КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ, АМОНӢ АСТ МАҚСАДАШ!
Расад ҳазору як садо зи ҳар дами хамӯши ӯ,
Расад зи халқ пештар ҳама хабар ба гӯши ӯ.
Садои сулҳу ҷангҳо, садои ному нангҳо
Фикандааст зиндагӣ чӣ борҳо ба дӯши ӯ.
Кӣ бештар аз ӯ кашад азобу ранҷи солҳо?
Кӣ пештар аз ӯ диҳад ҷавоб бар саволҳо?
Ватан китоби ҳоли мо, ҳаёти безаволи мо,
Кӣ пештар аз ӯ занад варақ китоби ҳолҳо?
Қатори ҳар фитода ӯ фитад зи ғуссаҳои беш,
Баробари супурдаҷон барад зи ёд ҷони хеш.
Гаҳи ғазаб ба ӯ расад нахуст тири ҳар нигоҳ,
Ба даҳр кист мисли ӯ ҷигаркабобу синареш?
Надидааст ҳеҷ кас ба мисли ӯ азобро,
Фақат ба хоб бинад ӯ чӣ лаззат аст хобро.
Сутуни қасри миллат аст, умеди халқу давлат аст,
Ҳама чу нуқтаанд агар, бимонад ӯ хитобро.
Ватан диёри орзу, замини сабзи бахти мост,
Зи файзи хоку оби ӯ пур аз самар дарахти мост.
Либоси нангро ливо ба рӯзи сахт мекунем,
Ватан дари уммеди мо, бақои тоҷу тахти мост.
Кафили сулҳу ваҳдат аст, амонӣ аст мақсадаш,
Ҳалок хасми ӯ шавад, агар барояд аз ҳадаш.
Барои ҳифзи модараш, чу кӯҳсори кишвараш,
Ба вақти сели ҳамлаҳо сипар шавад ба
сарҳадаш...
Ҳазору як садо расад зи ҳар дами хамӯши ӯ,
Расад зи халқ пештар ҳама хабар ба гӯши ӯ.
Садои сулҳу ҷангҳо, садои ному нангҳо,
Фикандааст зиндагӣ чӣ борҳо ба дӯши ӯ...
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон