ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД. ҲАМДИЛИИ МАРДУМ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ШУКУФОИСТ

НУРОБОД. ҲАМДИЛИИ МАРДУМ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ШУКУФОИСТ

12 ноябр 2024, Сешанбе
4
0


Имрӯзҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста мардуми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Нуробод, дар ободонии диёр камари ҳиммат бастаанд. Нуробод, ки яке аз ноҳияҳои дурдаст ба шумор меравад, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маркази он ба як шаҳраки зебову замонавӣ табдил ёфта, сокинонаш пайваста дар талошанд, то ҳамқадами замон бошанд.
Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод дар суҳбат бо хабарнигори мо андешаҳояшро дар бораи рафти корҳои созандагӣ, кишоварзӣ ва вазъи соҳаи маориф мухтасар чунин баён намуд: 
– Сокинони шарафманди ноҳия бо шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, таҳти роҳбарӣ ва дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии як қатор корхонаву иншооти зарурӣ бомаром идома дошта, аз ободиву пешравии диёр дарак медиҳад. Аз соли 2022 то  имрӯз 161 иншооти таъиноти гуногун  ба истифода дода шуда, 203 нафар  бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Айни ҳол, сохтмони  92 иншоот идома дошта, дар 4 иншоот, аз ҷумла марҳалаи 3-юми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд, биноҳои мактаби санъат ва мусиқӣ, беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва  корхонаи коркарди сангу шағал, корҳои сохтмонӣ то ҳол оғоз нагардидаанд. Аслан, ноҳияи аграрӣ буда, мардумаш ба кишоварзӣ машғуланд. Бо саъю талоши деҳқонон айни ҳол  дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 247 миллиону 242 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллиону 626 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4555 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 372 гектар зиёд мебошад. 
Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифро  ҳамчун  соҳаи  афзалиятноки муҳими  ҷомеа эълон намуда,  онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳоло дар ноҳия 83 муассисаи таълимӣ  фаъолият мекунад, ки аксари онҳо бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуда, дорои кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, кабинетҳои фаннӣ, толорҳои варзиш, китобхонаҳо дар шакли электронӣ, ҳамчунин, маводҳои таълимии электронӣ (диск), тахтаи электронӣ ва  проектор мебошанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, имрӯз хонандагон мекӯшанд дар тамоми озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд. Ин аст, ки аз  1792 иштирокчии  Озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия  30 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифта, аз ин шумора 3 кас ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. 
Агарчи имрӯз коллеҷи муҳандисӣ дар омода намудани мутахассисон фаъол аст ва муассисаҳои то мактабӣ фаъолияти худро хуб ба роҳ монда бошанд ҳам, вале ҳанӯз дар ин самт мушкилиҳо дида мешаванд. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба 31  омӯзгори  фанҳои англисӣ, русӣ, физика, химия, математика, таъриху ҳуқуқ, география ва биология ниёз доранд. Боиси зикр аст, ки дар соли таҳсили 2024-2025 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бояд  44 мутахассиси ҷавон ба кор ҳозир мешуд, вале, мутаассифона, то имрӯз 21 нафар ҳозир гардиду халос. Боиси зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 134 омӯзгор аз ҳисоби занон мебошад, ки аксари онҳо тибқи Квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро хатм намудаанд. Воқеан, имрӯз занон баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳри рушди ноҳия саҳмгузоранд. То ин дам 485 нафар занону духтарон дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд. Аз ин шумора 24 нафараш дар вазифаҳои роҳбаркунанда фаъолият дорад. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, соҳибмаълумот намудани духтарон, ҷалби онҳо ба муассисаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо мунтазам суҳбату вохӯриҳо ташкил менамоем. Натиҷаи ин аст, ки имрӯз 113 духтар, аз ҷумла 47 бону тибқи Квотаи президентӣ, дар муассисаҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Боиси зикр аст, ки дар байни аҳолии ноҳия  мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои ваҳдати миллӣ,  истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, созандагию  ободкорӣ ба сомон  расонда  мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намудааст, ки бо дастгирии шарикони рушд, ҷалби маблағҳои буҷетӣ, маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ тадриҷан татбиқ мешаванд.

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив