РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РӮЗИ ҲАМДИЛИИ МИЛЛАТ
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд. Таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олӣ хатари пош хӯрдани давлат ва парокандагии миллат пешгирӣ гардида, ҷиҳати баровардани ҷомеа аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Гузашта аз ин, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян шуда, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва ташаккули қонунгузории миллӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ заминаҳо фароҳам гардиданд.
Хотима додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардондани гурезагон ва фароҳам овардани замина барои ваҳдати миллӣ аз душвортарин вазифа дар оғози фаъолияти роҳбарияти нави кишвар маҳсуб меёфт. 6-уми ноябри соли 1994 дар шароити ниҳоят душвори таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шаҳрвандони мамлакат бо боварию эътимод ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму пурмасъул интихоб намуданд.
Роҳбари тозаинтихоби давлати тоҷикон бо шарофати хиради фитрӣ, заковати сиёсӣ ва ҷасорати беназири худ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд сулҳу осоиш ва ризоияту ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин намоянд. Дар он солҳои мудҳиш дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, чунин вазъият оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор менамуд.
Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат 2-юми декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” фармон ба имзо расонданд. Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Бо саъйу кӯшишҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, дар минтақаҳои гуногуни олам истифода шуда истодааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бунёдгузори заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ ва пешбару илҳомбахши сиёсат дар ин самт маҳсуб меёбанд. Ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 изҳор намуда буданд: “Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд такмил дода шуда, бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузошта шавад”.
Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки натиҷаи амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон якдилона қабул гардид. Ин Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Ин санади тақдирсоз муносибатҳои муҳимтарини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро ба танзим даровард. Аз ҷумла, мақом ва салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян намуд. Дар робита бо ин, бо назардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида, яъне боби 9 Конститутсия ба фаъолияти прокуратура бахшида шуд. Дар он ваколат, вазифа ва самтҳои асосии прокуратура муайян гардида, ҷиҳати фаъолияти самараноки он заминаҳои устувори ҳуқуқӣ-конститутсионӣ фароҳам оварда шуд.
Дар асоси Конститутсия қонунҳои муносибатҳои нави ҷамъиятиро батанзимдароранда, аз ҷумла оид ба рамзҳои давлатӣ, забон, мақоми ҳуқуқӣ ва ваколатҳои ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти миллӣ, мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ, иқтисодиёт, истифодаи сарватҳои табиӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг қабул гардиданд. Дар таҳия ва қабули ин қонунҳо саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Роҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроия басо муҳим аст.
Қобили зикр аст, ки ҷузъи муҳими низоми ҳуқуқии кишварро, ҳамзамон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз ҷониби Роҳбари давлат, ҳамчунин, як қатор стратегия ва консепсияҳо, ба монанди стратегияҳои муқовимат бар зидди коррупсия, экстремизм ва терроризм қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бо назардошти ин хидматҳо, мардуми миннатпазири Тоҷи-кистон фарзанди барӯманди худ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 25-уми декабри соли 2015 бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор дониста, тибқи илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14-уми майи соли 2016, 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент эълон гардид.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар замони истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, сатҳи зиндагии мардуми кишвар баланд бардошта шуд. Мисоли равшан ин аст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 50 баробар, даромадҳои буҷети давлатӣ 97 баробар, гардиши савдои хориҷӣ 35 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз ба 21 фоиз паст карда шуд.
Дар ин давра Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, тавассути бунёди шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавӣ байни ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ рафтуомади доимӣ таъмин ва бо кишварҳои ҳамсоя алоқаи нақлиётӣ барқарор гардид.
Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир мунтазам масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд бардоштаанд. Чунончи, то кунун 6 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, перомуни онҳо қатъномаҳои махсус қабул гардидаанд.
Нақши Пешвои миллат дар рушди мақомоти прокуратура хеле бузург буда, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ шуд.
Сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил дода шуда, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Ин ғамхориҳо моро водор менамоянд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҳамеша пуштибонӣ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафт ва рушду нумуи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон фаъолиятро дучанд намоем.
Боварии комил дорем, ки халқи тоҷик хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша қадрдонӣ хоҳанд намуд.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон