ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ –  СОҲАИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

САЙЁҲӢ –  СОҲАИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

13 ноябр 2024, Чоршанбе
17
0


Дар даҳ соли охир ҷаҳон чанд дигаргунии иқтисодиро аз сар гузаронд, аз ҷумла шарикии нав ва шикасти робитаҳои куҳна, таҳаввули геополитикӣ, аммо як чиз бетағйир монд: шавқи одамон ба саёҳат ва шиносоӣ бо ҷойҳову фарҳангҳои нав. Ин омил нақши сайёҳиро дар иқтисоди ҷаҳонӣ муайян мекунад. Аҳамияти он ниҳоят муҳим аст: соҳаи сайёҳӣ мустақиман иқтисодиётро тавассути даромад аз сайёҳон таъмин мекунад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меорад, ба беҳтар шудани инфрасохтор мусоидат менамояд. 
Воқеан, сайёҳӣ дар баробари истихроҷи нафт ва истеҳсоли автомобил яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Сайёҳӣ ба инкишофи соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт чун нақлиёт, алоқа, савдо, хоҷагии қишлоқ ва тиҷорати маҳаллӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, сайёҳӣ робитаҳои ҳамгироии байни кишварҳоро густариш мебахшад. Ин дар ташаккули муносибатҳои нави фарҳангӣ, илмию техникӣ ва тиҷоратӣ ифода меёбад. Дар баъзе кишварҳо сайёҳӣ манбаи асосии даромади шаҳрвандон мебошад. Ин ҷанбаҳо сайёҳиро ба яке аз соҳаи ояндадори иқтисоди ҷаҳонӣ табдил медиҳанд.

ДАР ИН САМТ АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ ЧӢ ТАДБИРҲО  АНДЕШИДА МЕШАВАНД?
Бо назардошти аҳамияти ин соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин самти стратегӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. 
Ба таъкиди Сарвари давлат имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Бо мақсади самаранок гардидани корҳо дар ин самт ва роҳандозии пурраи иқтидори сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар Президенти мамлакат супориш доданд, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад ва амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ободониву сабзазоркунӣ ва дигар корҳои ташкиливу назоратӣ бар дӯши он вогузор гардид. Ҳамзамон, Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки дар самти пешбурди соҳа фаъолияти назаррас мебарад.
Дар зимн, Ҳукумати кишвар барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузориҳо як қатор имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ намудааст. Ин аст, ки раванди созандагию ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза гирифта, шумораи зиёди иншооти сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуда истодаанд, ки симо ва имиҷи кишвари моро дар назди меҳмонону ҷаҳонгардон боло мебарад. Танҳо дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншоот, ба монанди «Маркази ош», тарабхонаи «Баҳор-Форел», ба фаъолият пардохтанд, ки барои сайёҳон хеле ҷолиб аст. Гарчанд дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳоло бояд хеле кӯшишҳо кард, вале сол то сол афзудани шумораи ташрифи сайёҳон ба кишвари офтобрӯяи мо аз ҳадафрас будани тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда дарак медиҳанд. 

ВУРУДИ САЙЁҲОН БА ТОҶИКИСТОН АФЗУД
Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  19 дарсад афзудааст. Дар моҳҳои январ - сентябри соли равон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди ҷумҳурӣ шуд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли 2023 каме бештар аз 1 миллион нафарро ташкил додааст. Шумораи аз ҳама бештари сайёҳони хориҷӣ аз Ӯзбекистон буда, дар ин давра 746,1 ҳазор нафар ба қайд  гирифта шудааст, ки беш аз 60 дарсади теъдоди умумии хориҷиёни воридшударо ташкил медиҳад.  Зимнан, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 941,3 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 17,3 дарсад зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ аз кишвар берун рафтаанд, беш аз 2,6 миллион нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 қариб 130 ҳазор нафар (5,1 дарсад) зиёд аст. 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив