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисон муоина ва табобати мураккаби сактаи майнаи сар  ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни асаб ба роҳ монда мешавад.
Бо оғоз гардидани фаъолияти маркази ташхисию табобатӣ ва  барқарорсозии бемориҳои асаби «Аvicennа» аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматрасонии он истифода баранд.

Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ
7-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Бино бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз ду ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, дар бинои асосии Муассиса ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ мегардад. Масоҳати иншооти таълимӣ 4500 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари Муассиса майдончаи варзиш барои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шуд. Саҳни бинно пура сафолакпӯш гардида, гирду атрофи онро бо гулу дарахтони сояафкан оро додаанд. Муассиса дорои нуқтаи гармидиҳӣ буда, дар фасли сармо биноро бо гармӣ таъмин менамояд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2022 оғоз ёфта, он бо сифати баланду бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва ба маблағи зиёда аз 14 миллион сомонӣ қомат афрохт.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бунёди бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти томактабӣ туҳфаи арзишманд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони ноҳия номида шуд.

Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Мактаб дуошёна буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар бо Бонки рушди исломӣ сохта шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои хуштарҳу замонавии Муассиса дар масоҳати 0,6 гектар бунёд гардида, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳаз мебошад. 
Ҳукумати кишвар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо назардошти ин, Муассиса дорои синфхонаҳои инкишофи кӯдак, фанҳои физика, забон ва адабиёти тоҷик, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, таърих, география ва забонҳои хориҷист.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёгардида баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд. Барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо, Муассиса шабакаи гармидиҳӣ дорад. Ҳудуди МТМУ №70 бо шинондани дарахтони ороишӣ ободу зебо гардидааст. Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар саҳни Муассиса майдончаи варзиш бунёд ёфт, ки хонандагон метавонанд дар он машқу тамрин кунанд. 
Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки Муассисаи зебову муосири таълимӣ ба маблағи 6 миллиону 130 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Механизатор дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд. Иншооти соҳаи маориф бо назардошти зиёдшавии шумораи аҳолии ин деҳа ва баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохт.
Бинои сарраёсати Агентии омор
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.
Бино дар натиҷаи сиёсати бобарору бунёдкоронаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу услуби муосир бунёд ёфта, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин шуд. Бо бунёди иншоот, дар баробари фароҳам гардидани шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа, ҳамзамон, ба симои маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, ҳусну ҷилои тоза зам гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ба заҳмати содиқонаву софдилона ва таҳлилу коркардҳои дақиқи оморӣ ҳидоят намуданд. Бинои маъмурии мазкур дар масоҳати 834,5 метри мураббаъ доман густурда, аз чор ошёна, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва маркази коркарди маълумот иборат мебошад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд хатти иловагии барқ дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ генератори 100 кВт ба таври худкор фаъол мешавад. Дар таҳхонаи бино барои шуъбаи таъминот, маркази табъу нашр ва ошхона шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 60 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, акнун, 70  мутахассис дар шароити муносиби корӣ фаъолият менамояд. Масъулон аз ифтитоҳи бинои навбунёди муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти корӣ арзи сипос намуданд. Ҳуҷраҳои корӣ ва маркази коркарди маълумот аз ҷониби лоиҳаи “Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” мутобиқ ба стандартҳои муосир таҷҳизонда шудааст. Ҳудуди биноро гулҳои мавсимӣ ва дарахтони нодир зинат мебахшанд.
Иншооти навбунёд бо сифати баланд сохта шуда, имкон медиҳад, ки сокинони вилояти Хатлон аз хизматрасониҳои он пурсамар истифода баранд.

Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ
Дар шаҳри Бохтар Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардид. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд сохта шуд. Дар Марказ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки қатъи назар аз  синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, дар ин ҷо ба омӯзиш  фаро гирифта шаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё кардааст. Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат авлавият мебошад, сол ба сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар мегардад. Махсусан, коллеҷу муассисаҳои таълимие, ки ба омӯзиши касбҳои гуногун нигаронда шудааст, муҷаҳҳаз ва пойгоҳи техникиашон қавӣ карда мешавад. Шароити муҳайёгардида дар Марказ имкон медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 240 нафар ба роҳ монда шавад ва дар як сол 2400 нафар соҳибкасб гарданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Марказ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 30 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраи машваратӣ, ҳуҷраи корӣ барои маъмурият, се устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар Марказ, дар баробари омӯзиши 5 намуди касб (устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ), инчунин, забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ омӯзонда мешаванд. Дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгиранд. Ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегардад. Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамоянд. Ҳамчунин, бино бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулон барои таъсиси чунин марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, интихобу ҷобаҷогузории омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона ба истифода 
дода шуданд
8-уми ноябр дар шаҳри Бохтар Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер” корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бо харҷи 5,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов  баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тулонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад. Фаъолияти корхона дар ду баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки бо афзоиши истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар кишвар воридоти он аз хориҷ 40% коҳиш ёфтааст. Боиси тазаккур аст, ки санги асоси бунёди корхона моҳи ноябри соли 2022 аз ҷониби Роҳбари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар корхона се хатти муосири технологӣ насб гардида, дар он новадон, пуштаи бом, ҳамвораҳо барои роғҳои иморат, пайвандак, лӯла ва бомпӯшҳои гуногуни тунукагӣ бо назардошти талаботи бозор истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба бомпӯшҳои тунукагӣ, имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон, ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори истеҳсолии кишварро боз ҳам тақвият бахшид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба беҳтар намудани сифати бомпӯшҳо, аз ҷумла рангубори он, тавсияҳои судманд доданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои “Бохтар-шифер” шинос шуданд. 
Зимни боздид аз намоишгоҳ Роҳбари давлат масъулонро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, тавлиди номгӯи нави маҳсулоти босифати саноатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ саъю кӯшиш намоянд. Бо мақсади хизматрасонии беҳтар дар самти беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳамаи фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, дар назди корхона сардхонаи замонавӣ бунёд гардид,  ки ғунҷоишаш 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Сардхонаи муосири “Бохтар-шифер” имкони дар шароити хуб нигоҳдории  меваю сабзавотро доро буда, бо дастгоҳҳои худидорашавандаи муосир муҷаҳҳаз шудааст. Дастгоҳҳо ҳарорати сардхонаро ба дараҷаи зарурӣ нигоҳ медоранд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва босифат нигоҳ дошта шаванд. Бо тариқи шартнома қабул ва нигоҳдории меваю сабзавоти тару тозаи аҳолӣ, аз бартарияти дигари сардхонаи навбунёд ба шумор меравад.

Корхонаи истеҳсоли гӯгирд 
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли гӯгирди ҶДММ "Расули Валӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, баҳри истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  эъмор гардид. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва  насб шуда, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мешавад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ  доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100 ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст. Дар он  40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардид, ки аксари коргарону мутахассисонро занон  ташкил медиҳанд. Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфта, истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта сурат мегирад. Тавре зикр шуд, коргаронро мутахассисони хориҷӣ омӯзондаанд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар  дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи навтаъсис шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ибратбахш арзёбӣ намуданд. Роҳбари давлат масъулонро вазифадор сохтанд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда тадбирҳои бештар амалӣ намоянд. Таъкид гашт, ки иқдоми Ҳукумати кишвар дар самти пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон ва дастгирии ин қишри ҷомеа боис гардид, ки татбиқи нишондиҳандаҳои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии  босуръати кишвар таъмин карда шаванд.

Мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сарироҳи шаҳраки Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зикр гашт, ки Мактаби санъат бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ мебошад.  Ба он хоҳишмандон аз синни 10-сола боло ҷалб мешаванд.  Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди таҳсил дар ин Муассисаи навбунёд, ба масъалаи тарбияи дуруст ва соҳибкасб гардондани ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, хонандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои асбоби мусиқӣ ва санъати навозандагию овозхонӣ ҳидоят намуданд. Мактаби санъат ягона иншооти замонавии соҳавӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд ёфт ва барои омодасозии ҷавонони соҳибзавқ дар соҳаи санъат пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ба хонандагон навохтани асбобҳои торӣ, нафасӣ ва зарбиро меомӯзонанд. Донишомӯзони ин Муассиса баъди хатм метавонанд вобаста ба касби интихобкардаашон таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома диҳанд.

Бинои шуъбаи беморхонаи марказӣ
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.
Шуъбаи таваллуд дуошёна буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дорои 60 кат мебошад. Дар шуъба 136 мутахассис (аз ҷумла, акушер-гинеколог, табиби навзодон, эҳёгар, амрози занона, момодоя, ҳамшираи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ) фаъолият мекунанд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави шуъбаи таваллуд, ки дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад, дигар шуъбаҳои беморхона низ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин шуданд.
Роҳбари давлат ба табибону кормандони шуъбаи мазкур баён доштанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондани онҳо мусоидат мекунад. Акнун, сокинони ноҳия имкон пайдо кардаанд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида, бе харҷи зиёдатӣ ба ташхису табобати босифат фаро гирифта шаванд. Бо назардошти зарурати солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия  мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида мешавад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табибон метавонанд на танҳо ниёзмандони маркази ноҳия ва деҳоти онро, балки деҳаҳои наздики ноҳияҳои атрофро низ бо хизматрасонии хуби тиббӣ фаро гиранд.
Сокинон ва табибони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавиро, ки дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  амалӣ гардид, туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд. Намои шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маркази ноҳия зебоӣ бахшида, саҳни иншооти нав бо гулҳои рангоранг сабзкорӣ шудааст. Корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар самти беҳсозии вазъи хизматрасонии тиббӣ, дар ноҳия боиси он мешавад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави кор низ мусоидат намояд.

Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6 
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дуошёна буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам омадааст. Кӯдакистони нав дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия дар муҳлати як сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд. Дар Муассиса шаш гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраи хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, дар маҷмуъ, ҳамаи ин имконият фароҳам месозад, ки насли хуштолеи кишвар дар шароити хуб таҳсил намояд ва оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузорад.         
Бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити арзандаи таълим аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати кӯдакистон бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд мегардад. Тибқи маълумоти масъулон, ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 кӯдакистон фаъолият менамояд.

Боздид аз кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов”
8-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” боздид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба кишти ғалла оғоз бахшиданд. Дар хоҷагӣ тухмии гандуми хушсифати “аср” кишт гардид. Иттилоъ доданд, ки кооператив дар ихтиёр 375 гектар заминҳои корами кишоварзӣ дорад. Аз ин, дар масоҳати 97 гектар ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ ва макка барои дон, кишт карда мешавад. Пас аз оғоз бахшидан ба кишти зироат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” ҷамъоварӣ гардидааст, шинос шуданд. Хоҷагидорон, асосан, ба парвариши пахта, картошка, сабзӣ, пиёз ва полизӣ машғуланд. Ҳосили фаровони ба маъраз гузошташуда, аз таҷрибаи ғании деҳқонони хоҷагӣ дарак медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истифодаи самараноки ҳар як порча замини кишт, истеҳсоли фаровони хӯрокворӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ 
9-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои истиқоматӣ дорои 25 хона, аз ҷумла 20-то ду ва 5-то якҳуҷрагӣ, мебошад. Дар ҳар ошёна ҷойи муайяни либосхушккунӣ мавҷуд аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои зебову замонавӣ дар масоҳати 0,3 гектар қомат афрохта, дар хонаҳои фароху барҳавои он барои зисти хизматчиёни давлатӣ ва оилаашон шароити хуб фароҳам овардаанд.
Бинои хуштарҳ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд. 
Лозим ба таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои истиқоматии хизматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки, дар натиҷа, чандин оилаҳо соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити зиндагонӣ дар ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарони вазорату идора ва муассисаҳое, ки кормандонашон соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ шуданд, барои фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
Ин бинои хуштарҳу зебои истиқоматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ номида шуд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва масъулони сохторҳои марбутаи сохтмонӣ дастур доданд, ки дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бисозанд, то ки тақсими зиёди замин барои манзилҳои зист кам шавад. 

Бинои нави нозироти андоз 
9-уми ноябр бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Иншоот, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, дар масоҳати умумии 1 ҳазору 230 метри мураббаъ сохта шуд.
Бинои нав дорои 14 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи техникӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. 
Дар он терминали хизматрасонӣ, шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой гирифтаанд.
Ҳамчунин, баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нуқтаи махсус ташкил шудааст.
Ошёнаи дуюм дорои ҳуҷраҳои гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқӣ, бахши ситондани қарзи андозҳо ва се ҳуҷраи дигари корӣ мебошад.
Бинои нави нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар бино барои фаъолияти 25 корманд шароити зарурии корӣ фароҳам овардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони  соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагони ноҳия, ки шумораашон 57 ҳазор аст, ҷалб намуда, таъкид сохтанд, ки бо мардум ҳамкорӣ ва муомилаи хуб дошта бошанд. 

Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
9-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Иқдоми навсозии ин Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Дар маркази Боғ муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шудааст. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассама пардабардорӣ намуданд.
Пайкараи ин олим ва орифи барҷастаи Машриқзамин, ки аз масолеҳи хушсифат ва бо унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст, дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қомат меафрозад. Муҷассама дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфта, баландиаш якҷо бо таҳпояаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба чеҳраҳои илму адаби миллати тоҷик арҷ гузошта мешавад. Аз ҷумла, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносии нобиғагони адабу таърихи ниёгонамон, соли 2014 – Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ эълон шуда, баргузории Ҷашни 600-солагии ин мутафаккири барҷастаи тоҷик бо қарори дахлдори созмони ЮНЕСКО эълон гашта буд. Дар доираи ин иқдом, соли 2014 дар Тоҷикистон ва берун аз он бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷомӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ доир гардиданд.
Мутафаккири шинохтаи тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ дар муҳити адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии Ҳирот – яке аз марказҳои қадимӣ ва номдори мардуми ориёитабор, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Маъруфияти Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти илмиву адабии бағоят густурдаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, ирфон, шарҳнависӣ ва жанрҳои шеърии қасидаву маснавӣ, ғазалу рубоӣ ва монанди инҳо алоқаманд мебошад. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” аз ҷониби ҶДММ “Садриддин-С” дарвозаи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия таъмиру навсозӣ шуд.
Соҳибкорони маҳаллӣ низ дар навсозии ин боғ саҳм гузоштаанд. Аз ҷониби шахсони саховатпешаи ноҳия дар дохили он фаввораҳо ва арғунчакҳо барои бозиву хушҳолии кӯдакону наврасон насб гардиданд.
Гирду атрофи муҷассамаро гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ зинат бахшида, дар масоҳати 1800 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва заминҳои ҳудуди боғи фарҳангӣ сабзкорӣ шудаанд. Боғ, ҳамчунин, ба таври муосир чароғон гаштааст. 
Инчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ дар даромадгоҳи боғ се нуқтаи фурӯш барои маҳсулоти ҳунармандӣ, китоб ва гулҳои зинда мавҷуданд.
Баъд аз пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва  ошноӣ бо натиҷаҳои таъмиру навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои сокинони ноҳияро баҳри анҷоми корҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар ин самт ҳидоят сохтанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, рушду шукуфоии Ватан аз ободии маҳали зисти ҳар яки мо оғоз меёбад.
Муаррифии лоиҳаи бунёди варзишгоҳ 
9-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳа, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти варзишӣ дар масоҳати наздики 21 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёд хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушди соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони кишвар мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, анҷоми босифати корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Ҳамзамон, лоиҳаи такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муаррифӣ гашт. Лоиҳаи мазкур бо кумаки грантии Ҷопон татбиқ шуда, барои беҳбуди вазъи беҳдошти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавассути дастрасии бештар аз 50 ҳазор нафар ба об амалӣ мешавад.
Барои татбиқи ин лоиҳа Ҳукумати Ҷопон тавассути JICA, тақрибан, 14 миллион доллари ИМА кумаки бебозгашт ҷудо кард.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Дар доираи лоиҳа, шаҳраки Ҷомӣ ва ҳафт деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо об таъмин мешавад.

Баистифодадиҳии бинои қасри фарҳанг 
9-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи фарҳанг аз ду ошёна иборат аст. Он дар маркази ноҳия бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия зебоии хоса зам мекунад.
Бинои қасри фарҳанг аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Он бо харҷи 18,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар масоҳати 1 ҳазору 318 метри мураббаъ бунёд шуда, он аз толори бошукӯҳ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, ҳуҷраҳо барои ҳунармандон, либосхона, ҷойи чиптафурӯшӣ, анбори декоратсияҳо ва амсоли инҳо иборат мебошад.
Ифтитоҳи қасри фарҳанг боиси хушҳолии аҳли санъату ҳунари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид, зеро акнун онҳо дар шароити замонавӣ кору фаъолиятро идома дода, метавонанд дар рушди бахшҳои алоҳидаи фарҳанги ҷумҳурӣ саҳми бештар гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар иншооти навбунёд, аҳли фарҳангу санъати ноҳияро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва санъату ҳунари миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо хеле муҳим аст, зеро ҳастии миллату давлат ба рушди фарҳанг вобастагии калон дорад.
Атрофи қасри фарҳангро дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ зинат мебахшанд.
Ба иттилои масъулон, дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 35-cолагии Истиқлоли давлатӣ бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, то имрӯз 118-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Санаи нашр: 11.11.2024 №: 224
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив