ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ПАВИЛИОНИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ПАВИЛИОНИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

13 ноябр 2024, Чоршанбе
2
0


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об ва дар ин замина, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии кишвари мо ва ташвиқи сармоягузорон ба тақвияти ҳамкории муассиру босамар омода гаштааст.


ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ САТҲИ БАЛАНД БАХШИДА БА МАВЗУИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ИҚЛИМ ДАР ПАВИЛИОНИ ПОКИСТОН
12-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим, ки дар Павилиони Покистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ташкили ин чорабинӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар он арзи сипос карданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ҳамаи минтақаҳои дунё, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ, бо мушкилоти ҷиддии тағйирёбии иқлим, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, рӯ ба рӯ шудааст.
Тавре маълум аст, аз таъсири пайомадҳои харобиовари офатҳои табиӣ, дар баробари талафоти ҷонӣ, ба иқтисоди кишварҳо зарари ҷиддии моддиву молиявӣ низ мерасад.
Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки бо мақсади ҳалли чунин таҳдидҳои глобалӣ аз амалҳои ҳамоҳангшудаи муштарак, бахусус тариқи маблағгузорӣ ба соҳаи иқлим, кор гирифта шавад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад, ки дар баробари таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад”.
Зикр гардид, ки бо назардошти пайомадҳои харобиовари офатҳои табиӣ, Тоҷикистон ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва устувории муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, муддати 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро пеш мебарад.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим тайи ин давра тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтаанд.
Ба андешаи Сарвари давлати мо, ин ташаббусҳо заминаи мусоидро барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ гардидаанд, фароҳам овардааст.
 Таъкид шуд, ки Тоҷикистон чун ҳамеша омода аст дар масири ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо ва устувории иқлим, иқдомҳои созандаи худро идома диҳад. 
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо аз даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фаъолтар маблағгузорӣ кардан ба мушкилоти иқлим ва механизмҳои инноватсионии молиявӣ барои тақвияти тавонмандии кишварҳои осебпазир, хусусан давлатҳои рӯ ба тараққӣ, дар роҳи мутобиқшавӣ ба таъсирҳои тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ менамоем.
Таъсиси эътилофи қавӣ ва фарогир аз ҷониби кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва шарикони рушд барои таблиғи дастаҷамъонаи ислоҳоти байналмилалии низоми маблағгузории иқлим ва бунёди ояндаи устувор барои наслҳои оянда амри муҳим номида шуд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки мизи мудаввари имрӯза барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки минбаъдаи кишварҳо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳими оби сайёра нақши муҳим хоҳад дошт.


ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО МАСАТСУГУ АСАКАВА 
12-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо президенти Бонки осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава вохӯрданд.
Таъкид гардид, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.
Ҷонибҳо таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро баррасӣ намуданд.
Барои тобовар кардани иқтисодиёт ба хавфу таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи бештар ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур шумурда шуд. 
Таъкид гашт, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.
Масоили густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва соҳаи гидроэнергетика аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд. 
Ҳамчунин, доир ба иштироки Бонк дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” андешаронӣ сурат гирифт.


МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИМОМИ АКБАРИ МУАССИСАИ “АЛ-АЗҲАР”-И МИСР 
12-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари Муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад ат-Тайиб мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ саҳми ин Муассисаи илмию таълимиро дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазирӣ таъкид карданд. Ишора шуд, ки дар шароити имрӯза муттаҳид будани уммати мусулмон хело муҳим аст. Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва руҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накукорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни Муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Сарвари давлати мо дар ин робита аҳамияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар асоси қонунгузории ду кишвари дӯсту бародар таъкид карданд. Изҳори умед шуд, ки ҳамкории илмиву татқиқотии муассисаҳои таълимию илмии Тоҷикистон ва Муассисаи “Ал-Азҳар”  густариш хоҳад ёфт.
Пешниҳод гардид, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон барои табодули илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии Муассисаи «Ал-Азҳар» ҷалб карда шаванд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.


КОНФРОНСИ 29-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР БОКУ
12-уми ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, сарварони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.


ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА АМАЛИШАВИИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ ДАР БОРАИ ЭЪЛОН ШУДАНИ CОЛИ 2025 ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
12-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.
Зикр гардид, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳими глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурда шуд. 
Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҳз бо назардошти муҳимияти ин масъала, қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Дар заминаи ин қатънома, ҳамчунин, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба  ҳифзи пиряхҳо зери парастории Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.
Гуфта шуд, ки кишвари мо, бар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милал, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалиро дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо доир хоҳад кард.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба эълони  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ қабул намуд.
Ин қарори муҳим бо мақсади идомаи амалҳои муассир дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мавзуи мубрам қабул гардид.
Пешниҳод шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо, амри муҳим арзёбӣ гардид.
Лозим дониста шуд, ки Фонди иқлими сабз ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст”, – иброз  доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза барои ғанӣ гардондани муҳтавои чорабиниҳои Конфронси 29-уми Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳанд гузошт ва минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
Дар ин чорабинии муҳими созмондодаи Тоҷикистон, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассани, дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селеста Сауло, ноиби директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидиа Брито ва коршиносони созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорсозию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.



ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ПАВИЛИОНИ ОБ БАРОИ ИҚЛИМ
12-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич доранд ва мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозанд.
Ишора шуд, ки дар як муддати начандон зиёд мавзуи об бахшҳои асосии мундариҷавии конфронсҳои марбут ба иқлимро фаро гирифт.
Ба ақидаи Сарвари давлати мо, ба ин раванд, бешубҳа, конфронсҳои иқлимӣ дар Глазго, Шарм-уш-Шайх ва Дубай саҳми босазо гузоштанд.
Гуфта шуд, ки кишвари мо зиёда аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин зимн, Тоҷикистон, бо дарназардошти пайвастагии зичи рӯзномаҳои обу иқлим, ба ҷойгоҳи хос пайдо кардани мавзуи об дар раванди гуфтушунидҳои расмии конфронсҳои иқлимӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.  
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ мавзуи мазкурро дар чорчӯби Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2023, “Раванди оби Душанбе” ва дигар платформаҳои муҳими байналмилалӣ пайгирӣ намудааст.
Зикр шуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор метавонанд барои ҳалли мушкилоти обу иқлим заминаи хуб фароҳам созанд. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба яке аз ҷанбаҳои муҳими мавзуи  обу иқлим – обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуданд. 
Таъкид гардид, ки ҳифзи пиряхҳо ба масъалаи мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
“Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Тибқи қатъномаи дар ин хусус қабулгардида, ҳамчунин, Фонди эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва Тоҷикистон  аз аввалинҳо шуда, саҳми молиявии худро ба Фонди мазкур гузошт”, – изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид  Тоҷикистон  моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиши сатҳи баландро боло бурдани сатҳи огоҳӣ, мубодилаи маълумот ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот ва ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ карданд.

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив