ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР НИГАРОН АСТ

МОДАР НИГАРОН АСТ

12 ноябр 2024, Сешанбе
9
0


Барои падару модар тавлиди фарзанд беҳтарин доди Худост. Аввалин гиряи тифл боиси шодию фараҳи онҳо мегардад. Зодмандон бо дасту бозуи тавоно  ба кӯдаки худ муттако мешаванд, “то шеваи роҳ рафтан”  омӯзад. Бо гузашти сол ӯ ба воя мерасад, неру мегирад, дар роҳи зиндагӣ мустақил қадами устувор мегузорад. Зодмандони нотавон ниёзманди такягоҳ мегарданд. Дар ин ҳолат ба ҷуз фарзанд магар дастгири дигаре метавон ёфт? Ҳаргиз!

Аммо дар зиндагӣ ҳолатҳое рух медиҳанд, ки аз дасти баъзе фарзандони бераҳму шафқат падару модар дар пиронсолӣ  ба ранҷу азоби алим гирифтор мешаванд.
Чанд сол қабл ба ҳайси хабарнигор ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба куҳансолон ва маюбони шаҳри Душанбе  омада, ҳамроҳ бо мудири ин Марказ Мунаввара Сатторова аз ҳолу аҳволи  пиронсолоне, ки ин маконро охирин сарпаноҳи худ қарор додаанд, шинос гашта будам. Дар ҳуҷрае кампираки нуроние мехобид. Табассум мекард, вале  ёрои сухан гуфтан надошт. Аз нақли мудир,  қариб 90 сол доштааст. Ӯро ба Марказ марди “дилсӯз”-е оварда гуфтааст, ки аз назди қуттиҳои партов  ёфтааст. Баъдан маълум шуд, ки ин номарди мошинсавор писари ҳамин кампири Шоиста будааст. Дар ҳуҷраи дигар бо модаре шинос шудем, ки духтараш ӯро  ин ҷо “барои ду-се моҳ “овардаасту баъд хонаи очаашро фурӯхта ба Россия рафтааст. 
Аз саргузашти талхи як нафар модари дигар ёдовар шудан меарзад, ки  пандест аз зиндагӣ. Мунаввара Қурбонова ном зан бо шавҳараш зиндагии хушу гуворо дошт. Дар оила се духтар ба дунё омад. Онҳо бо қаноат гулдухтаронро тарбия мекарданд. Марди хона дар фалокати нақлиётӣ ба ҳалокат мерасаду ҳама бори зиндагӣ ба дӯши Мунаввараи ҷавон меафтад. Зани ҳунарманд буду шабу рӯз кор мекард,то се духтар бепадарии худро эҳсос насозад. Талабгорони зани зебо зиёд буданд, аммо ба хотири духтаронаш шавҳар накард. Бо ҳаваси модарӣ онҳоро соҳиби хонаи обод намуд.Ашки шодӣ мерехт, аз бахти фарзандонаш.
Вале ашки шодӣ ба сиришки ғаму андуҳ табдил ёфт. Модар ба муддати зиёд дар бемористон бистарӣ мегардад. Духтарон ба ҷойи парастории ӯ нақшаи дигар мекашанд. Гумон доштанд, ки аз бемории тулонӣ модар дигар ба по намехезад. Седухтарон фурсатро ғанимат дониста, бо ҳилла имзои модари беҳолу бемадорро гирифта, хонаро мефурӯшанд ва маблағи онро байни худ тақсим менамоянд. Танҳо тилловории модарро нигоҳ медоранд. 
Модар хоҳиш мекунад, ки ӯро ба хонааш баранд. Духтарони “дилсӯз” ба ӯ  гуфтанд, ки ба нигоҳубин ниёз дорӣ, бо навбат дар хонаҳои мо зиндагӣ мекунӣ. 
Дар ягон хонаи духтараш намеғунҷад.Торафт эҳсос менамуд, ки  миёни худиҳо бегона ва зиёдатист. Аз хонаи духтараш Саодат тугун дар даст баромада ин ҷо меояд. Тилловориҳоро рӯйи мизи мудир гузошта мегӯяд, ки охирин меросашро гиранду дар маросими дафнаш сарф намоянд. Баъди чанде ҳоли бемор вазнин мешавад. Сардори муассиса хоҳаронро даъват менамояд, то ки бо модар видоъ намоянд. Онҳо вақте ба ин ҷо мерасанд, ки модар дар хок нуҳуфта буд.  Онҳо фарёд бардоштанд, ки куҷост тилловории модар. Мудир тилловориро, ки барои қабулаш суратҳисоб тартиб дода шуда буд, нишон дода, фармуд, ки шуморанд. Бо гирифтани забонхат тилловориро ба духтарон супурд.
Дили сокинони Марказ ба қисмати талхи Мунаввара сӯхта, ашк мерехтанд. Фарзандони бо ноз парвардааш  чизпараст калон шуданд ва ин хислати ҳарисию чашмгуруснагӣ ҳамқадами онҳо гардид.
Дуои модар роҳнамо, баракат дар зиндагии фарзанд аст, аммо оҳи дили ин модари бадбахт, ки то дами вопасин чашминтизори духтарон буд, ба онҳо то чи андоза гарон меафтода бошад? Аммо, тавре ки мегӯянд: “Дар хок ҳам модар ёди фарзанд мекунад!”

Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив