ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ДАВҲА ОҒОЗ МЕНАМОЯД

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ДАВҲА ОҒОЗ МЕНАМОЯД

14 ноябр 2024, Панҷшанбе
33
0


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо ширкати Fly.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа шуруъ менамояд. Хатсайри мазкур ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишвари мо бо Қатар такон бахшида, ҳамкориҳои фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳиро таҳким хоҳад дод. Парвози аввалин дар хатсайри нав 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар назар аст ва он ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе сурат мегирад.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа соати 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри мазкур 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.
Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар робита ба ифтитоҳи хатсайр чунин иброз дошт: “Хушҳолем, ки парвоз дар соли таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳандозӣ мешавад. Имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар руҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн босуръат рушду таҳким меёбанд ва итминони комил дорем, ки парвозҳои мустақим ба афзоиши гардишгарии байни давлатҳо рушди сайёҳӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад. Алҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар барои шаҳрвандони ду кишвар низоми бераводид амал менамояд ва умедворем, Давҳа барои дӯстдорони сайру саёҳат бозёфти воқеӣ хоҳад буд”.
Парвозҳо аз Душанбе ба Фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад, ки имсол дигарбора беҳтарин Фурудгоҳи ҷаҳон дониста шудааст, иҷро мешаванд. Фурудгоҳ ба мусофирон сатҳи беҳтарини хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд ва он дар чоркилометрии Давҳа мавқеъ гирифтааст. Фурудгоҳи Ҳамад мутамарказ мебошад ва ҷаҳонгардон имкон доранд аз ин Фурудгоҳ ба Аврупо, Амрико, Австралия ва дигар қитъаҳои олам сафар намоянд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 фаъолият дорад ва узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳову парки ҳавопаймоӣ нигаронда шуда, айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”




ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои Шуро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ҳайати кумитаи иҷроия, роҳбарони гурӯҳҳои кории Стратегия ва воҳидҳои сохтории БМТ ширкат варзида, раванди татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар соли 2023 ва нимсолаи якуми соли 2024-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Шуро – раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маъруза, зикр намуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои босифати молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳбудии фазои соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Бо назардошти ин омилҳо дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026 пурқувваттар намудани иқтидори шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии гуногуншакл, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ ва саводнокии молиявӣ самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба васеъ намудани инфрасохтори пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, мушаххаскунии фосилавӣ, ҷорӣ кардани механизми бонкдории кушода тавассути интерфейси кушодаи барномавӣ, таъмини ҳамгироии мутақобилаи кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона ва ғайра таҳия карда шуд. 
Ҳамзамон, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон механизми баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ қабул гардид ва ҷиҳати таъмини низоми боэътимоди назорати рафтори иштирокдорони бозори хизматрасониҳои молиявӣ, назорати фосилавӣ ва санҷиш дар ҷойҳо (онсайт ва оффсайт) гузаронда мешавад. 
Дар идома, роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Фаррухрӯз Мамадалиев ба иштирокдорони ҷаласа оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва нимсолаи якуми соли 2024 бо рӯнамоии муфассал суханронӣ кард. 
Дар қисмати муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни иштирокдорони ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифт ва пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.11.2024 №: 227
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив