ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУЛҲИЯИ ПАЙВАНДГАР

СУЛҲИЯИ ПАЙВАНДГАР

13 ноябр 2024, Чоршанбе
12
0


Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моҳи ноябри соли 1992 Қасри Арбоб. Вакилон ҷамъ омада, тақдири минбаъдаи мамлакат ва мардуми ранҷкашидаи тоҷикро муайян намуданд. Дар он рӯзу соат ва дақиқаҳои ҳассос касоне низ буданд, ки ҷон ба каф гирифта, вазифаи пурмасъулиятеро ба дӯш доштанд. Онҳо ҳарчанд дар маҷлисгоҳ набуданд, дар муҳокимарониҳо иштирок надоштанд, аммо берун аз он вазифаҳояшонро бо масъулияти баланд иҷро мекарданд, то дар сулҳи тоҷикон саҳмгузор бошанд.

Онҳо чаҳор бону буданд: Сулҳияву Матлуба, Санавбару Зебо. Мутасаддиёни пайвастани вакилон бо самтҳои гуногуни кишвар ва берун аз он буданд. Садои телефон лаҳзае ҳам ором намегирифт. Зангҳои пайдарҳам ба марказ Сулҳия ва дигар ҳампешагонашро ба дақиқкорӣ даъват мекарданд. Ҳоло ҳама дар даст телефонҳои мобилӣ доранд ва хабар ҳам надоранд, ки замоне ба ҳам пайвастани минтақаҳои кишварамон бо телефони симӣ чи қадар душвор буд.
- Ҳамон рӯз бароям фаромӯшношуданӣ буд. Бори аввал дарк кардам, ки пайвандгар будан чи масъулияти сангинеро бар дӯш доштан будааст. Охир, як занги телефонӣ, як сухан метавонист боиси дигаргун шудани вазъият дар кишвар гардад. Агар алоқа канда шавад ва суханҳои ду ҷониб дар ҳаво монад, чӣ мешавад? Ин суол ба дили ҳар алоқачӣ таҳлука меандохт. Ҳар сухан муҳим буд. Дар сехи байнишаҳрӣ дар як вақт то 20 алоқаро барқарор кардан мумкин буд. Андак саҳлангорӣ метавонист, боиси ба миён омадани мушкилиҳои зиёд гардад. Ба воситаи телефон ҳар хабари гирифта ва ё расондаи мо муҳим ба ҳисоб мерафт. Зангҳои пайдарҳам имкон намедоданд, ки ману ҳампешагонам муддате истироҳат намоем. Занги навбатӣ садо дод. Гӯшӣ бардошта шуд. Гумон кардам, ки чун пешина пайваст кардани истгоҳеро фармоиш мегирам, аммо ҳаяҷону изтироби онлаҳзаинаи маро тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба шунидаҳоям бовар намекардам. Он суханон то имрӯз зери гӯшам ҷарангос мезананд: «Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид!». 
Ин паёми фараҳбахш ба зудӣ дар тамоми мамлакат паҳн шуд. Мехостам, тезтар ба хона баргашта, аз "оинаи нилгун" шахсияти интихобшударо бибинам. Охир, нафаре Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки минбаъд тақдири тоҷикону тоҷикистониён ба дӯши ӯ буд, - ба ёд меорад Сулҳия Муъминова. 
Сулҳия Муъминова дорандаи медали «Муборизи сулҳ», Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, корманди узели алоқаи вилоят, нафақахӯри сатҳи ҳукуматӣ имрӯз худро хушбахту саодатманд медонад, ки тамоми умри худро сарфи ранҷи сабурона, хизмат ба халқу Ватан намудааст. Ҳамагон ӯро то кунун ҳамчун Сулҳияи телефончӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ӯ худ шоду масрур аз он аст, ки маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик тақдирсоз гашт. Баъдан бори нахуст шунидани пайғоми хуши расидан ба ваҳдати миллӣ низ пайроҳаи умри ин бонуи меҳнатқаринро дигаргун сохт. Ба зиндагӣ бо чашми хирад нигарист, зеро бовар дошт, ки минбаъд дар Тоҷикистони азизаш нури сулҳу ваҳдат шуълапошӣ хоҳад кард. 
- Мужда аз истиқболи ваҳдат ва сулҳу суботи комили кишвар маро ба касби интихобкардаам дигарбора дилгарм кард. Шукронаи даврони соҳибистиқлолӣ, ки ин шарафи бузург расондани навиди фараҳбахш, ки то ҳанӯз пойбарҷост, маро муяссар гашт. Ба шарофати сулҳу ваҳдат имрӯз нафақахӯр ҳастам. Барандаи Квотаи президентӣ буда, ройгон фаризаҳои Ҳаҷро ба ҷо овардаам. Имрӯз шод аз онам, ки хидматҳоямро давлату Ҳукумат қадр кард. Ба даст гирифтани Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, медали “Муборизи сулҳ” ва даҳҳо ифтихорномаву сипоснома, аз ҳама муҳимаш, муҳаббати халқ маро ба зиндагӣ дилгарм менамояд. 
Андаке пас баъди бознишастагӣ Сулҳия Муъминоваро роҳбари вақти алоқачиён Суҳроб Ғоибов ба коргоҳ даъват намуд. Баъди суҳбат ва маслиҳат баландгӯяк, таҷҳизоти алоқа ва якчанд асбоби махсусе, ки маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум хидмат карда буданд, ба осорхонаи Қасри Арбоб тақдим намуданд. 
Имрӯз ин зани шуҷоъ даврони пирӣ меронад ва шукргузор аз он аст, ки аз телефонҳои ҷайбӣ ба ҷои оҳу нола ва гиряву шевани солҳои 90-уми асри ХХ садои хушоянди тифлакони навзод, дуои модарону суханони пурҳикмати падаронро мешунавем. 

Шоира КАРИМЗОДА, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Ҳақиқати Суғд»

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив