САР ДАР БАҒАЛИ АЗОИ Ӯ БИНҲОДАМ
Дар соати охири ҳаёти Модар
Бар авҷ расид мушкилоти Модар.
Сӯзанда сипанди тар будам аз гиря,
Аз сӯзиши ҷони бенаҷоти Модар.
Ҷонаш месӯхт, устухонаш месӯхт,
Аз оҳи дилаш лабу даҳонаш месӯхт.
Пайваста, чу монд аз ду пои рафтор,
Дар пайкари хастааш тавонаш месӯхт.
Бо дасти худ аз либос пӯшидан монд,
Аз хӯрдани нону об нӯшидан монд.
Деги ҳавасам ба зиндагӣ он лаҳза
Чун деги таоми ӯ зи ҷӯшидан монд.
Боди нафасаш гулу харошидан дошт.
Чун теша дили маро тарошидан дошт.
Дигар натавонист, ки як қатра хӯрад
Аз абраки пахтаам, ки боридан дошт.
Маҷбур ба марги ӯ чу бовар кардем,
Бар хондани ракъатайни худ сар кардем.
Бо зораи он, ки «мушкилаш осон кун!»
Шояд, ки муҳаббате ба Модар кардем?
Корам, ҳарфам ба амри ойинам буд,
Як хона пур аз дуову оминам буд.
Чун номаи даъвати дил аз раҳми Худо
Маҷмуаи ояҳои «Ёсин»-ам буд.
Гармии дилам дар остини Модар,
Ях зад кафи дастам аз ҷабини Модар.
Мо сурати ҷони додаашро дидем
Дар қатраи ашки охирини Модар.
Чун кундаи тар ба рӯйи хок афтодам,
Рафтам, дари зери хокро бикшодам.
Бе зонуи Модарам дигар монд сарам,
Сар дар бағали азои ӯ бинҳодам.
ХОКИСТАР
На падар ҳаст дар ин хона дигар, не модар,
Маҳу Хуршед ба сар дошт, надорад дигар.
Ҳар кӣ дидаст, ба тасдиқ забон бикшояд,
Марги модар бувад аз марги падар вазнинтар.
Очадориву дамосоии мағзи поча
Ҷигарам рехт, ки бигзашт чу як дам аз сар.
Тарсам, имсол шавад маззаи ангураш шӯр,
Решааш об чу хӯрдаст зи ҷӯбори басар.
Ҷамъи пӯшоки варо шуста, ба хешон доданд,
Ба дарахтони гузар низ расидаст магар?
Ки саросар ба гули куртаи ӯ мемонанд
Гули олучаву зардолуву бодоми тар.
Абрро пунба нишонам бидиҳад дар сари гӯр
Ёди он обчаконӣ ба гулуи модар.
Ҳама андуҳи ҷаҳонро битавон аз дил рӯфт,
Ғами нобудии модар натавон кард бадар.
ГИРЯИ МАРД
Дигар на ба кунҷи хона танҳо гирям,
Дигар на ниҳонӣ аз дигарҳо гирям.
Баъди сари модарам набитвонам гуфт,
К-ин ҷой нагиряму дигар ҷо гирям.
То будани модарам маро дард набуд,
Гармӣ ба сарам буду дилам сард набуд.
Ин гуна вуҷуди суҳбати пураламам
Сӯзандаи ҷони марду номард набуд.
Гӯянд, ба дил хафифӣ орад гиря,
Махсусан агарки сахт борад гиря.
Баъди сари модарат вале хоҳӣ дид,
Хосийяти хӯрдани ту дорад гиря.
Афтода ба доми дард дорад гиря,
Дар сина ҳавои сард дорад гиря.
Бар гӯши занон чу мерасад, мегӯянд:-
Хомӯш, занон, ки мард дорад гиря.
Дар кӯчаву хонаву дараш гиря кунад,
Бому дари ӯ баробараш гиря кунад,
Марде гиряд агар ба овози баланд,
Медон, ки ба марги модараш гиря кунад.
Файзи АШӮР
АЛЛА
Сари гаҳвораи ман нимашабҳо
Нишаста алла хондӣ, то ки хуфтам.
Бароят шеър гуфтам бо муҳаббат,
Вале асли вафоятро нагуфтам.
Ҳамехоҳам, ки оғӯшат бигирам,
Нибинам кошки чашми тари ту.
Зи ту дунёи ман ғарқ аст дар нур,
Маро дунёи нав гирду бари ту...
Кароматулло СИДИРОВ, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
МОДАР
Модар, чу дӯш, хаставу зори ту омадам.
Бар хокбӯси пои мазори ту омадам.
Омад баҳору иди ҳумоюни модарон,
Чун шефта ба мулки баҳори ту омадам.
Бигзоштам канор ҳар он чи азиз буд,
Бар ман туӣ азиз, канори ту омадам.
Корам дигар ба хешу ба бегона нест, не,
Сарвақти дер бин, ки ба кори ту омадам.
Серам ман аз таровиши уммеду рангҳо,
Якранг хоста ба диёри ту омадам.
Манмо дареғ, модаро, як лутфи дигаре,
Ман хокбӯси пои мазори ту омадам.
Саҳоб РАҶАБӢ
Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225