МЕҲРНОМА АЗ РАШТ
Ривоҷиддин Тоҷиддин, собиқадори соҳаи маориф:
– Вақте ёди он рӯзҳо мекунам, пеш аз ҳама, бо ҷонибдории вакилон дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шурои Олӣ Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назарам меояд. Аз толори Иҷлосия ба сӯи минбари баланди он ҷавонтарин вакил, Сарвари тозаинтихоб бо чеҳраи зебои тоҷикона, бо як ғурури ба худ хос, бо ҳазорҳо фикру хаёли ояндаи Ватан дар сар роҳ пеш гирифт. Сари минбар лаҳзае таваққуф кард. Шояд, дар ин лаҳзаи кӯтоҳ таърихи гузаштаи миллатро варақгардон карда, аввалин суханаш “Ман ба шумо сулҳ меорам”-ро ба забон овард. Ин лаҳзаҳо гиря гулугирам мекарду аз шодӣ, аз дидаҳоям ашк мерехт. Ҳамон вақт дарк кардам, ки ана акнун миллати мо соҳибашро ёфт. Бо гузашти солҳо, вақт муаяйн намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, ҳамчун як нобиғаи нотакрор давлату миллатро соҳибӣ карда тавонист ва аз нобудшавӣ наҷот дод. Ӯ Пешвои воқеии миллати мост.
Мирзо Ҳомид, собиқадори соҳаи фарҳанг:
– Дар таърихи миллати тоҷик симои ду абармард аз саҳифаҳои он ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд ва бо хатти заррин навишта хоҳад шуд. Яке Исмоили Сомонӣ ва дигаре Эмомалӣ Раҳмон. Аввалӣ агар пойдевори давлати тоҷиконро гузошта, барои аз байн нарафтани забону миллат ҷоннисорӣ карда бошад, дувумӣ онро ба интиҳо расонда, ҷамъбаст кардааст. Ва мо мардуми шарифи тоҷик ба ивази ин ҳама ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззамамон, ки барои мову Ватани мо ҷони худро нисор кардан мехостанд, бояд нисбат ба ӯ ҷоннисор бошем ва Роҳбари давлатро аз худу наздиконамон бештар дӯст дорем ва ба ин васила, дар ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Президентро ситоиш намудан маддоҳӣ нест. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлати шуравӣ чандон пешрафта набуд, аммо маҳз меҳру муҳаббати миллатҳои гуногун ба Ватану ба Роҳбари давлат Сталин буд, ки давлати шуравӣ аз болои фашизм ғалабаи комилеро ба даст овард. Арҷ гузоштан ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат арҷ гузоштан ба миллату давлат аст. Эҳтирому дӯст доштани Президенти маҳбубамон нишонаи худшиносӣ ва ватандорист.
Бинобар ин, аллаи модарон бояд бо сурудҳои ба Президент бахшида шуруъ гардад. Дар муассисаҳои таълимӣ оғози ҳар як дарс бояд бо номи Пешвои муаззами миллат шуруъ гардида, анҷоми он бо номи Президенти маҳбубамон ҳусни хотима ёбад. Эҳтирому дӯст доштани Президент, эҳтирому дӯст доштани давлату миллат аст.
Ватанзода Алишер Нуриддин, омӯзгори ҷавон:
– Мо насли хушбахте ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваллуд шудаву ба воя расидем. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи мо – ҷавонон, хеле зиёд аст. Мо замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба ёд надорем, вале аз гуфтаҳои калонсолон мешунавем, ки маҳз ҳамин абармард буд, ки Ватани мо осудаву ором гашт, ваҳдати миллӣ ба даст омад. Хавфи аз байн рафтани давлату миллатро бартараф кард. Имрӯз мо дар фазои сулҳу амонӣ ба сар мебарем ва орзую ормонҳоямонро амалӣ месозем. Ҳамеша кӯшиш бар он мекунем, ки чун пайравони Пешвои бузургамон дар ҷодаи ободонию созандагии кишвар саҳмгузор бошему истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ҳаргиз намегузорем, ки нохалафе ба сулҳу амнияти мо халал ворид созад.
Зубдахон Валиева, дӯзанда:
– Мо, занону модарони раштӣ, Пешвои миллатро воқеан ҳам дӯст медорем. Чунки он рӯзҳои сахту сангинро ба ёд меорему шукронаи имрӯзро мекунем. Рӯзҳое ба сарамон омада буд, ки ҳам дар ғами нон будему ҳам дар ғами ҷон. Ҳам ғами худ мехӯрдему ҳам ғами фарзандон. Ноҳияи мо яке аз маҳалҳои ҷангзада дар он рӯзҳо ба шумор мерафт. Ҳеҷ бовар надоштем, ки боз ба чунин рӯзҳо мерасем. Маҳз Пешвои миллат лаҷоми сиёсатро ба даст гирифтанду Ватанамонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карданд. Кишварро ободу зебо, орому осуд намуданд. Азобҳои кашидаамонро дар он рӯзҳо пеши назар меорему ба фарзандонамон нақл мекунем. Шояд, барои онҳо афсона бошанд, вале ҳақиқати талхи таърих ҳамин аст. Ҳамеша таъкидашон менамоем, ки эҳтироми Пешвои миллатро ҳама вақт ба ҷо биоранду ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд ва ба давлату миллати худ ҳамеша содиқ бошанд.
Дилноза Халилова, донишҷӯи ДОТ дар ноҳияи Рашт:
– Мо, духтарони раштӣ, ҳамеша сипоси Пешвои муаззами миллатамонро мекунем. Ин марди бузург барои ҳар яки мо ба монанди падар азиз аст. Ғамхориҳое, ки Роҳбари давлат барои мо мекунад, ҳеҷ падаре ба фарзандаш намекунад. Вақте ки дар минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ баромад менамоянд ва ташаббусҳояшон дастгирӣ меёбанд, аз хурсандӣ ҷойи нишасти худро намеёбем. Ифтихор мекунем, ки чунин Роҳбари бузург дорем. Маҳз бо саъю талошҳои ӯ дар ноҳияи дурдасти мо Донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият мекунаду мо, ҷавондухтарон дар он ҷо таҳсил менамоем. Касе монеи таҳсили духтарон намешавад. Туфайли чунин ғамхориҳои Пешвои муаззамамон кӯшиш мекунем, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда барои халқу Ватани азизамон хизмат кунем.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”