ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПРЕЗИДЕНТ ВА МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ

ПРЕЗИДЕНТ ВА МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ

12 ноябр 2024, Сешанбе
23
0

 
Дар нахустқомуси миллии мо, китоби муқаддаси Авасто, ҳикматҳои фаровоне оварда шудаанд. Яке аз ин ҳикмат ва андарзҳо ба тариқи зайл мебошад: “Беҳрӯзӣ аз они касест, ки дигаронро ба беҳрӯзӣ бирасонад”. Лаҳзае, ки бо амри дил андешаи баёни чанд нуктаеро ҳамчун рамзи истиқбол ва таҳният бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сар доштам, дар зеҳнам дақиқан ҳамин панд пайдо гардид. Мусаллам аст, ки ба бахти халқи азияткашида ва дар ин баробар хушиқболи тоҷик ин некмард ба доди давлату миллат расид ва мардумро аз тирарӯзӣ ва сарнавишти номаълум ба беҳрӯзиву саодат бирасонд.
Сароғози фоли неки мо, тоҷикон, ҳамин санаи 16-уми ноябри соли 2016  мебошад, ки дар саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин нақшбандӣ шудааст. Хосу оми кишвар аз ин санаи сарнавиштсоз, ки роҳи нави давлатдории мо, яъне давлати навини тоҷикон аз он ҷо оғоз мешавад, бо меҳр ва самимияти хосса ёд мекунанд ва арҷ мегузоранд.
16-уми ноябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул намуданд. Мо, мардуми тоҷик ҳамасола шонздаҳуми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон таҷлил менамоем. Аз он ҷо, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз санаи шонздаҳуми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар Иҷлосияи  XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаб, ҳассос ва сарнавиштсоз аз ҷониби вакилон ба  ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ин санаи  фархундапайро  ҳамчун  Рӯзи  Президент  бо шукргузории бепоён ҷашн мегирем. Дар он шабу рӯзи хатарзо ва офатбор танҳо он касе ёрои зимоми давлатро ба даст гирифтан дошт, ки  аз ҷони худ гузар намояд, баҳри раҳоӣ бахшидани давлат аз нобудӣ ва побарҷо нигоҳ доштани аркони он сидқан ва қалбан талош варзад. Ин шахсияти таърихӣ, фарзонафарзанди миллати тоҷик, Қаҳрамони миллии мо  Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки чунин масъулияти бузурги таърихиро бар дӯши хеш гирифтанд. Президенти мо тавонистанд, ки бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобиҳо, азму иродаи қавӣ, руҳи хастагинопазир ва ҷоннисориҳои худ, ботадбирона амал намуда, пеши роҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бигиранд, миллатро аз парешонӣ наҷот дода,  давлати моро марҳала ба марҳала ҳамчун як кишвари воҳид дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.  
Пешвои муаззами миллат дар баробари бар дӯш гирифтани масъулияти бузурги давлатдорӣ дар роҳи бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва монеаҳои зиёд қадамҳои устувор ниҳоданд. Президенти мамлакат дар нахустин суханронии худ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд: “Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”. Маҳз аз ҳамон минбар мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват намуданд ва барқарор намудани сулҳу суботро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ дониста гуфта буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам, барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва халқи азияткашидаам бовар дорам”. Хушбахтона ин нияту орзуҳои неки  Пешвои  муаззами  миллат  ҷомаи  амал  пӯшид. Президенти мо марди амал будани худро дар назди халқу Ватани худ собит намуданд, зеро аз оғози ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ва идораи давлат, ки ба гуфтаи худашон кори осон нест, ҳар қавлу ваъдае, ки дода буданд, шарофатмандона ба иҷро расонданд. 
Қобили таъкид аст, ки расидани мо ба ин рӯзҳои неку шоистаи кору зиндагӣ ва пешрафту гулгулшукуфии кишвар бо ному корномаи бузурги Президенти маҳбубамон иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои Пешвои миллатамон, ки тарғибгари ҳамешагии ғояҳои нек, оини ростӣ, инсондӯстӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳақпарастӣ, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, таҳаммулпазирӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳастанд, бирасем, шукрона намоем ва ифтихор дошта бошем.  
 
Шавкат БОЕВ,
номзади илми филология, 
дотсенти ДБЗХТ ба номи С.Улуғзода

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив