ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ЗАБОНИ ТОҶИКИИ ХУД АРҶ ГУЗОРЕМ!

БА ЗАБОНИ ТОҶИКИИ ХУД АРҶ ГУЗОРЕМ!

14 ноябр 2024, Панҷшанбе
5
0


Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки дар аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархӯрдор мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ниҳоди мо эҳсоси ҷустани камбудӣ, эрод гирифтан ба заъфи ин ё он масъала, бебок ишора намудан ба норасоиҳои дигарон, бештар аз ҳисси эҷоди ислоҳ, нишон додани роҳ ва ҳатталимкон хомӯш будан аст. Дар ҷамъ, ба осору шахсиятҳо, падидаҳои фарҳангии хеш бо чашми кам нигаристан, мисли беморӣ дар шуури мо реша давондааст. Аз ҷумла, забони модарии хешро, ки дар таърих бо номҳои порсиву дариву тоҷикӣ шинохта аст, ҳамеша кам мегирем. 

Албатта, дар эҷоди муҳаббат ба забон ва афзудани қудрати он кор бояд аз худамон оғоз шавад. Ҳақиқат ин аст, агар соҳибзабонон хоҳанд, яъне мо хоҳем, забони мо баёни қариб 90 дарсади ифодаҳои ҳамаи соҳаҳоро дорад ва он ҳама вожаҳо дар "Авасто", “Занд”, “Позанд”, "Бундаҳишн", "Ёдгори Бузургмеҳр", "Дарахти асурик", "Динкард", “Худойномак”, “Таърихи мулуки Аҷам”, осори Рӯдакӣ, Хайём, Носири Хусрав, "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ боқист ва аз ҳама муҳим, дар забони мардум ҷорист. Онҳоро, ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ, бояд ҷуст, ёфт, зинда кард ва ба забони имрӯзӣ ворид сохт.
Дар “Донишномаи забони тоҷикӣ” (2022) сабт аст, ки доир ба забони тоҷикии мо 200 фарҳанг аз таърих расида омадааст. Бидуни шубҳа, аз ин дусад фарҳанг поя ва моя бахшидани забони муосири адабии мо имкон дорад.
Мутаассифона, ҳамкории илмиву кории сохторҳои забоншиносии мо бо ниҳодҳои давлативу истеҳсолӣ, маориф, матбуот ва ҷомеа хеле суст ва гоҳе раҳ ба адам дорад. Оғоз аз матбуот то ниҳодҳои кӯчаки истеҳсолӣ “кашшоф”-и забон ва вожаҳои наванд. Забон ва назокатҳои онро “шаҳри бедарвоза” ангошта, дар мақолаву матлабҳо, сомонаву саҳифаҳои шахсӣ, аксу навор ва овезаҳои тарғиботӣ чунин ёваҳоро мебофанд: "борону барф ба амал меояд", “аниқдоди тоҷикӣ”, “либосҳои нимбараҳна ё нимурён” (дар ҳоле ки одам нимбараҳна мешавад, на пироҳан), “нони очагӣ”, “шӯрбои буқагӣ”, “маркази гӯшт”, “маркази об”, “олами гӯшт”, “маркази либоса”, “толори зебоӣ”, “обҳои ташнашикан” (ташнагишикан), “шашликҳои тахтача”, ошхонаву дӯконҳое бо номҳои сохтаи “Баҳора”, “Дилноза”, “Дилшода”, “Шаҳноза” (дар ҳоле ки забони тоҷикии порсӣ ҷинсият надорад, ба истиснои калимаҳои арабӣ ва номҳои Манижаву Рудобаву Судоба).
Дар барчаспи либосҳои истеҳсолгари ватанӣ, ки коргоҳашро "Фазл" ном ниҳодааст, ин матни нестандарҷаҳони "реклама"-ро мехонем: "Махсус матоъҳо Барои бароҳати Шумо тарҳрезӣ шудааст. Бо мо лаззат баред, ин маҳсулоте, ки шумо доред, харида мешавад оид ба супориши баланд технологияи техника барои қониши Шумо. Истеҳсоли Тоҷикистон" (аксашро ҳам овардем). 
Бадтар аз ҳама, дар байни баъзе аз пажӯҳишгарону андешамандон ва журналистони телевизиони мо барои ба намоиш гузоштани “донишмандӣ” сабқати ҳарчи бештар бо арабӣ навиштану гуфтан “одат” мешавад. Дар натиҷа, на танҳо забони арабӣ кам-кам бар забони тоҷикии мо чира мешаваду бартарӣ меёбад, балки даҳҳо вожаҳои арабии дар тоҷикӣ ҳазмшуда бо “шаклу тарзи нав” ба гӯш мерасанд. Масалан, ровие дар "оинаи нилгун" мегуфт: “Суруди анҷомии шумо кадом хоҳад шуд?”, “Барои иштирокатон ташаккурӣ мекунам”. Пажӯҳишгаре менависад: “Ҳозирин аз лисони гӯёву такаллуми фасеҳи шоир ҳаззи мукаррар бурданд”.
Устод Айнӣ ҳанӯз соли 1928 ба ин масъалаи доғ чунин гуфт буданд: «Ман шахсан ба кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони порсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва, инчунин, кор фармудани истилоҳҳои илмӣ-арабиро, ки аз имрӯза порсӣ ё тоҷикӣ ба ҷои онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараҷа, ки аз забони порсӣ танҳо «адот» боқӣ монад ё баъзе суханҳои дар порсӣ ҳазмшудаи арабиро ба қоидаи араб ҷамъ карда, хонандагонро ба кофтукови луғат ва сарфу наҳви арабӣ маҷбур кунанд».
Ба мову шумо, мисли "ба кӯр асо", Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бо 60 ҳазор байт муҳри бовар зада буд, ки бо ин забон ҳама масъалаҳоро – аз сиёсат то тиҷорат, аз иқтисод то хонадорӣ, аз лашкардорӣ то ахлоқу ороиши занон, аз илм то динҳои зардуштиву монавиву ислом – баён кардан мумкин аст.
Ҳаким Фирдавсӣ, бино ба андешаҳои пажӯҳишгарони номвари дунё, донандаи забонҳои пеш аз исломии ниёгони мо, ҳатто, забони имрӯз мурдаи лотинӣ ё ҳамон юнониро медонист. Арабиро чун забони хеш неку фаро гирифта буд, аммо қасдан аз истифодаи забонҳои ғайр, бавижа арабӣ парҳез кард ва исбот намуд, ки қудрат ва бузургии забони порсӣ ин аст: “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!”.
Ба ин рӯйхати кӯчаки вожаҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳ фармоед, ки Фирдавсӣ ба ҷои вожаҳои арабӣ истифода кардааст: олим – пажӯҳишгар, шеър – чакома, қалам – хома, мактуб, хат – нома, варақ – коғаз, симо – чеҳра, намо, садо – овоз, ово, аскар – сарбоз, хабар, иттилоъ – паём, пайғом, пайк, зарар – газанд, табиб – пизишк, амир, султон – шоҳ, подшоҳ, малика – шаҳбону, бону.
Ин моем, ки забони хешро нотавон мебинем. Бавижа, дар сад соли охир камбинии забон ба авҷи аъло расид. Бештари олимони мо хоҳанд ҳам, имконият дошта бошанд ҳам, бо забони тоҷикӣ осори илмӣ нанавиштанд. Баҳона пеш оварданд, ки забони дифои рисолаи ман русист. 
Ҳоло дар соҳаҳои тиб, табииёт, илоҳиёт, ҳисобу ҳандаса, илмҳои техникӣ, ҳайвоншиносӣ, зистшиносӣ, маъданшиносӣ, рустанишиносӣ, хокшиносӣ, зилзиласанҷӣ, кимиё, дорушиносӣ, меъморӣ, мусиқӣ, овозхонӣ фарҳангҳои соҳавӣ надорем. Агар ҳам дорем, бо шуморагони маҳдуд ва пур аз ғалат чоп шудаанд.
Баъд аз он ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, гирифториҳову душвориҳо боз ҳам афзуд. Тарҷумаи лафз ба лафз ё калима ба калимаи ифодаву истилоҳоти илмӣ аз забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ, раҳгумзадагиҳоро ба вуҷуд овард. Дар ҳоле ки баробарвазни он истилоҳҳо дар ҷилдҳои фарҳанги мо “зиндониянд” ва озодӣ мехоҳанд. Бо вуҷуди ин, таваҷҷуҳ ба осори илмии бо тоҷикии порсӣ иншошуда афзуд, ки ҷои фараҳмандист.
Дар ин росто, аз ҳар шаҳрванди соҳибзабони Тоҷикистон ва бошандагони миллатҳои дигари ин қаламрав хоҳиш карда мешавад, ки ҳаргиз ба пӯёиву паҳноварӣ ва неруи забони тоҷикии порсӣ шакк накунанд. Баръакс, донистани ҳар соҳибзабон зарур ва шарт аст:
1. Забони тоҷикии порсӣ як аср пеш аз забони лотинӣ ва дувоздаҳ сада пеш аз забони англисӣ пайдо шуд;
2. Бо ин забон ва гӯишҳои гуногуни он дар 29 кишвари дунё мардум суҳбат мекунанд;
3. Забони тоҷикӣ пас аз забони юнонӣ дувумин забони бостонии дунёст ва забонҳои лотиниву санскритӣ дар ҷойҳои сеюм ва чорум қарор доранд;
4. Забони тоҷикии порсӣ дорои беш аз 225 миллион вожа мебошад;
5. Забони тоҷикии порсӣ аз назари паҳноварӣ ва бисёрмаъноии вожаҳо яке аз се забони маъруфи дунё ба шумор меравад;
6. Соли 2024 ин забон ба рӯйхати 9 забони классикии дунё ба сиёсати маорифи Ҳиндустон (кишваре бо фарогирии 1 миллиарду 425 миллион аҳолӣ) дохил шуд ва омӯзонда мешавад;
7. Дар се кишвар мақоми давлатӣ дорад: Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон;
8. Ин забонро дар Тоҷикистон тоҷикӣ, дар Эрон порсӣ ва дар Афғонистон дарӣ ном мебаранд, ки ҳар се якест!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.11.2024 №: 227
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив