ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ.  РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД

ПАЁМ.  РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД

07 апрел 2023, Ҷумъа
73
0

 
Дар ҳар давру замон инсон ҳамчун меҳвари ҳама гуна тағйирот ва таҳаввулот дар ҷомеаи башарӣ нақш бозидааст. Агар мо ба рушди таърихии ҷомеаҳои аврупоӣ назар афканем, пас таҳаввулоти ҷиддӣ дар онҳо низ пас аз оне зуҳур намуд, ки сиёсати инсонмеҳварӣ пеш гирифта шуд. Воқеан, дар шароити имрӯза давлатҳое пешрафти назаррас доранд, ки дар онҳо ба неруи инсонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди неруи инсонӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Чунончи, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳ буд, ки мо дар ин матлаб чанде аз нуктаҳои зикршударо мавриди баррасӣ қарор медиҳем:
Беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ. Дар ҳар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, зеро таъмини рифоҳи иҷтимоӣ метавонад як заминаи хеле муҳим дар рушди неруи инсонӣ бошад. Тадриҷан баланд намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ вобаста ба имкониятҳои рушди иқтисодӣ аз он дарак медиҳад, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои муҳимро беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ташкил медиҳад. Дар ин радиф барномаҳои рушди иқтисодии кишвар, ки меҳвари сиёсатгузории Пешвои миллатро ташкил медиҳанд, метавонанд барои таъмини рифоҳи иҷтимоӣ дар оянда заминаи боз ҳам муҳимро фароҳам намоянд. Дар ҳар сурат, таъмини зиндагии арзанда ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди инсон ва шаҳрванд, ҳадафи муҳими Сарвари давлат шинохта шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дарк менамояд, ки танҳо бо фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таъмини рифоҳи иҷтимоӣ метавон неруи инсониро  дар  кишвар  рушд бахшид ва аз зарфиятҳои созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон барои таҳкими давлатдории миллӣ истифода намуд. 

Муҳайё намудани ҷойҳои кории нав. Иқтисоди Тоҷикистон рӯз ба рӯз ва ба таври тадриҷӣ рушду инкишоф меёбад ва дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ҷойҳои кории нав фароҳам оварда мешаванд. Бунёди корхонаҳои нави хурду бузург аз ин ҳолат дарак медиҳанд. Дар шароити Тоҷикистон болоравии босуръати аҳолӣ мушоҳида мегардад ва ҳамасола ҷавонони зиёде ба бозори меҳнати кишвар ворид мешаванд. Таъмин намудани ҷавонон бо шуғли пурмаҳсул дар шароити имрӯза ба як масъалаи рӯзмарра ва муҳим табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Хусусан, дар паёмҳои солҳои охир масъалаи соҳибкасб намудани ҳар шаҳрванди ҷавони кишвар тақозо карда мешавад. Дар Паёми навбатӣ низ, Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро барои муҳайё намудани ҷойҳои кории нав вазифадор намуданд. Албатта, бо фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ имконият ба миён меояд, то шаҳрвандон бо кор таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар гардонанд. Аз ин хотир, дар шароити Тоҷикистон таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафи стратегии давлат эътироф шудааст. Дар Паём зарурати қабули барномаҳои соҳавию минтақавии таъмини шуғли аҳолӣ ва қабули барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл ёдоварӣ шуд, ки метавонанд барои боз ҳам фарогиртар ва самараноктар шудани амалисозии ин ҳадафи стратегӣ заминаи мусоидро фароҳам созанд.

Саросар соҳибкасб намудани аҳолӣ. Соҳибкасб намудани кулли аҳолии кишвар дар шароити имрӯза яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати кишвар мебошад, ки барои рушди неруи инсонӣ хеле муҳим шинохта мешавад. Вобаста ба ин, феълан зарурати таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ барои таҳияи барномаи миёнамуҳлати омода намудани кадрҳо барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ нуқтаи хеле муҳим ва ҷолиб мебошад. Дарвоқеъ, бозори имрӯзаи меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ниёз ба мутахассисони ҳирфаӣ ва замонавиро дорад. Бозори меҳнат дар пайванд ба рушди технологияҳои муосир ва навъи нави хизматрасониҳо тадриҷан дигаргун мешавад ва ниёз ба тахассусҳои нав дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши доимии ин бозор барои омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ муҳим дониста мешавад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон барои пайванди илму истеҳсолот ва раванди таълим бо бозори меҳнат ин қадами зарурӣ мебошад. Бо омӯзиши вазъи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мо метавонем касбу тахассусҳои муосир ва бозоргирро ошкор намоем ва вобаста ба он мутахассисонро омода созем. Соҳибкасб намудани шаҳрвандони кишвар вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ як заминаи муҳими рушди неруи инсонӣ аст, ки метавонад ҳам барои рифоҳи иҷтимоии мардуми кишвар ва ҳам барои рушди иқтисоди миллӣ заминасоз бошад.

Таваҷҷуҳ ба маориф. Беҳтар намудани вазъи мактабу маориф дар шароити имрӯза дар меҳвари сиёсатгузориҳои Сарвари давлат қарор дорад. Ёдовар шудани муҳимияти маориф дар бунёди миллати мутамаддин ба андешаи мо яке аз нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Пешвои миллат буд. Президенти мамлакат махсусан зикр намуданд, ки ғамхорӣ кардан ба илму маориф ва ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта як навъ сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ аст. Воқеан, бо таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, боло бурдани нақши омӯзгор дар ҷомеа мо метавонем дар оянда мутахассисони худшинос, худогоҳ, миллатдӯст, ҳирфаӣ ва муосирро омода кунем. Зеро рушди соҳаи маориф як заминаи муҳим ва нуқтаи оғози рушди неруи инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷомеаи омӯзгоронро зарур аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия содиқона амал намуда, дар татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд. 

Шарофиддин СОЛИЕВ, 
дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи 
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.04.2023 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив