ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.  АБАРМАРДИ ДУНЁИ СИЁСАТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.  АБАРМАРДИ ДУНЁИ СИЁСАТ

15 ноябр 2024, Ҷумъа
33
0


Дар замони муосир рушди бемайлони илму техника барои инсоният шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда бошад ҳам, аз ҷониби дигар, башарият дар асри XXI дучори буҳронҳои зиёди глобалӣ шудааст. Яке аз чунин буҳронҳои ҷиддӣ тағйирёбии иқлим ба шумор меравад, ки ин падида боиси норасоии оби аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон гардида аст. Ин  падидаи номатлуб тамоми сайёраи Заминро ба чолиш кашида, оқибатҳои хатарноки он ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳолати ногувор гузоштааст. Бинобар ин, андешидани чораҳои ҷиддӣ ҷиҳати бартараф намудани ин буҳронҳои экологӣ имрӯз кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими сайёра эътироф гардидааст. Дастёбӣ ба чунин мақоми баланд самараи сиёсати оқилонаи хориҷӣ аст, ки кишвари мо дар доираи сиёсати “дарҳои кушода” роҳандозӣ менамояд. Сиёсати “дарҳои кушода” дар тули даврони истиқлол дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ ва хориҷӣ равона намояд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳияти худ сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона, созанда ва муваффақона будааст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда аз бонуфузтарин минбарҳои байналмилалӣ проблемаи доғи сайёра – пешгирии хатарҳои экологиро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои арзандае кардаанд.
Таҳия ва татбиқи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидашудаи байналмилалӣ бо назардошти ҳадафҳои ба манфиатҳои олии Ватан айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Дар даврони истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷӣ коркард ва пешниҳоди ташаббусҳо баҳри ҳифзи муҳити зист ва таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза аст, ки аз давраҳои аввали қарни нав Тоҷикистон онро аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили вобаста ба об ва ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарии худ ташаббускор мебошанд. 
Пешвои миллат пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ доир ба таҳдиди хатарҳои тағйирёбии иқлим баромад намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб карда, ба манфиати башар пешниҳодҳо менамоянд. 
Ин аст, ки 5 ташаббуси муҳими Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ пазируфта шуд. Ин ташаббусҳо чунин буданд:
1. Соли 2003 – Соли байналмилалии “Оби тоза”,
2. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, 
3. Соли  2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,
4. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,  
5.  Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани даъвату ташаббусҳои Президенти мамлакат обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошт ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли проблемаҳои экологии об маъруфу маҳбуби оламиён гардонд. 
Боиси сарфарозист, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  бо қабули қатъномаи махсуси худ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард ва аз соли 2025 сар карда, ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил  мегардад. 

Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА, ходими калони илмии Институти илмию таҳқиқотии “Рушди устувор ва иқтисоди сабз”-и назди Донишгоҳи  байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив