ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ДОКТОРИ ИФТИХОРИИ ДОНИШГОҲИ МАВЛОНО ТО МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ «БАРОИ МУСОИДАТ БА РУШДИ ИЛМ»

АЗ ДОКТОРИ ИФТИХОРИИ ДОНИШГОҲИ МАВЛОНО ТО МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ «БАРОИ МУСОИДАТ БА РУШДИ ИЛМ»

15 ноябр 2024, Ҷумъа
21
0


Дар замони истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои гуногун бо устодону донишҷӯёни бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ дидору мулоқот анҷом додаанд. 

Ба хотири хизматҳои шоён ва рушду таҳкими равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи илму маориф бо унвону ҷоизаҳои олӣ, аз ҷумла профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ (15-уми январи соли 2000), ҷоизаи Ассотсиатсияи байналхалқии академияҳои улуми мамлакатҳои ИДМ “Медал барои мусоидат ба рушди илм" (17-уми апрели соли 2001), медали тиллоии ЮНЕСКО ба номи Абуалӣ ибни Сино (31-уми октябри соли 2002), доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия (20-уми январи соли 2006), профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев (5-уми майи соли 2006), доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (8-уми декабри соли 2008), медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО (5-уми майи соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии маъдани Урал (15-уми июни соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов (23-юми октябри соли 2009), доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия (23-юми октябри соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (18-уми июни соли 2010), мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия – медали тиллоии ба номи Николай Блохин (1-уми октябри соли 2010), унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии маъдани Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев (16-уми ноябри соли 2011), мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Федератсияи Россия – медали тиллоӣ (18-уми ноябри соли 2011), профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (2-юми июни соли 2012), профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон (23-юми августи соли 2012), доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия (17-уми декабри соли 2012), медали “60 - солагии ЮНЕСКО” (20-уми августи соли 2013), профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус (24-уми майи соли 2014), профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия (26-уми июни соли 2014), профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, шаҳри Брюссел, 2-юми июли соли 2015), профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфаи Федератсияи Россия (8-уми июли соли 2015), доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон (12-уми ноябри соли 2015), доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон (11-уми августи соли 2018), доктори фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Япония (4-уми октябри соли 2018) ва доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира (10-уми марти соли 2022) қадрдонӣ гардидаанд.
Бо истифода аз маълумоти president.tj

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив