ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ. ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

КОРРУПСИЯ. ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

13 ноябр 2024, Чоршанбе
8
0


Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвари мо мебошад.

Дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад.
Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад. Аз замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи муқовимат ба коррупсия дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми январи соли 2021) таъкид карданд, ки барои пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Дар Тоҷикистон айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд, ки ба рафъи омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронда шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсири худро мегузоранд.
Санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, №1714, мебошад, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро пешбинӣ намудааст. Инчунин, муқовимат ба коррупсия ин фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28-уми декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ – ин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуурнокии шаҳрвандон, эҳтиром нисбати якдигар, донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон ва риояи моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Д.Қ. МАҲМАДИЗОДА, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив