ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

14 ноябр 2024, Панҷшанбе
6
0


Гуфт устод: «мабар дарс аз ёд!»
Ёд бод он чӣ  маро гуфт устод!
Ҳеҷ ёдам наравад ин маънӣ,
Ки маро модари ман нодон зод.

Эраҷ Мирзо

Муаллим ё худ омӯзгор тарбиятгари насли наврас, чароғи маърифат, таконбахши рушди ҷомеа, роҳнамо ва роҳкушои ҳамаи мушкилиҳои рӯзгори инсон ба ҳисоб меравад. Вақте номи муаллим ё устодро мешунавем дар пеши назарамон шахсияте намоён мешавад, ки, ҳатто, падар бо он бузургӣ бо ӯ баробар шуда наметавонад. Ҳамин аст, ки шоир дар ин маврид бамаврид таъкид намудааст:  
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Дар ҳақиқат, омӯзгор он шахсест, ки мардумро ба сӯйи хирад, донишу маърифат, маданияти баланд, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, меҳанпарастиву садоқат раҳнамун месозад. Воқеан, муаллим ба монанди шамъ аст, ки худ месӯзад ва ба дигарон рӯшноӣ   мебахшад. Ҳарчанд омӯзгорӣ  касби пуршараф бошад ҳам, басе душвору масъулиятнок аст, зеро касеро бе заҳмат наметавон соҳиби дониш намуд.
Боиси фахр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи  ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф  беш аз пеш рушд намуда, ҳамзамон қадру манзалати омӯзгор сол ба сол баланд мешавад. 
Зимни яке аз суханрониҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа чи суханҳое воло гуфтанд: «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». 
Бале, маҳз омӯзгор аст, ки тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаи хешро ба хотири соҳибмаърифат шудани насли ояндасоз мебахшад. Вале дар ҳамин ҳол, мо – омӯзгоронро мебояд, ки ба қадри дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат бирасем ва вобаста ба тараққиёти ҷаҳони муосир ва рушди илму технология пайваста донишу маҳорати касбии худро сайқал диҳем. Зеро дар масъалаи тарбияву таълими насли наврас омӯзгор ҳуқуқи  хато карданро надорад:  
Хишти  аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ. 
Аз ин лиҳоз, мо – омӯзгоронро мебояд дар ин ҷодаи пурхайр, яъне соҳибдонишу соҳибмаърифат намудани фарзандони хеш, заҳмат кашем, то онҳо дар оянда барои рушду ривоҷи Ватани маҳбубамон ва дар миёни мамлакатҳои мутараққӣ ҷой гирифтани Меҳани азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд. 

ЧИЛАЗОДА Бобохон Чила,                                                           
директори  МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»,
Аълочии соҳаи тандурустӣ

Санаи нашр: 14.11.2024 №: 227
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив