ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИРАДМЕҲВАР Ё ФАРҲАНГИ КИТОБДӮСТӢ ДАР ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ХИРАДМЕҲВАР Ё ФАРҲАНГИ КИТОБДӮСТӢ ДАР ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

15 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0


Чун рӯз рӯшан аст, ки ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ овардан ба таърихи гузашта,  арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, шинохти маърифат ва дар ниҳоят идомаи анъанаҳои илмию маърифатӣ ба сатҳи нав баромад. Пешвои муаззами миллат маҳаки асосии пешрафти ҷомеаро дар рушди илму маърифат ва таҳкими фарҳанги китобдӯстӣ шинохта, дар ин самт иқдомоти бесобиқаеро ба роҳ монданд. Бунёди калонтарин махзани китоб дар пойтахти мамлакат, ки дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад, аз ҷумлаи чунин иқдомоти муҳиму маърифатгустар ба шумор меравад.
Президенти мамлакат ҳанӯз 4-уми сентябри соли 2007 зимни гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ чунин таъкид намуда буданд: “Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат мешумориданд. Аниси кунҷи танҳоӣ ва  фурӯғи субҳи доноӣ медонанд”. Ҷолибтарин иттифоқот дар пайванд ба ин иқдом он аст, ки аз ҳамон рӯз эътиборан 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб ба тақвими идҳои миллӣ ворид шуд ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар зарфи панҷ сол бунёд ва соли 2012 ба фаъолият шуруъ кард, дар масоҳати 44 ҳазору 78 метри мураббаъ доман густарда, дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, толорҳои маҷлисӣ ва чопхона мебошад. Ҳоло теъдоди хазинаи Китобхона зиёда аз шаш миллион нусха китобро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3 миллион нусха хизинаи Китобхонаи давлатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ ва боқимонда саҳми аҳолии мамлакат ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки мардуми шарафманди тоҷик баробари дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтани Роҳбари тавонои худ, ҳамеша иқдому ташаббусҳои ояндасозашонро содиқонаву самимона дастгирӣ менамоянд. Як далели равшан дар ин маврид баъд аз ҳамин даъвати Сарвари давлат ворид шудани китобу сарчашмаҳои илмию таълимӣ ба китобхонаҳост, ки бо ҳамовозии тамом сурат гирифта буд.
Айни замон бо камоли хушнудӣ метавон гуфт, ки дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти маҳбуби кишвар фаъолияти китобдорӣ, ки бахши муҳими сиёсати фарҳангӣ ба шумор меравад, ба маҷрои наву ояндадор равона гардидааст. Дар ин замина, Муассисаи давлатии “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ  дар шаҳри Душанбе, ки дорои беш аз 500 ҳазор китоб аст, фаъолияти худро таҳким бахшида, барои аҳли китоб ва ҷомеа шароити хуби хидматрасониро таъмин намудааст. Дар ин робита, нуктаи асосӣ ва қобили таъкид ин аст, ки ҷомеаи имрӯзи мо, новобаста аз дигар абзорҳои мавҷудаи иттилоотӣ, ба китобу китобхонаҳо рӯ оварданд ва ҷаҳони маънавии худро пайваста такмил мебахшад. Зеро дар ҷаҳони имрӯза, танҳо илму маърифат аст, ки моро аз ҳар гуна газандҳои рӯзгор эмин медоранд.

Раҷабалӣ НУРОВ,
мудири китобхона-шуъбаи бачагонаи №5-уми
МД "Китобхонаи марказонидашудаи 
шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ"

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив