ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ  ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

КОНСТИТУТСИЯ  ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

13 ноябр 2024, Чоршанбе
15
0


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, қабули он имкон дод, ки дар Тоҷикистон тадриҷан сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина, соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд. 
Ба зикри Амриддин Шарифов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ, Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишвар таҷрибаи таърихи давлатдории миллӣ, таҷрибаи конститутсионализми як қатор давлатҳои демократии рушдёфта, стандартҳои умумипазируфтаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва идоракунии ҷомеаро ба инобат гирифта, омили муҳими таъмини суботи ҷомеаи демократӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ гардидааст.
– Дар моддаи 11 Конститутсия моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гаштааст. Тавре медонем, марҳалаи аввали рушди истиқлоли мо, ки бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ алоқаманд буд, пешбурди сиёсати хориҷии фаъолро истисно менамуд, новобаста ба ин, Тоҷикистон дар Конститутсияи худ моҳияти сиёсати хориҷии худро сулҳхоҳона, беғараз ва омода будан дар ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ эълон дошт. Тули солҳои истиқлолият ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки, асосан, барои таҳкими  ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, ташаккули парлумони касбӣ, волоияти меъёрҳои конститутсионӣ, ҳуқуқӣ, адолати судӣ, дахолатнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон равона шудаанд.  Мусаллам аст, ки айни замон 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки барои афзоиши эътимоди онҳо ҷиҳати ба даст гирифтани ояндаи кишвар, созандагӣ, эъмори давлати воқеан ҳуқуқбунёд, рушдёфта ва дунявӣ мебошад. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизатгари асосии арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки дар ислоҳоти соли 2016 возеҳ таъкид шудааст. Мутобиқи Конститутсия ҳар арзише, ки мухолифи фарҳанги тоҷик, арзишҳои таърихӣ ва манфиатҳои миллии мо мебошад, қабул карда намешавад. Хушбахтона, ба мардуми Тоҷикистон даст дод, ки ҳамин ҷанбаи муҳими ҳифзи арзишҳои миллиро ба Қонуни асосии кишвар ворид намояд, – гуфт А. Шарифов.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо дарназардошти ин ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Дар моддаи якуми Конститутсия гуфта шудааст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон дар пояи ҳуқуқ бунёд ёфтааст. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ сарчашмаи худро, пеш аз ҳама, аз Конститутсия мегирад. Имрӯз нақши Конститутсия, албатта, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бисёр муҳим мебошад. Дар ҳамин ҳол донистани Конститусия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад, – зикр намуд ҳуқуқшинос Гулафзо Пирова. 
Ба қавли Ҷамшед Ҷамшедзода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Конститутсия ҳуҷҷати муҳимтарини ҳуқуқии сиёсӣ ва таърихии давлату миллати мо маҳсуб меёбад. Шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат аст. Конститутсия асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати моро муайян мекунад. Он заминаи ҳуқуқии қонунгузорӣ ва тамоми соҳаҳо маҳсуб мешавад. Яъне, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия қабул ва мавриди татбиқ қарор мегиранд. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар интиҳои асри гузашта маҳсуб меёбад. Ин натиҷаи талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи ноил шудан ба марҳалаҳои тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба ҷаҳониён аст”.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив