РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. ЭҲТИРОМ ВА ЭЪТИРОФИ МАРДУМИ КИШВАР АЗ ХИДМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ТАЪРИХӢ ВА МИЛЛИИ САРВАРИ ДАВЛАТ АСТ
Дар давраҳои ниҳоят тақдирсоз шахсиятҳое ба майдони сиёсат, илм ва адаб арзи вуҷуд намудаанд, ки ба туфайли истеъдоди фавқулода ва зиракию ояндабинӣ, дарки дурусти набзу талаботи замон давлату ҷомеаи худро пеш бурдаанд ва аз фалокатҳо эмин нигоҳ доштаанд. Мисоли хеле равшани чунин шахсият асосгузори империяи тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки барои вусъати ҳудуди давлати худ ва ҳифзи он ҳамеша мубориза мебурд, шахси қавиирода, ватанпараст, мубориз, ҷасур ва сиёсатмадори бузург буд.
Таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён, эъмори муҷассамаи зебо ва бузурги Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Душанбе рамзи эҳтиром ба гузаштаи миллати тоҷик ва пайванди имрӯзи истиқлоли давлатӣ бо анъанаҳои давлатдории миллӣ мебошад. Барқарор сохтани робитаи имрӯз ва гузашта барои муайян кардани роҳи оянда дар умури давлатдорӣ муҳим аст. Бесабаб нест, ки яке аз муҳаққиқони фалсафаи таърих, олими австрягӣ Отто Шпанн навиштааст: «Аз руҳи бузурги халлоқона тамоми нури таърих падид меояд. Маҳз ба туфайли он зиндагии одамони дигар воқеӣ мегардад, аз хоб ба зиндагӣ бедор мешаванд, аз зулмот ва фақр ба фаровонию нур боло мераванд».
Ҳамин масъала, ҳамчун рукни муҳими худшиносии таърихӣ барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ зарур буд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковат ва хирадмандӣ мавзуи ифтихори миллиро барои сарҷамъии халқ ва ваҳдати он ҳамчун василаи муҳим пештар ва беҳтар аз ҳама дарк намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзи интихоб шудан ба мақоми олии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат истеъдоди фитрии сарварӣ ва сазовор буданро барои иҷрои вазифаҳои бузурги таърихи навин ҷасурона нишон доданд ва бо эълони суханони басо сода, вале ваъдаи наҷотдиҳандаи миллат аз дами тӯпу теғ – «Ман ба шумо сулҳ меорам!», масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифтанд.
Ин вазифае буд, ки ба суоли будан ё набудани миллат ва давлат ҷавоб медод. Ин ваъда оғози исботи ваҳдати сухану амал ва маҳаки имтиҳони ҷавонмардӣ буд, чунонки Низомӣ гуфтааст:
Сояи хуршедсаворон талаб,
Ранҷи худу роҳати ёрон талаб.
Гарм шав аз меҳру зи кин сард бош,
Чун Маҳу Хуршед ҷавонмард бош.
Чаро Рӯзи Президентро таҷлил мекунем? Ҷавоби ин суолро дар муруре ба таърихи фоҷиабори аввали солҳои 90-уми асри гузашта метавон пайдо кард, зеро дар ин марҳалаи душвортарини таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Президенти кишвар чи гуна аз вартаи нобудӣ берун омад, имрӯз низ таҳқиқи ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Дар ҳамон солҳои мушкил, ки даҳҳо ҳазор гуреза аз макону маҳал ва Ватани азиз дар хориҷ аз он дар ҳолати ноумедию хорӣ умр ба сар мебурд ва мардуми кишвар низ дар орзуи шабу рӯзи орому пораи нони беташвиш буданд, ваъдаи сулҳ ва ба Ватан баргардондани муҳоҷирон ҳамчун нӯшдоруе дар дами марг ё мумиёӣ дар пайкари шикастаи миллат ҳисоб меёфт. Ҳокимияти фалаҷгаштаи давлатӣ, гирдиҳамоиҳои аз берун идорашаванда вазъияти тоқатфарсои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва равониро ба вуҷуд оварда буданд.
Гаравгонгирии вакилони мардумӣ ва ҷонишинони раиси Девони вазирон фазои ихтиноқоварро ба вуҷуд оварда буданд. Ин раванд ҷузъи нақшаи бузурги аз байн бурдани Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ буд. Оппозитсияи Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон низ бозичаи дасти стратегҳои хориҷӣ буд.
Дар ҳамин давра Тоҷикистон таҳти таъсири ду қувваи бузург – яке неруи байналмилалии зиддикоммунистии ғарбӣ ва дигаре ҷонибдорони ҳаракатҳои исломии минтақа қарор гирифта буд.
Ана, дар ҳамин вазъияти ниҳоят душвор ва хатарнок Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, ҷасурона, мардона, ҷоннисорона масъулияти бузурги сарнавишти халқи Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли тоҷикро бар дӯш гирифтанд ва эълон карданд, ки барои иҷрои ҳадафҳои олии миллӣ ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.
Ин зуҳури аввалин падидае буд, ки Тоҷикистон Сарвари нави худро пайдо намуд ва шуълаи умед дар дили мардуми сарсону ҳаросони тоҷик равшан гашт, ки киштии орзуяш ба соҳили мурод хоҳад расид.
Дар пеш имтиҳонҳои ҷиддӣ буданд. Пеш аз ҳама, Ҳукумати нав бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бояд ба пойтахт – шаҳри Душанбе меомад. Дар он вақт бисёр силоҳдороне дар Душанбе буданд, ки мехостанд монеи омадан ва фаъолияти Ҳукумати қонунӣ шаванд. Вале неруҳои ҳукуматӣ бо ҷонибдории аксари мардуми кишвар ин нақшаро шикастанд ва дар пойтахт фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари қонунӣ ва маънавии миллат оғоз ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо душвор аз он буд, ки иттиҳоди мусаллаҳи мухолифин дар хориҷ ва дохили кишвар амал мекард ва, воқеан, неруи барои давлат хатарнок маҳсуб мешуд, балки дар дохили Қувваҳои Мусаллаҳи давлатӣ низ гурӯҳҳои бебандубор ва душворидорашаванда амал мекарданд. Гурӯҳҳои номаълуми силоҳбадасти ғоратгару авбош низ бо суистифода аз вазъ амалҳои харобкориро анҷом медоданд ва онҳоро бесилоҳу безарар гардондан дар он шароит кори осон набуд. Ҳама рӯз ба ҷони Сарвари давлат ва ҳамсафони ӯ хатарҳо таҳдид мекарданд.
Иқтисоди кишвар комилан ба варшикастагӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Аз як тараф, корхонаҳои бузург ба сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва қатъи робитаҳои иқтисодию техникӣ, коршикании неруҳои табаддулотхоҳ аз кор монданд. Аз ҷониби дигар, бинобар вазъи ноором ва беназоратӣ моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба тороҷ мерафт. Таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва ниёзи аввалия ниҳоят душвор шуд. Ба болои ин ҳама мушкилиҳо, хатари гуруснагӣ фарогири ҷомеа гардида буд.
Бузургии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин шароит дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим баръало намоён гашт. Ба мардум додани 75 ҳазор гектар замин ҷиҳати аз гуруснагӣ наҷот додани аҳолӣ ва бо ғалла таъмин намудан кори хеле оқилона буд ва натиҷаи дилхоҳ дод.
Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, созмонҳои бузурги байналмилалиро ба ҳодисаҳои Тоҷикистон ҷалб намоянд ва асли воқеаҳои рухдодаро фаҳмонанд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи давлатҳои пасошуравӣ, бахусус, Россия ва мамолики Осиёи Марказиро ба он ҷалб намуданд, ки ин хатар на танҳо ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, балки дар сурати аҳамият надодан ба пешгирии он, метавонад дар он ҷойҳо низ алангааш бархезад. Мантиқи қавӣ ва суханрониҳои боварибахши Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳлили вазъи Тоҷикистон ва бо воқеаҳои Афғонистон низ алоқаманд будани ҳодисаҳои кишвари мо давлатҳои зинафъро водор сохт, ки ба воқеаҳо баҳои дуруст дода, барои таъмини субот ёрӣ расонанд.
Дурандешӣ ва тафаккури стратегии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар он зуҳур ёфт, ки бо дарки нангу номус барои ба Ватан овардани гурезагон, махсусан аз Афғонистон, ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ доданд. Дар айни замон, ба музокирот бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифон оғоз карданд ва кӯшиш намуданд, ба онҳо фаҳмонанд, ки бо забони силоҳ гуфтугӯ кардан ба ғайр аз бадбахтию парокандагӣ чизи дигаре ба бор нахоҳад овард. Қатъи назар аз хатарҳое, ки шахсан ба ӯ таҳдид доштанд, бо сарсупурдагӣ барои иҷрои вазифаи умумимиллӣ ва таърихии худ ба Бадахшон, Хусдеҳи Афғонистон ва минтақаҳои дигар сафарҳо ва мулоқотҳо анҷом доданд.
Натиҷаи ҳамин ҷонбозиҳо буд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав имзо шуд. Аз ҳамон рӯз, ки башорати сулҳ ва ваҳдати тоҷикон баъд аз муқовиматҳои чандинсола ба мардуми кишвар расид, Эмомалӣ Раҳмон амалан ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардиданд. Боварии мардум ва меҳру муҳаббаташ ба ин чеҳраи тобноки таърих беандоза зиёд гашт. Тоҷикистон соли 1994 Конститутсияи нави худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, сохти идораи президентӣ дар шароити нави таърихӣ мувофиқ дониста шуд.
Масъалаи дигаре, ки ҳамзамон бо ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус, дар радифи се ҳадафи стратегӣ мебоист мавриди назар қарор бигирад, таҳлили вазъи фарҳанг ва тафаккури миллӣ буд. Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шуравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, он ноқис буда, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат ба эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърихи халқамон ҳамчун ҷузъи муҳими маҷмуи унсурҳои ташаккулдиҳандаи миллат руҷуъ намуданд. Ба ғайр аз Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, чорабиниҳои умумимиллии фарҳангӣ, аз қабили 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, ҷашнҳои бузургдошти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, 1310-солагии Имоми Аъзам, эълони Наврӯзи байналмилалӣ, таваҷҷуҳи махсус ба забони давлатӣ, нашри осори таърихию адабӣ ва ғайра барои боло рафтани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ хеле мусоидат намуданд.
Яке аз корҳои муҳим ва ватанпарастонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ва ғамхорӣ ба илм аст. Маҳз ба шарофати пуштибонии Президенти кишвар дар ҷумҳуриамон Академияи илмҳо на танҳо боқӣ монд, балки мақоми миллиро соҳиб гашт. Ин иқдомҳои фарҳангӣ ва илмии Президенти мамлакат аз ҷумлаи корҳои фундаменталӣ дар фаъолияти сохтмони давлати навини миллӣ мебошад, ки асоси маънавиёти ҷомеаро ташкил медиҳад. Асарҳои илмии Президент аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ», мақолаҳо ва суханрониҳо оид ба чеҳраҳои мондагори миллат, забони давлатӣ ва ғайра барои вусъати таҳқиқотҳои илмӣ низ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Масъалаи ташаккули шуури таърихӣ ва худшиносии миллӣ ҷиҳати боло бурдани масъулияти шаҳрвандон барои таҳкими давлати миллӣ ва ғуруру ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ кори мавсими намебошад. Ташаккули шуури солими муқаррарӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст ва он давраи нисбатан тулониро дар бар мегирад. Ин масъала рушди донишу маърифатро тақозо менамояд ва махсусан ҷавонону наврасон, ки ояндаи давлату кишвар ба онҳо тааллуқ дорад, ба таълиму тарбияи солим ва фарогири тамоми ҷомеа ниёз доранд. Бо дарназардошти ин мушкил, Президенти муҳтарам барои таҳкими асосҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аҳамияти доимӣ медиҳанд ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ биноҳои зиёд барои мактабҳои миёнаю олӣ сохта, бо васоити техникӣ, аз ҷумла компютерҳо, таъмин гардиданд, барои кӯдакони болаёқат мактабҳои махсус бунёд шуданд. Президенти кишвар ба ҳалли масъалаи муҳимтар ва асосӣ: тайёр кардани омӯзгорони босалоҳият ва боло бурдани сатҳу сифати дониш супоришҳои қатъӣ додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сиёсати дохилии фарҳангӣ таблиғи ин сиёсатро дар арсаи байналмилалӣ низ вусъат бахшиданд.
Баргузории Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва ҳамоишҳои дигари байналмилалии фарҳангӣ, намоиши дастовардҳои фарҳанги халқи тоҷик, суханронии Президенти Тоҷикистон дар таърихи чорабиниҳои фарҳангии ЮНЕСКО саҳифаи тозае дар муаррифии фарҳанги тоҷик гувоҳи равшани саҳми Сарвари давлат дар гуфтугӯи тамаддунҳо буд. Таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин нукта, ки ислом ва терроризмро набояд айният дод, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле бамаврид буд.
Дар феҳрастҳои ҷаҳонӣ ворид шудани шоҳкори мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом», ёдгории таърихии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, эълони шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳ, Наврӯз ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ аз тарафи СММ ва ғайра аз эътирофоти созмонҳои байналмилалӣ дар даврони истиқлолият ва ифтихори баланди миллии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти фарҳангпарвар шаҳодат медиҳанд.
Мулоқотҳои ҳамешагии Сарвари давлат бо зиёиён, сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бохабар будан аз ҳаёти мардуми одӣ, ғамхорӣ ба ҷавонон, маъюбон, ятимон, эҳтиёҷмандон аз ҳисси амиқи инсондӯстӣ, аз дили бузург ва фарҳанги гуманистиашон шаҳодат медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвари соҳибистиқлоламон хастагинопазирона заҳмат мекашанд, барои вусъати ҳамкориҳо ва робитаҳои гуногунҷабҳа бо тоҷикони бурунмарзӣ тадбирҳо меандешанд, бори бузурги амонати таъриху давлатро мекашанд, то ки халқи соҳибдавлати тоҷик хушбахту сарбаланд бошад. Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлати тоҷикон ва баланд бардоштани мақоми олии ин ниҳоди давлатӣ дар таърихи муосир мебошад.
Кароматулло ОЛИМОВ, академик
Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229