ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАРМШАВИИ САЙЁРАИ ЗАМИН ВА ПАЙОМАДҲОИ МАНФИИ ОН

ГАРМШАВИИ САЙЁРАИ ЗАМИН ВА ПАЙОМАДҲОИ МАНФИИ ОН

13 ноябр 2024, Чоршанбе
44
0


Гармшавии глобалии сайёра раванди табиии баланд шудани ҳарорати умумии Замин мебошад. Дар тули яку ним асри охир суръати он аз сабаби пешрафти техника ва сӯхтани навъҳои гуногуни сӯзишвориҳои истихроҷшаванда ба таври назаррас афзоиш ёфта, консентратсияи газҳои гулхонагӣ рӯз ба рӯз зиёд мешавад. 

Мутахассисони самти иқлимшиносӣ сабаби гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро аз таъсири газҳои гулхонаӣ медонанд. Бисёре аз газҳои гулхонаӣ дар табиат дар шакли табиӣ мавҷуданд, аммо таъсири манфии инсон боиси афзоиши консентратсияи онҳо дар атмосфера гардидааст. Ба ҳарорати сайёра партовҳои метан, гази карбон, оксиди нитроген ва  дигар газҳо таъсир мерасонанд. Рушди чорводорӣ низ саҳми худро дар гармшавии сатҳи замин дорост: ҳайвонот ҳангоми ҳазм кардани хӯрок миқдори зиёди метан истеҳсол мекунанд. Олимон тахмин мезананд, ки сабабҳои табиии гармшавии глобалӣ низ мавҷуданд: афзоиши радиатсияи Офтоб ва фаъолияти вулқонҳо.
Пажӯҳиши Донишгоҳи Оксфорд нишон дод, ки таъсири якҷояи гармии шадид ва хушксолӣ ба беш аз 90 дарсади аҳолии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад ва қобилияти табиатро барои коҳиш додани партовҳои CO2 ба атмосфера халалдор мегардонад. Пайомади ин ду омил оқибати манфии ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологӣ дошта, нобаробарии иҷтимоиро боз ҳам, шадидтар хоҳад кард.  Дар пажӯҳиши олимон гуфта мешавад: «Шумораи хатарҳои шадиди муштарак дар саросари ҷаҳон ба далели таъсири якҷояи гармшавӣ ва коҳиши захираҳои обҳои зеризаминӣ дар сатҳи баландтарини партовҳо даҳ маротиба афзоиш хоҳад ёфт».
Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ва 3,5 миллиард нафар ба шароити кофии беҳдошт дастрасӣ надоранд.  Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти беш аз 1,2 миллиард нафар таҳдид менамояд. Тибқи пешбинии Созмони Милали Муттаҳид, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 аз 9 миллиард нафар зиёд мешавад. Ин боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Агар таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин хел идома ёбад, 50 фоизи аҳолии кураи Замин бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.
Дар рӯи Замин солона беш аз 340 миллион гектар минтақаҳои табиӣ, аз ҷумла ҷангалҳо, аз сӯхтор осеб мебинанд. Соли гузашта ҳарорати хеле баланди тобистон баъд аз зимистони камбориш боиси сӯхторҳои ғайримуқаррарии ҷангал дар гӯшаҳои гуногуни дунё гардид. 
Коршиносон тағйирёбии иқлимро монеаи асосии кишварҳои ҷаҳон барои расидан ба рушди устувор медонанд. Аз тарафи дигар бошад,  гармшавии сайёра омили афзояндаи бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, маҳсуб меёбад. Тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон бо роҳҳои бешумор таъсир расонда, боиси марг ва бемории инсон мегардад. 
 Асосан, зарбаҳои иқлимӣ, аз қабили тағйирёбии ҳарорат, боришот, хушксолӣ, обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр, омилҳои экологию иҷтимоӣ саломатии ҷисмонӣ ва руҳиро вайрон мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба ҳама ҷанбаҳои саломатӣ, аз ҷумла ҳавои тоза, обу хок, системаҳои ғизо ва воситаҳои зиндагӣ, таъсир мерасонад. Таъхири минбаъдаи мубориза бо тағйирёбии иқлим хатарҳои саломатиро меафзояд. Коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ва беҳдошт ба хулосае омаданд, ки хатарҳои иқлим зудтар зуҳур мекунанд, зудтар аз интизорӣ шадидтар мешаванд ва мутобиқ шудан бо афзоиши гармшавии глобалӣ душвортар хоҳад буд.
Баҳри ҷилавгирӣ аз гармшавии глобалӣ, бисёр давлатҳо барои коҳиш додани партовҳои гази карбон ҳадафҳо мегузоранд, созишномаҳо ва барномаҳои дахлдори давлатӣ ба имзо мерасанд. Соли 2022 дар ҷаҳон 57,4 миллиард тонна газҳои гулхонаӣ партофта шуд. Уҳдадориҳои кунунии кишварҳои сиёсати иқлим коҳиши ин рақамро то 55 миллиард тонна пешбинӣ мекунанд. Барои он ки гармшавӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа боқӣ монад, партовҳо бояд то соли 2030 то 33 миллиард тонна кам карда шаванд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» изҳори назар намуданд, ки саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ 0,0003 фоизро ташкил медиҳад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ менамояд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА, 
ходими калони илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии «Рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и  назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
Лола АЛИЕВА, 
номзади илмҳои техникӣ, ходими калони илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии «Рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив