ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)» 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)» 

18 ноябр 2024, Душанбе
246
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» аз 22 апрели соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 139; с. 2016, №3, мод. 153, №11, мод. 891; с. 2019, №1, мод. 27) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои лизинг равона гардидааст.».
2. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти лизингӣ ва лизинги молу мулке, ки ба ашёи ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ пешбинӣ гардидааст, паҳн мегардад.».
3. Дар моддаи 2: 
- дар сархати дуюм ва матни қонун калимаҳои «мавзӯи», «Мавзӯи», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳое», «ӯҳдадориҳоро», «Ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлаташ», «мӯҳлатҳои» ва «Мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «мавзуи», «Мавзуи», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «уҳдадории», «уҳдадориҳое», «уҳдадориҳоро», «Уҳдадориҳои», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлаташ», «муҳлатҳои» ва «Муҳлати» иваз карда шаванд; 
- дар сархати шашум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «ашёву анҷоми» ба калимаи «ашёи» иваз карда шаванд.
5. Сархати дуюми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- лизинггир - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки объекти лизингро тибқи шартҳои муайян ба соҳибии муваққатӣ ва истифода қабул менамояд;».
6. Дар моддаи 6:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Сублизинг» ва «сублизинг» мувофиқан ба калимаҳои «Иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» ва «иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» иваз карда шаванд;
- аз қисми якум калимаҳои «зеркирояи мавзӯи» хориҷ карда шаванд.
7. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.».
8. Дар қисми дуюми моддаи 8:
- дар банди б) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) ҳангоми бегона намудан ё ба гарав гузоштани мавзуи лизинг лизинггирро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони сеюм нисбат ба он огоҳ намояд.».
9. Дар зербанди е) қисми якуми моддаи 9 калимаи «сублизинг» ба калимаҳои «иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» иваз карда шавад.
10. Қисми чоруми моддаи 15 хориҷ карда шавад.
11. Аз ном ва матни моддаи 20 калимаҳои «(амортизатсияи)» ва «(амортизатсияро)» хориҷ карда шаванд.
12. Аз қисмҳои якум ва дуюми моддаи 24 рақам ва калимаҳои «(180 рӯз),» ва «(литсензияи)» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2111

Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид 
намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, №1438

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 555



ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз 18 ноябри соли 2023, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2023, № 11, мод. 484; с. 2024, № 3-4, мод. 158, №5-6, мод. 248; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2024, №2083) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“18. Воридоти таҷҳизоту техникаи замонавӣ, аз ҷумла 4 автобуси мусофиркашонии тамғаи COBUS, 5 таҷҳизоти аксрезии тамғаи Hi-Scan, 1 нақлиёти махсуси боркунандаю фарорандаи худҳаракати дупалагӣ барои контейнерҳои 14-тонагии тамғаи  WGSJT, 1 нақлиёти махсус барои коркарди зиддияхбандии ҳавопаймо, 2 нақлиёти махсуси зиддисӯхтории аэродромӣ ва 2 нақлиёти махсус аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ки барои истифода дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2114
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2024, № 1455



ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, № 7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; с. 2021, №1-2, мод. 1, №4, мод. 191, №12, қ. 1, мод. 680) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар қисми 3 моддаи 2, матни моддаи 21, сархати сеюми қисми 3 моддаи 23, сархати шашуми қисми 1 моддаи 25, сархати якуми қисми 1 моддаи 29, сархати якуми қисми 2 моддаи 32, ном ва матни моддаи 33, сархати нуздаҳуми қисми 1 моддаи 37, ном ва матни моддаи 59, сархати якуми қисми 1 моддаи 62, сархати дуюми қисми 3 моддаи 70, сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 71, сархатҳои якум ва чоруми моддаи 73, матни моддаи 76, қисми 1 моддаи 82 ва сархати якуми моддаи 123 калимаҳои «гражданӣ», «парвандаҳои гражданӣ», «парвандаҳои граждании» ва «парвандаҳои гражданиро» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ», «парвандаҳои маданӣ», «парвандаҳои мадании» ва «парвандаҳои маданиро» иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 ва қисми 2 моддаи 108 калимаҳои «забони давлатиро донад» ба калимаҳои «забонҳои давлатӣ ва хориҷиро донад» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 18: 
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «сохтани қобилияти амали» ба калимаҳои «намудани қобилияти амалкунии» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «ғоиб» ва «фавтида» мувофиқан ба калимаҳои «ғоибшуда» ва «вафоткарда» иваз карда шаванд;
- сархати нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо асосҳои ғайрисафедкунанда рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати судя ё қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ;».
4. Дар сархати сивуҳафтуми қисми 1 моддаи 37, сархати ёздаҳуми моддаи 38, сархати даҳуми қисми 2 моддаи 39, сархати панҷуми моддаи 40, сархати ҳафтуми моддаи 41, сархати сиюми қисми 1 моддаи 53, сархати шашуми моддаи 54, сархати ҳафтуми моддаи 55, сархати даҳуми моддаи 63, сархати сеюми моддаи 64, сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 77, сархати ҳафтуми моддаи 78, сархати шашуми қисми 1 моддаи 83, сархати сеюми моддаи 84 ва сархати сеюми моддаи 89 калимаҳои «шаҳрвандонро» ва «қабули шаҳрвандон» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро» ва «қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд. 
5. Ба қисми 1 моддаи 91 пас аз калимаҳои «омори судӣ,» калимаҳои «дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо,» илова карда шаванд. 
6. Моддаи 981 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 981. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо 
Судҳо барои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор меандешанд. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2084


Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1346

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 528



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990;  с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2,  мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011,  №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012,  №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1,  мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3,  мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3,  мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5,  мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9,  мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7,  мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901, с. 2021, №6, мод. 384,  мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689;  с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 47 пас аз калимаҳои «низоми вазъи фавқулодда» калимаҳои «ва ҳолати ҷангӣ» илова карда шаванд.
2. Дар санксияи моддаи 123 калимаҳои «бист то сӣ» ба калимаҳои «сӣ то чил» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 471:
- дар номи модда калимаҳои «вазъияти ҳарбӣ» ба калимаҳои «ҳолати ҷангӣ» иваз карда шаванд; 
- дар диспозитсияи модда калимаҳои «муқарраршудаи низоми вазъияти ҳарбӣ» ба калимаҳои «муқарраршуда дар шароити ҳолати ҷангӣ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ РАҲМОН     
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2086

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 майи соли 2024, № 1339

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 530


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008,  № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, №1, мод. 7, №7-8, мод. 523; с. 2019, №1, мод. 7; с. 2020, №4-5, мод. 235, №12, мод. 905; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 692; с. 2022, №1-3, мод. 8, №7, мод. 441, №12, қ. 2, мод. 771), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 149 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- давлати хориҷӣ дорои масунияти судӣ мебошад.».
2. Моддаи 230 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 230. Масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ
1. Масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва қонунҳо муайян карда мешавад.
2. Даст кашидан аз масунияти судӣ бо тартиби пешбининамудаи қонуни давлати хориҷӣ ё қоидаҳои ташкилоти байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҳолат суди иқтисодӣ парвандаро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.».
3. Боби 301 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
 «БОБИ 301. ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ
Моддаи 2351. Мурофиаи судии парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ
1. Пешниҳод намудани даъво ба суди иқтисодӣ нисбат ба давлати хориҷӣ, ҷалби давлати хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, гузоштани ҳабс ба молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, андешидани тадбирҳои таъминотии дигар нисбат ба ин молу мулк, ситониш аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои ҳалномаҳои суди иқтисодӣ, инчунин баррасии аризаҳо дар бораи эътироф ва иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ нисбат ба молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, амалӣ карда мешаванд.
2. Парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ бо тартиби қоидаҳои умумии истеҳсолоти даъвогӣ бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи боби мазкур, бобҳои 29 ва 30 Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо баррасӣ карда мешаванд. Ариза дар бораи эътироф ва иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои хориҷӣ нисбат ба молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб, боби 28 Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 2352. Салоҳияти судҳои иқтисодӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ
Салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 4 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 2353. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии давлати хориҷӣ, намояндагӣ 
1. Давлати хориҷӣ баробари ташкилотҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебарад ва уҳдадориҳои мурофиавиро ба зимма дорад, аз ҷумла ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаро дар суди иқтисодӣ ба воситаи намоянда ба роҳ монад.
2. Ваколатҳои намояндаи давлати хориҷӣ бояд дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда ифода ёбанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлати хориҷӣ, бо назардошти талаботи пешбининамудаи моддаи 234 Кодекси мазкур, ба расмият дароварда шаванд.
3. Намояндаи давлати хориҷӣ ҳуқуқ дорад аз номи давлати хориҷие, ки ӯ вакилӣ мекунад, ҳама амалҳои мурофиавиро анҷом диҳад, ба истиснои амалҳои дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда, агар дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки давлати хориҷӣ додааст, бояд ҳуқуқҳои зерин махсус зикр гарданд:
1) имзо намудани ҷавоби аризаи даъвогӣ;
2) эътироф намудани даъво;
3) даст кашидан аз масунияти судӣ, масуният нисбат ба тадбирҳои таъминотии даъво, масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд;
4) пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво, тағйир додани асос ё мавзуи даъвои муқобили даъво;
5) бастани созиши оштӣ ва созиш аз рӯйи ҳолатҳои воқеии парванда;
6) ба шахси дигар вогузоштани салоҳияти намояндагии худ;
7) гирифтани хабарномаи судӣ (аз ҷумла нусхаи санадҳои судӣ);
8) шикояти санадҳои судӣ;
9) имзо ва пешниҳод намудани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоршуда;
10) гирифтани маблағ ва дигар молу мулки ба фоидаи ӯ гузарондашуда.
Моддаи 2354. Пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ
1. Аризаи даъвогӣ нисбат ба давлати хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида бояд ба талаботи моддаҳои 124 ва 125 Кодекси мазкур мувофиқат намоянд.
2. Ба аризаи даъвогӣ инчунин тарҷумаи ба таври дахлдор тасдиқгардида ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида ба забони расмӣ ё яке аз забонҳои расмии давлати хориҷии дар парванда иштироккунанда замима карда мешаванд.
Моддаи 2355. Хусусиятҳои андешидани тадбирҳо оид ба таъмини даъво 
1. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво аз ҷониби суди иқтисодӣ тибқи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда бо тартиби муқаррарнамудаи боби 8 Кодекси мазкур андешида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он аз масуният нисбат ба тадбирҳо оид ба таъмини даъво бархурдор бошанд ва давлати хориҷӣ аз ин масуният даст накашида бошад.
2. Тадбирҳое, ки суди иқтисодӣ оид ба таъмини даъво андешидааст, бояд бекор карда шаванд, агар дар ҷараёни муҳокимаи судии парванда муқаррар карда шавад, ки давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он аз масуният нисбат ба тадбирҳо оид ба таъмини даъво ё масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд бархурдор аст ва давлати хориҷӣ аз ин масуният даст накашидааст.
Моддаи 2356. Фиристодан ва супоридани хабарномаи судӣ дар бораи муҳокимаи судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ ба давлати хориҷӣ 
1. Фиристодани хабарномаи судӣ ба давлати хориҷӣ дар бораи оғоз намудани истеҳсолоти парванда дар суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ амалӣ карда мешавад. Санаи супоридани ҳуҷҷатҳои мазкур санаи гирифтани хабарномаи судӣ аз ҷониби идораи амаликунандаи сиёсати хориҷии давлати дахлдори хориҷӣ ҳисобида мешавад.
2. Супориши суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ ва анҷом додани дигар амалҳои мурофиавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва тартиби расондани ёрии ҳуқуқиро танзим мекунанд, ба расмият дароварда мешавад.
3. Хабарномаи судии дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишударо суди иқтисодӣ метавонад бевосита бо забонхат ба намояндаи давлати хориҷӣ супорад, агар ӯ дар парванда иштирок намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида ваколатҳои дахлдор дошта бошад.
4. Давлати хориҷие, ки моҳиятан дар муҳокимаи судии парвандаи бар зидди ӯ оғозшуда иштирок кардааст, наметавонад ба он такя кунад, ки супоридани ҳуҷҷатҳо дар бораи муҳокимаи судӣ бар хилофи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур сурат гирифтааст.
5. Хабарномаи судӣ дар бораи таъйин намудани маҷлиси пешакии судӣ ё дар бораи таъйин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ ба давлати хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур на дертар аз ду моҳ то рӯзи маҷлиси суд фиристода мешавад.
6. Хабарномаи судӣ, ки ба давлати хориҷӣ фиристода мешавад, дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби суд тасдиқ карда мешаванд ва бо тарҷумаи ба таври дахлдор тасдиқшуда ба забони расмӣ ё яке аз забонҳои расмии давлати хориҷии дар парванда иштироккунанда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 2357. Хусусиятҳои маҷлиси пешакии судӣ ва қатъ кардани истеҳсолоти парванда
1. Дар маҷлиси пешакии судӣ, ки мутобиқи моддаи 135 Кодекси мазкур гузаронда мешавад, суди иқтисодӣ бо иштироки тарафҳо ҳамчунин масъалаи мавҷуд будани масунияти судии давлати хориҷиро нисбат ба баҳси баррасишаванда ҳал мекунад.
2. Агар маводи дар парванда мавҷудбуда ба суди иқтисодӣ барои баровардани хулоса дар маҷлиси пешакии судӣ оид ба мавҷуд будани масунияти судии давлати хориҷӣ нисбат ба баҳси баррасишаванда имкон надиҳад, ин масъала бояд дар рафти муҳокимаи судӣ ҳал карда шавад.
3. Дар сурати ҳозир нашудани намояндаи давлати хориҷӣ, ки дар бораи сана, вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси пешакии судӣ ба таври дахлдор огоҳонида шудааст, суди иқтисодӣ дар асоси маводи дар парванда мавҷудбуда ҳалнома қабул мекунад.
4. Ҳолатҳои муқаррарнамудаи суди иқтисодӣ ва хулоса дар бораи мавҷуд будан ё набудани масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ бояд дар санади судие, ки аз рӯйи натиҷаҳои баррасии парванда қабул шудааст, дарҷ карда шаванд.
5. Агар суди иқтисодӣ дар маҷлиси пешакии судӣ ё ҳангоми муҳокима дар маҷлиси судӣ ба хулоса ояд, ки давлати хориҷӣ масунияти судӣ дорад, истеҳсолоти парвандаро мутобиқи моддаи 149 Кодекси мазкур қатъ менамояд.
Моддаи 2358. Хулосаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигар ва коршиносон оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси суди иқтисодӣ ё бо ташаббуси худ оид ба татбиқи масунияти юрисдиксионӣ вобаста ба масъалаҳои зерин хулоса медиҳад:
- оид ба ҳолати ҳуқуқии ташкилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахси мансабдоре, ки дар баррасии парванда  ба сифати давлати хориҷӣ ҷалб карда мешаванд;
- оид ба мавҷудияти амалигардонии ваколатҳои мустақили ҳокимият дар амалҳои давлати хориҷӣ;   
- оид ба мавҷудияти масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки дар давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад;
- оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати мақомоти давлатии мазкур дохил мешаванд.
2. Суди иқтисодӣ метавонад бо тартиби муқарраргардида ба мақомот ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои мусоидат ва тавзеҳот оид ба масъалаҳое, ки мавзуи баҳс мебошанд, муроҷиат кунад ё коршиносонро (мутахассисонро) ҷалб намояд.
3. Хулоса ва тавзеҳоти гирифташуда бояд аз ҷониби суди иқтисодӣ бо назардошти маҷмуи далелҳои дар парванда мавҷудбуда баҳо дода шаванд.
Моддаи 2359. Татбиқи принсипи мутақобила
1. Ҳангоми баррасии парванда нисбат ба давлати хориҷӣ суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ ё бо дархости тарафҳо метавонад принсипи мутақобиларо татбиқ намояд.
2. Таносуби ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст ва масунияти юридиксионие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ пешниҳод кардааст, аз ҷониби суди иқтисодӣ дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи тарафҳо ва хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
3. Агар исбот карда шавад, ки дар давлати хориҷии нисбат ба он масъалаи масунияти юрисдиксионӣ бамиёномада ба Ҷумҳурии Тоҷикистон масунияти юрисдиксионӣ нисбат ба андозаи маҳдуди ба давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дода шудааст, он гоҳ суди иқтисодӣ ҳангоми ҳалли ин масъала дар асоси принсипи мутақобила ҳуқуқ дорад аз ҳамон андозаи масунияти юрисдиксияе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати дахлдори хориҷӣ дорад, барояд.
4. Хулосаи асосноки суди иқтисодӣ дар бораи татбиқи принсипи мутақобила ва мутобиқи он маҳдуд кардани масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ҳангоми баррасии парвандаи мушаххас аз рӯйи натиҷаи баррасии ин парванда дар ҳалномаи суди иқтисодӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 23510. Ҳалномаи ғоибона
1. Суди иқтисодӣ метавонад пас аз муқаррар намудани шартҳои зерин нисбат ба давлати хориҷӣ, ки дар муҳокимаи суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок накардааст (баррасии парванда дар ғоибӣ), ҳалномаи ғоибона қабул намояд: 
1) риояи талаботи моддаи 2356 Кодекси мазкур;
2) аз рӯзи фиристодани супориш дар бораи супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ оид ба оғози истеҳсолоти парванда нисбат ба он на камтар аз ду моҳ гузашта бошад;
3) тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ истифода намебарад;
4) давлати хориҷӣ дар бораи ба муҳлати оқилона мавқуф гузоштани маҷлиси судӣ дархост пешниҳод накарда бошад, ё дархости мазкур аз ҷониби суди иқтисодӣ асоснок рад карда шуда бошад.
2. Аз рӯйи натиҷаи баррасии парванда дар ғоибии давлати хориҷие, ки дар парванда ҷавобгар мебошад, бо назардошти ҳамаи шартҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, суди иқтисодӣ метавонад дар ғоибии давлати хориҷии мазкур ҳалнома қабул намояд. 
3. Нусхаи ҳалномаи суди иқтисодӣ на дертар аз панҷ рӯз пас аз қабули он бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 2356 Кодекси мазкур аз ҷониби суди иқтисодӣ ба давлати хориҷӣ фиристода мешавад.
4. Давлати хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи ба ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 2356 Кодекси мазкур супоридани нусхаи ҳалномаи дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардидаи суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз болои он шикоят намояд.
 Моддаи 23511. Имтиёз ва масуниятҳои давлати хориҷӣ дар ҷараёни муҳокимаи судӣ
1. Дар ҷараёни баррасии парванда бо иштироки давлати хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба ин давлати хориҷӣ ҷаримаи судӣ таъйин карда намешавад ва аз ин давлати хориҷӣ дар бораи пешпардохти хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда талаб карда намешавад. 
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми қабули ҳалномаи суди иқтисодӣ аз рӯйи натиҷаи моҳиятан баррасӣ намудани парванда ба суди иқтисодӣ ҷиҳати рӯёндани хароҷоти судӣ аз давлати хориҷӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 9 Кодекси мазкур монеъ намегардад. 
Моддаи 23512. Тартиби иҷро намудани санадҳои судӣ нисбат ба давлати хориҷӣ
1. Иҷро намудани санадҳои судии суди иқтисодӣ, ки нисбат ба давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он қабул гардидаанд, дар асоси натиҷаи баррасии даъво ё аризаи дахлдор оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро амалӣ карда мешавад. 
2. Суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 2356 Кодекси мазкур давлати хориҷиро дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ва додани варақаи иҷро огоҳ мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2085 

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1357

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 529


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 253) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Санксияи моддаи 147 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
2. Санксияи моддаи 177 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
3. Дар моддаи 183:
- ба ном ва диспозитсияи модда пас аз калимаи «буридани» калимаҳои «дарахти тут ва дигар» илова карда шаванд;
- санксияи қисми 1 модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
4. Дар моддаи 196: 
- ба ном ва диспозитсияи модда пас аз калимаи «буридани» калимаҳои «дарахти тут ва дигар» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
5. Санксияи моддаи 218 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
6. Санксияи моддаи 223 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
7. Дар моддаи 224:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаи «атроф» ба калимаи «зист» иваз карда шавад;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
8. Дар моддаи 225:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаи «муҳит» ба калимаи «атмосфера» иваз карда шавад;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
9. Санксияи моддаи 227 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
10. Санксияи моддаи 230 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
11. Моддаи 231 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 231. Риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо 
Барои риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми дар ҳавои кушод сӯзонидани маводи сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳо,- 
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
12. Санксияи моддаи 232 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
13. Санксияи моддаи 234 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
14. Санксияи моддаи 235 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
15. Санксияи моддаи 236 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
16. Санксияи моддаи 237 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
17. Санксияи моддаи 238 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сию панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
18. Санксияи моддаи 239 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
19. Дар моддаи 242: 
- ба ном ва диспозитсияи модда пас аз калимаи «буридани» калимаҳои «дарахти тут ва дигар» илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
20. Санксияи моддаи 243 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
21. Санксияи моддаи 244 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
22. Аз диспозитсияи қисми 1 моддаи 249 калима ва аломати «тутзор,» хориҷ карда шаванд.
23. Моддаи 2491 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2491. Поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, осеб расонидан ба дарахти тут
1. Барои поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, осеб расонидан ба дарахти тут,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои бо аспу ароба ва чорво поймол кардани тутзор,-
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои худсарона бо воситаи нақлиёти автомобилӣ, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт поймол кардани тутзор,- 
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
24. Дар моддаи 286: 
- дар номи модда калимаҳои «нақлиёти роҳи оҳан» ба калимаи «нақлиёт» иваз карда шаванд;
- ба диспозитсияи қисми 3 баъд аз калимаи «поезд» аломат ва калимаҳои «, аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ» илова карда шаванд; 
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
25. Санксияи моддаи 322 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
26. Санксияи моддаи 452 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2087

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1400

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 531



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10,  мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, №12, мод. 909; с. 2021, №1-2, мод. 6; с. 2022, №6, мод. 344; с. 2023, №11, мод. 461) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳоро», «ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «Ӯҳдадорони»,  «мӯҳлатҳои»,    «мӯҳлати», «мӯҳлатнок»,  «мӯҳлат», «шӯъбаҳои», «шӯъбаҳо» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳоро», «уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ», «Уҳдадориҳои», «уҳдадор», «Уҳдадорони»,  «муҳлатҳои», «муҳлати», «муҳлатнок»,  «муҳлат», «шуъбаҳои», «шуъбаҳо» ва «муҳр» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва» ба калимаҳои «вилоят, шаҳри Душанбе ва раёсату» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 13:
1) сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;»; 
2) дар сархати шашум калимаи «шӯъбаҳои» ба калимаҳои «раёсату шуъбаҳои» иваз карда шавад;
3) сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар доираи ваколатҳои худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус то рутбаи полковник ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад. Сарфарозгардонии кормандони Агентиро бо рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;».
4. Ба қисми 2 моддаи 15 ва қисми 4 моддаи 17 пас аз калимаи «нозирон,» калимаҳои «навбатдорони калони оперативӣ оид ба супоришҳои махсус,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2091

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.  

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1408
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 535



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 106 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод 644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №7-9, мод.601, мод.605, мод.622, №12, мод.902, мод.903; с.2021, №1-2, мод.4, №4, мод.194, мод.195, №6, мод.386, №12, қ.2, мод.690; с.2022, №1-3, мод.9, мод.10, мод.11, №12, мод.769; с.2023, №1-3, мод.3, №4-6, мод.156; с.2024, №1-2, мод.5, мод.6, №5-6, мод.254) пас аз рақами «249,» рақами «2491,» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2088

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1402

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 532


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Дар қисми 1 моддаи 961 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №12, қ. 1, 2, мод. 757) калимаҳои «бе маҳдудияти маблағ бо пули нақд» ба калимаҳои «бо пули нақд бе маҳдудияти маблағ ё тариқи ғайринақдӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2089

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1404
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 533


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» аз 21 феврали соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №2, мод. 65; с. 2021, №6, мод. 390) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати панҷуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 2, қисми 6   моддаи 14, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16 калимаи «парранда» ба калимаи «паранда» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум аломат ва калимаҳои «, лӯбиёӣ ва равғандор» ба калимаҳои «ва лӯбиёӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи «бехатарӣ» ва калимаҳои «ба нигоҳ доштани» мувофиқан ба калимаҳои «бехатарии ғалла» ва «ба нигоҳдории» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои «объектҳои карантинӣ» ба калимаҳои «дигар объектҳои таҳти карантин қарордошта» иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бозори ғалла – низоми яклухти ташаккул ва тақсимоти доимии захираҳои ғалла, маҳсулоти коркарди аввалия ва минбаъдаи он, ки ҳамкории истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро оид ба муайян намудани ҳаҷм ва сохтори истеҳсолот, инчунин сифат ва нархи маҳсулот таъмин менамояд.».
3. Дар сархати панҷуми моддаи 4 калимаҳои «сохтори истеҳсолии ғалла» ба калимаҳои «таркиби ғаллаи истеҳсолшаванда» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 7: 
- ба қисми 1 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- нархи фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд;
- барои амалӣ намудани фаъолият дар муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонанд;»;
- ба қисми 2 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои гузарондани сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он маълумоти эътимоднок ва пурраро пешниҳод намоянд;».
5. Дар моддаи 9:
- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаҳои «аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия)» мувофиқан ба калимаҳои «бо истифода аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда истеҳсол» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи «Шахсоне» ба калимаҳои «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шавад.
6. Ба ном ва қисми 1 моддаи 12 пас аз калимаи «Коркарди» калимаи «аввалияи» илова карда шавад.
7. Дар моддаи 16:
- дар қисми 2 калимаҳои «хадамоти давлатии байторӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шаванд;
8. Дар сархати дуюми қисми 3 моддаи 19 калимаҳои «карантини растанӣ» ба калимаҳои «фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати сеюми моддаи 20 калимаи «кишоварзӣ» ба калимаи «ғалладонагӣ» иваз  карда шавад.
10. Дар моддаи 21:
- дар сархати якум калимаҳои «аълосифат ва хушсифат» ба калимаҳои «аълосифати сертификатсияшуда» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм пас аз калимаи «ватании» калимаи «маҳсулоти» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, 2095

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1369

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 539


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10,  мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, №12, мод. 909; с. 2021, №1-2, мод. 6; с. 2022, №6, мод. 344; с. 2023, №11, мод. 461) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳоро», «ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «Ӯҳдадорони»,  «мӯҳлатҳои»,    «мӯҳлати», «мӯҳлатнок»,  «мӯҳлат», «шӯъбаҳои», «шӯъбаҳо» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳоро», «уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ», «Уҳдадориҳои», «уҳдадор», «Уҳдадорони»,  «муҳлатҳои», «муҳлати», «муҳлатнок»,  «муҳлат», «шуъбаҳои», «шуъбаҳо» ва «муҳр» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва» ба калимаҳои «вилоят, шаҳри Душанбе ва раёсату» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 13:
1) сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;»; 
2) дар сархати шашум калимаи «шӯъбаҳои» ба калимаҳои «раёсату шуъбаҳои» иваз карда шавад;
3) сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар доираи ваколатҳои худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус то рутбаи полковник ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад. Сарфарозгардонии кормандони Агентиро бо рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;».
4. Ба қисми 2 моддаи 15 ва қисми 4 моддаи 17 пас аз калимаи «нозирон,» калимаҳои «навбатдорони калони оперативӣ оид ба супоришҳои махсус,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2091

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.  

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1408
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 535


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 72; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388,  №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, № 6, мод. 314; с. 2020, № 7-9, мод. 603; с. 2021,  №12, қ. 2, мод. 691; с. 2022, №1-3, мод. 6, мод. 7, №7, мод. 440, №12, қ. 2, мод. 770; с. 2023, №11, мод. 460; с. 2024, №1-2, мод. 7), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 225:
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- давлати хориҷӣ дорои масунияти судӣ бошад.».
2. Моддаи 390 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 390. Масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ. Масунияти дипломатӣ
1. Масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ бо санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Даст кашидан аз масунияти судӣ бояд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни давлати хориҷӣ ё қоидаҳои ташкилоти байналмилалӣ ба амал бароварда шавад. Дар ин ҳолат суд парвандаро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.
3. Намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дигар шахсони дар Қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида вобаста ба парвандаҳои маданӣ дар доираи муайяннамудаи меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди юрисдиксияи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.».
3. Боби 431 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 431. ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ
Моддаи 3971. Истеҳсолоти парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ 
1. Пешниҳод намудани даъво ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба давлати хориҷӣ, ҷалби давлати хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, гузоштани ҳабс ба молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, андешидани тадбирҳои таъминотии дигар нисбат ба ин молу мулк, ситониш аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои ҳалномаи суд, инчунин баррасии дархостҳо дар бораи эътироф ва иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ нисбат ба молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ё қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд, амалӣ карда мешаванд.
2. Парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷӣ бо тартиби қоидаҳои умумии истеҳсолоти даъвогӣ бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи боби мазкур, бобҳои 42 ва 43 Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо баррасӣ карда мешаванд. Дархост дар бораи эътироф ва иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои хориҷӣ нисбат ба молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 44 Кодекси мазкур, бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи боби мазкур, баррасӣ карда мешавад.
3. Суд парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷиро то гузаштани нуҳ моҳ аз рӯзи ба суд ворид шудани аризаи даъвогӣ баррасӣ ва ҳал менамояд.
Моддаи 3972. Тобеияти судии парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷӣ
1. Тобеияти парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷӣ тибқи қоидаҳои боби 3 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
2. Парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷӣ, ба истиснои парвандаҳое, ки дар моддаҳои 27 ва 28 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе баррасӣ карда мешаванд. 
3. Даъво нисбат ба давлати хориҷӣ ба суди маҳали истиқомат ё ҷойгиршавии даъвогар пешниҳод карда мешавад.
4. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои хориҷӣ нисбат ба молу мулки давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз ҷониби суди маҳали ҷойгиршавии ин молу мулк баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 3973. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии давлати хориҷӣ, намояндагӣ
1. Давлати хориҷӣ дар баробари шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебарад ва уҳдадориҳои мурофиавиро ба зимма дорад, аз ҷумла ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаро дар суд ба воситаи намоянда ба роҳ монад. 
2. Ваколатҳои намояндаи давлати хориҷӣ бояд дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда ифода ёбанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлати хориҷӣ, бо назардошти  талаботи пешбининамудаи моддаи 398 Кодекси мазкур, ба расмият дароварда шаванд. 
3. Намояндаи давлати хориҷӣ ҳуқуқ дорад аз номи давлати хориҷие, ки ӯ вакилӣ мекунад, ҳама амалҳои мурофиавиро анҷом диҳад, ба истиснои амалҳои дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда, агар дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда бояд ҳуқуқҳои зерин махсус зикр гарданд:
1) имзо намудани ҷавоби аризаи даъвогӣ;
2) эътироф намудани даъво;
3) даст кашидан аз масунияти судӣ, масуният нисбат ба тадбирҳои таъминотии даъво, масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд;
4) пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво, тағйир додани асос ё мавзуи даъвои муқобили даъво;
5) бастани созиши оштӣ;
6) ба шахси дигар вогузоштани ваколати намояндагии худ;
7) гирифтани хабарномаи судӣ (аз ҷумла нусхаи санадҳои судӣ);
8) шикоят овардан ба санадҳои судӣ;
9) имзо ва пешниҳод намудани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоршуда;
10) гирифтани маблағ ва дигар молу мулки ба фоидаи ӯ гузаронидашуда.
Моддаи 3974. Пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ
1. Аризаи даъвогӣ оид ба баҳс бо давлати хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида бояд ба талаботи моддаҳои 134 ва 135 Кодекси мазкур мувофиқат намоянд ва бо нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида мувофиқи шумораи ҷавобгарон ва шахсони сеюм пешниҳод карда шаванд.
2. Ба аризаи даъвогӣ, инчунин тарҷумаи ба таври дахлдор тасдиқгардида ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида ба забони расмӣ ё яке аз забонҳои расмии давлати хориҷии дар парванда иштироккунанда замима карда мешаванд.
Моддаи 3975. Хусусиятҳои андешидани тадбирҳо оид ба таъмини даъво
1. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво аз ҷониби суд тибқи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда бо тартиби муқаррарнамудаи боби 13 Кодекси мазкур андешида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он аз масуният нисбат ба тадбирҳо оид ба таъмини даъво бархурдор аст ва давлати хориҷӣ аз ин масуният даст накашидааст.
2. Тадбирҳое, ки суд оид ба таъмини даъво андешидааст, мумкин аст бекор карда шаванд, агар дар ҷараёни муҳокимаи судии парванда муқаррар карда шавад, ки давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он аз масуният нисбат ба тадбирҳо оид ба таъмини даъво ё масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд бархурдор аст ва давлати хориҷӣ аз ин масуният даст накашидааст.
 Моддаи 3976. Фиристодан ва супоридани хабарномаҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ ба давлати хориҷӣ
1. Фиристодани хабарномаи судӣ дар бораи оғоз намудани истеҳсолоти парванда дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ ба давлати хориҷӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ амалӣ карда мешавад. Санаи супоридани ҳуҷҷатҳои мазкур санаи гирифтани хабарномаи судӣ аз ҷониби идораи амаликунандаи сиёсати хориҷии давлати дахлдори хориҷӣ ҳисобида мешавад.
2. Супориши суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ ва анҷом додани дигар амалҳои мурофиавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки тартиби расондани ёрии ҳуқуқиро танзим мекунанд, ба расмият дароварда мешавад.
3. Хабарномаи судӣ, ки ба давлати хориҷӣ супорида мешавад, дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби суд тасдиқ ва бо тарҷумаи ба таври дахлдор тасдиқшуда ба забони расмӣ ё яке аз забонҳои расмии давлати хориҷии дар парванда иштироккунанда ҳамроҳ карда мешавад.
4. Хабарномаи судии дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардидаро суд метавонад бевосита бо забонхат ба намояндаи давлати хориҷӣ супорад, агар ӯ дар парванда иштирок намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида ваколатҳои дахлдор дошта бошад.
5. Давлати хориҷие, ки моҳиятан дар муҳокимаи судии парвандаи бар зидди ӯ оғозшуда иштирок кардааст, наметавонад ба он такя кунад, ки супоридани ҳуҷҷатҳо дар бораи муҳокимаи судӣ бар хилофи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур сурат гирифтааст.
6. Хабарномаи судӣ дар бораи таъин намудани маҷлиси пешакии судӣ ё дар бораи таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ ба давлати хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур на дертар аз ду моҳ то рӯзи маҷлиси судӣ фиристода мешавад.
Моддаи 3977. Хусусияти маҷлиси пешакии судӣ ва қатъ кардани истеҳсолоти парванда
1. Дар маҷлиси пешакии судӣ, ки мутобиқи моддаи 155 Кодекси мазкур гузаронида мешавад, суд бо иштироки тарафҳо, ҳамчунин масъалаи мавҷуд будани масунияти судии давлати хориҷиро нисбат ба баҳси баррасишаванда ҳал мекунад.
2. Дар сурати ҳозир нашудани намояндаи давлати хориҷӣ, ки дар бораи сана, вақт ва маҳали баргузории маҷлиси пешакии судӣ ба таври дахлдор огоҳонида шудааст, суд дар асоси маводи дар парванда мавҷудбуда ҳалнома қабул мекунад.
3. Агар маводи дар парванда мавҷудбуда ба суд барои баровардани хулоса дар маҷлиси пешакии судӣ оид ба мавҷуд будани масунияти судии давлати хориҷӣ нисбат ба баҳси баррасишаванда имкон надиҳад, ин масъала бояд дар рафти муҳокимаи судӣ ҳал карда шавад.
4. Ҳолатҳои муқаррарнамудаи суд ва хулоса дар бораи мавҷуд будани масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ бояд дар санади судие, ки аз рӯйи натиҷаҳои баррасии парванда қабул шудааст, дарҷ карда шаванд.
5. Дар сурате, агар суд дар маҷлиси пешакии судӣ ё ҳангоми муҳокима дар маҷлиси судӣ ба хулоса ояд, ки давлати хориҷӣ масунияти судӣ дорад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба он қатъ менамояд.
Моддаи 3978. Хулосаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигар ва коршиносон оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси суд ё бо ташаббуси худ вобаста ба татбиқи масунияти юрисдиксионӣ оид ба масъалаҳои зерин хулоса медиҳад:
- оид ба ҳолати ҳуқуқии ташкилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахси мансабдоре, ки дар баррасии парванда ба сифати давлати хориҷӣ ҷалб карда мешаванд;
- оид ба мавҷудияти амалигардонии ваколатҳои мустақили ҳокимият дар амалҳои давлати хориҷӣ;   
- оид ба мавҷудияти масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки дар давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад;
- оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати мақомоти давлатии зикргардида дохил мешаванд.
2. Суд метавонад бо тартиби муқарраргардида, ҳамчунин ба мақомот ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои мусоидат ва тавзеҳот оид ба масъалаҳое, ки мавзуи баҳс мебошанд, муроҷиат кунад ё коршиносонро (мутахассисонро) ҷалб намояд. 
3. Хулоса ва тавзеҳоти гирифташуда бояд аз ҷониби суд бо назардошти маҷмуи далелҳои дар парванда мавҷудбуда баҳо дода шаванд.
Моддаи 3979. Татбиқи принсипи мутақобила 
1. Ҳангоми баррасии парванда нисбат ба давлати хориҷӣ суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ ё бо дархости тарафҳо метавонад принсипи мутақобиларо татбиқ намояд. 
2. Таносуби ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, аз ҷониби суд дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи тарафҳо ва хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
3. Агар исбот шавад, ки дар давлати хориҷие, ки нисбат ба он масъалаи масунияти юрисдиксионӣ ба миён омадааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон масунияти юрисдиксионӣ нисбат ба андозаи маҳдуде, ки ба давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дода шудааст, он гоҳ суд ҳангоми ҳалли ин масъала дар асоси принсипи мутақобила ҳуқуқ дорад аз ҳамон андозаи масунияти юрисдиксионие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати дахлдори хориҷӣ дорад, барояд.
4. Хулосаи асосноки суд дар бораи татбиқи принсипи мутақобила ва мутобиқи он маҳдуд кардани масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ҳангоми баррасии парвандаи мушаххас дар ҳалномаи суд, ки аз рӯйи натиҷаҳои ин парванда қабул шудааст, нишон дода мешавад.
Моддаи 39710. Ҳалномаи ғоибона
1. Суд метавонад тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 22 Кодекси мазкур пас аз муқаррар намудани шартҳои зерин нисбат ба давлати хориҷӣ, ки дар муҳокимаи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок накардааст, ҳалномаи ғоибона қабул намояд:
1) риояи талаботи моддаи 3976 Кодекси мазкур;
2) аз рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ оид ба оғози истеҳсолоти парванда нисбат ба он на камтар аз ду моҳ гузашта бошад;
3) тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ истифода намебарад;
4) давлати хориҷӣ дар бораи ба муҳлати оқилона ба таъхир гузоштани маҷлиси судӣ дархост пешниҳод накарда бошад ё дархости мазкур аз ҷониби суд асоснок рад карда шуда бошад.
2. Аз рӯйи натиҷаи баррасии парванда дар ғоибии давлати хориҷие, ки дар парванда ҷавобгар мебошад, бо назардошти ҳамаи шартҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, суд метавонад дар ғоибии давлати хориҷии мазкур ҳалномаи ғоибона қабул намояд.
3. Нусхаи ҳалномаи суд на дертар аз панҷ рӯз пас аз қабули он бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 3976 Кодекси мазкур аз ҷониби суд ба давлати хориҷӣ фиристода мешавад.
4. Давлати хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи ба ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 3976 Кодекси мазкур супоридани нусхаи ҳалномаи дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардидаи суд, ҳуқуқ дорад бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз болои он шикоят намояд.
5. Аз болои ҳалномаи ғоибонаи суд тарафҳо, инчунин, метавонанд дар давоми як моҳи баъди ба охир расидани муҳлати аз ҷониби ҷавобгар пешниҳод намудани ариза оид ба бекор кардани ин ҳалномаи суд ва дар сурате, ки агар чунин ариза пешниҳод шуда бошад, дар давоми ду моҳ аз рӯзи баровардани таъиноти суд дар бораи рад кардани қонеъ гардондани ин ариза, бо тартиби кассатсионӣ шикоят намоянд.
Моддаи 39711. Имтиёз ва масуниятҳои давлати хориҷӣ дар ҷараёни муҳокимаи судӣ
1. Дар ҷараёни баррасии парванда бо иштироки давлати хориҷӣ аз ҷониби суд ба ин давлати хориҷӣ ҷаримаи судӣ таъин карда намешавад ва аз ин давлати хориҷӣ дар бораи пешпардохти хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда талаб карда намешавад.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ба суд ҷиҳати рӯёнидани хароҷоти судӣ аз давлати хориҷӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи   боби 7 Кодекси мазкур, ҳангоми қабули ҳалномаи суд аз рӯйи натиҷаи моҳиятан баррасӣ намудани парванда, монеъ намегардад.
Моддаи 39712. Тартиби иҷро намудани санадҳои судӣ нисбат ба давлати хориҷӣ
1. Иҷро намудани санадҳои судӣ, ки нисбат ба давлати хориҷӣ ва молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи он қабул гардидаанд, дар асоси натиҷаи баррасии даъво ё аризаи дахлдор оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро амалӣ карда мешавад. 
2. Суд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 3976 Кодекси мазкур давлати хориҷиро дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ва додани варақаи иҷро огоҳ мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2090

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1406

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 534


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 172) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои «менамояд ва ба» ба калимаҳои «намуда, муносибатҳоро дар» иваз ва калимаҳои «мусоидат карда, муносибатҳоро» хориҷ карда шаванд. 
2. Дар моддаи 1:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- иттилооти экологӣ – маълумот дар шакли хаттӣ, визуалӣ ва  шифоҳӣ дар бораи ҳолати ҳавои атмосфера, об, хок, замин, олами набототу ҳайвонот, гуногунии биологӣ, экосистемаҳо ва объектҳои дигари табиӣ, ки барои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамият доранд;»;
- дар сархати шашум калимаи «фаъолияташ» ба калимаҳои «фаъолияти онҳо» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Дар тамоми матни Қонун калимаи «хосаи» ба калимаи «махсуси» иваз карда шавад.
4. Дар матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳояшон», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «мӯҳлати», «маҷмӯи» ва «маҷмӯии» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳояшон», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «муҳлати», «маҷмуи» ва «маҷмуии» иваз карда шаванд.
5. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи 5:
- ба қисми 3 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-амалӣ намудани фаъолият вобаста ба додани  ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;»;
- қисми 4 хориҷ карда шавад. 
7. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «қисмҳои 3 ва 4» ба калимаҳои «қисми 3» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 8:
- дар қисми 3:
- дар сархати дуюм пеш аз калимаи «атмосфера» калимаи «ҳавои» илова карда шуда, калимаҳои «,партовҳои гандаобҳо ба» ба калимаи «ва» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи «афтодан» ба калимаҳои «афтодани» иваз карда шавад.
9. Аз қисми 1 моддаи 12 калимаҳои «дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ» хориҷ карда шаванд. 
10. Дар ном ва матни моддаи 14 калимаҳои «вайрон кардани» ба калимаҳои «риоя накардани» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2096

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1371

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 540


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 174; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 417) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархатҳои якум, сеюм, чорум, панҷум ва ёздаҳум калимаи «маҷмӯи» мувофиқан ба калимаи «маҷмуи» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- системаи мониторинги экологӣ – маҷмуи сохторҳои идоракунӣ, иқтидор ва воситаҳо, ҳамчунин захираҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигари мониторинг, ки ба ваколатҳои онҳо ҳалли масъалаҳои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ дохил мешавад;». 
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Дар қисми 3 моддаи 4 калимаҳои «(локалӣ, объектӣ) дар ҳаҷме, ки» ва «динамикаи» мувофиқан ба калимаҳои «(объектӣ) дар андозае, ки барои» ва «ҷараёни» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
- дар қисмҳои 1 ва 3 калимаҳои «қаламрави» ва «мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «муҳлати» иваз карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зерсистемаҳои зерин иборат мебошад:
- мониторинги давлатии обуҳавосанҷӣ;
- мониторинги давлатии вазъ ва ифлосшавии муҳити зист;
- мониторинги давлатии ҳавои атмосфера;
- мониторинги давлатии объектҳои олами наботот;
- мониторинги давлатии объектҳои олами ҳайвонот;
- мониторинги давлатии фонди шикори ҳайвонот ва муҳити маскуни онҳо;
- мониторинги давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- мониторинги давлатии пиряхҳо.»;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 10:
1) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ мебошад.»;
2) дар қисми 2:
- дар қисми муқаддимавӣ калимаҳои «дар доираи ваколатҳои худ» ба калимаҳои «дорои ваколатҳои зерин мебошад» иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.».
6. Дар ном, қисми муқаддимавӣ ва сархати панҷуми қисми 1    моддаи 12 калимаҳои «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд» ва «мӯҳлат» мувофиқан ба калимаҳои «Уҳдадориҳои», «уҳдадоранд» ва «муҳлат» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 19:
- дар қисми 2 калимаҳои «Маблағ барои» ва «ҷудо» мувофиқан ба калимаҳои «Маблағгузории» ва «амалӣ» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 1, 3 ва 5 хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 2, 4 ва 6 мувофиқан қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2097

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1416

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 541


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1,   мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1, 2-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775,     мод. 776; с. 2023, №4-6, мод. 157) сархати чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 21 март;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2092

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1418

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 537



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209,    №5, 6, 7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1, 2-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; с. 2023, №4-6, мод. 157) сархати сию якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2093

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1430

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 538



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУфНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Дар сархати бисту панҷуми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; с. 2023, №4-6, мод. 157) пас аз калимаи «Рӯзи» калима ва аломати «телевизион,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2094

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1367

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 536


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА  ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод. 167;         с. 2007, №6, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 418;      с. 2016, №7, мод. 623) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «шахсони ҳуқуқию воқеӣ»,  «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеию ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати панҷум калимаи «яхшиносӣ» ба калима ва аломати «глятсиологӣ,» иваз карда шавад.
3. Матни моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
4. Дар сархати шашуми моддаи 3 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Дар сархати чоруми моддаи 6 калимаҳои «мушоҳидакунии» ва «мушоҳидакунӣ)» мувофиқан ба калимаҳои «мушоҳидавӣ» ва «мушоҳидавӣ)-и» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 8 калимаҳои «мушоҳидакунӣ ба» ва «мушоҳидакунӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мушоҳидаи» ва «мушоҳида» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 10: 
- дар сархати дуюм калимаи «мушоҳидакунӣ» ба калимаи «мушоҳидавӣ» иваз карда шавад;
- аз сархати сеюм аломат ва калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 101 калимаи «ӯҳдадориҳои» мувофиқан ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 11 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми якуми моддаи 12:
- дар сархати сеюм калимаи «яхшиносӣ» ба калимаи «глятсиологӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «қабати барф» ба калимаҳои «пиряхҳо ва қабатҳои барф» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми якуми моддаи 15 пас аз калимаи «наботот» аломат ва калимаи «, пиряхҳо» илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 18:
- дар ном ва матни модда калимаи «мушоҳидакунӣ» мувофиқан ба калимаи «мушоҳидавӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи «ӯҳдадоранд» ба калимаи «уҳдадоранд» иваз карда шавад.
13. Дар сархати сеюми қисми якум ва қисми сеюми моддаи 19 калимаи «манбаҳои» ба калимаи «манбаъҳои» иваз карда шавад. 
14. Моддаҳои 25 ва 26 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти обуҳавошиносӣ 
Баҳсҳо дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2098

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1420

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 542


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод.669; с. 2017, №7-9, мод. 572; с. 2022, №6, мод. 347, мод. 348) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 9:
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муайян кардани тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, об, инчунин буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ);»;
- сархати ҳаждаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-.додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо барои пешбурди фаъолиятҳо ва амалҳои дигар дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»;».
2. Ба қисми 2 моддаи 10 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии ҷамъоварии партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, бунёди партовгоҳҳо барои ҷойгирсозӣ ва безараргардонии онҳо бо мақсади ҳифзи объектҳои муҳити зист;».
3. Моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 77. Уҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудааст
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи ифлос, хароб ва нобуд кардани ҷузъҳои муҳити зист, ғайриоқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, дар ҷойҳои муқаррарнашуда ҷойгир кардани партовҳо, хароб кардани системаҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ ба муҳити зист зарар расонидаанд, уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарарро ҷуброн намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2099

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1432
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 543



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с.  1996,  №3,  мод.  48;  с.  1998,  №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод.  657; с. 2010, №1, мод. 18; с. 2020, №12, мод. 915; с. 2021, №12, қ. 2,  мод.  717;  с. 2022, №12, қ. 2, мод. 779; с. 2024, №1-2, мод. 24) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «ҷуброноте», «ҷубронот» ва «ҷуброноти» мувофиқан ба калимаҳои «ҷуброне», «ҷуброн» ва «ҷуброни» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 8:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба собиқадорон кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад.»;
- дар қисми сеюм калимаи «имтиёзоте» ба калимаи «имтиёзҳое» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 13:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«1. Собиқадорон ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсӣ дошта, дорои уҳдадориҳое мебошанд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.»;
- ба қисми дуюм сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;».
4. Дар моддаи 19:
- дар матн калимаҳои «ҳисоб карда шудаанд» ба калимаи «мебошанд» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаи «ҷавоб» ба калимаи «рухсат» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
5. Дар моддаи 20:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаи «ҷавоб» ба калимаи «озод» иваз карда шавад; 
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
6. Дар ном ва матни моддаи 22 калимаи «Статуси» ва калимаҳои «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Эътибори» ва «Қаҳрамони Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар банди 3) моддаи 24 калимаҳои «поликлиникаҳое» ва «поликлиникаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «марказҳои саломатие» ва «марказҳои саломатии» иваз карда шаванд.
8. Дар банди 5) моддаи 24, зербанди 8) банди а) ва зербанди 1) банди б) моддаи 25, банди 2) қисми якуми моддаи 26, банди 9) моддаи 29, банди 3) қисми якуми моддаи 34 калимаҳои «санаторию», «санатории» ва  «санаторияву» мувофиқан ба калимаҳои «истироҳатгоҳию», «истироҳатгоҳии» ва «истироҳатгоҳу» иваз карда  шаванд. 
9. Дар банди 7) моддаи 24, зербанди 5) банди б) моддаи 25, банди 5) моддаи 28, банди 7) моддаи 29, банди 4) моддаи 30, банди 3) моддаи 31, банди 5) моддаи 33 калимаҳои «рухсатии иловагии ройгон» ва «рухсатии ройгон» ба калимаҳои «рухсатии бемузди меҳнат» иваз карда шаванд.
10. Аз банди 14) моддаи 24, зербанди 2) банди б) моддаи 25, банди 2) моддаи  29  ва  банди  4)   қисми  якуми  моддаи  34  аломат  ва  калимаи «, мунисипиалӣ» хориҷ карда шаванд. 
11. Дар банди 8) моддаи 24, зербанди 7) ва 8) банди б) қисми якуми моддаи 25 ва банди 3) қисми якуми моддаи 26 калимаи «ёрдампулӣ» ба калимаи «кумакпулӣ» иваз карда шавад. 
12. Дар зербанди 6) банди а) қисми якуми моддаи 25, банди 4) моддаи 28, банди 5) моддаи 29, банди 3) моддаи 30 ва банди 4) моддаи 33 калимаҳои «аз рӯи нусхаи духтурон», «аз рӯи нусхаҳои духтурон» ва «аз рӯи нусхаи (ресепти) духтур» ба калимаҳои «дар асоси дорухат» иваз карда шаванд.
13. Дар банди 7) моддаи 30 калимаҳои «беподош додани иқоматгоҳи» ба калимаҳои «ройгон додани манзили истиқоматии» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 37:
- аз банди 1) қисми якум аломат ва калимаи «, мунисипиалӣ»  хориҷ карда шаванд;
- дар банди 4) ва қисми дуюм калимаи «санитарию» ба калимаи «истироҳатгоҳию» иваз карда шавад;
- аз қисми дуюм калимаи «санаторияву» хориҷ карда шавад.
15. Дар матни қисми якуми моддаи 40 калимаи «бетабаа» ба калимаи «бешаҳрванд» иваз карда шавад. 
16. Дар моддаи 43:
- дар банди 2) қисми якум калимаи «ёрдампулӣ» ба калимаи «кумакпулӣ» иваз карда шавад;
- дар банди 10) калимаи «поликлиникаҳо» ба калимаи «марказҳои саломатӣ» иваз карда шавад;
- аз банди 12) калима ва аломати «санатарояҳо,» хориҷ карда шаванд.
17. Дар матни моддаи 44 калимаи «маҳрумият» ба калимаҳои «маҳрум сохтан» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2103

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1365

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 547


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АУДИТИ ЭКОЛОГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» аз 26 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №12, мод. 849) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати чоруми моддаи 1 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломат ва калимаҳои «(минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудити экологӣ)» илова карда шаванд. 
2. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд. 
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1: 
- ба сархати якум пас аз калимаи «намудани» калимаи «самти» илова карда шавад; 
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- арзёбии таъсири фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ ба муҳити зист, самаранокии низоми идоракунӣ ва амалисозии чорабиниҳои ҳифзи табиат.»;
- дар сархати панҷуми қисми 2 калимаи «фавқулодда» ба калимаи «фавқулода» иваз карда шавад.
4. Дар матни моддаи 7, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 9, сархати чоруми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 10, қисми 2 моддаи 12, қисми 2 моддаи 13, ном, муқаддима ва сархати чоруми қисми 2 моддаи 14, ном, муқаддима ва сархатҳои чорум, ҳафтум ва нуҳуми қисми 2 моддаи 15 калимаҳои «мақоми ваколатдор», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «ваколатдори давлатӣ», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «ӯҳдадоранд» ва «ӯҳдадориҳоро» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудити экологӣ», «муҳлати», «муҳлат», «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудити экологӣ», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «уҳдадоранд» ва «уҳдадориҳоро» иваз карда шаванд.
5. Матни моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.». 
6. Моддаи 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 171. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи аудити экологӣ
Баҳсҳо дар соҳаи аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2100

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1434

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 544


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 268) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдаи», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлатҳои» ва «мӯҳлату» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдаи», «УҲДАДОРИҲОИ» «Уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлатҳои» ва «муҳлату» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати даҳуми моддаи 1 калимаҳои «мақомоти» ва «шахсони мансабдори мақомоти давлатии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ масъул» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми» ва «кормандони масъули мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар сархати якуми қисми 1 калимаҳои «ташкили таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ» ба калимаҳои «қабули барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои амал» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар сархати якум калимаи «ташкили» ба калимаҳои «ташкил ва гузарондани» иваз карда шавад;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои амал дар соҳаи экспертизаи экологӣ;»;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «мақомоти бонкӣ оид ба қатъи» ба калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба боздошти» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3:
- дар сархати сеюм калимаҳои «ташкилотҳо ва ҳаракатҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад.
5. Аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 7 калимаҳои «аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд,» хориҷ карда шаванд.
6. Аз сархати чоруми қисми 2 моддаи 15 калимаҳои «ба мақомоти болоии давлатӣ ва ё» хориҷ карда шаванд.  
7. Дар сархати панҷуми моддаи 18 пеш аз калимаи «маҳаллии» калимаи «иҷроияи» илова карда шавад.
8. Дар моддаи 19:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба сари вақт хабардор намудани аҳолии маҳал оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.»;
- дар қисмҳои 3 ва 4 пеш аз калимаи «маҳаллии» калимаи «иҷроияи» илова карда шавад.
9. Дар қисми 3 моддаи 20 калимаҳои «мақомоти давлатие» ва «доранд» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми давлатие» ва «дорад» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 241 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 241. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2101

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1436

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 545


 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №1-2, мод. 19) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - кумакҳои пулӣ ё моддӣ, ки аз тарафи давлат ба шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат расонда мешаванд;»;
- дар сархати панҷум калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 8 калимаи «муқаррар» ба калимаҳои «таҳия, тасдиқ ва нашр» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 10 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия, тасдиқ ва нашр мегарданд.».
4. Дар қисмҳои 2 ва 4 моддаи 11, сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 13 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 17:
- дар ном, қисмҳои 1 ва 2 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
- ба қисми 3 баъд аз калимаи «хаттӣ» калимаҳои «ё электронӣ» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаҳои «таъсис дода» ба калимаҳои «ташкил карда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2102

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1363
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 546


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» аз 4 июли соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №7-9, мод. 624) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- сайёҳии кӯдакона – сайёҳии  муташаккилонаи шахсони ноболиғ;
- сайёҳии ҳаваскорӣ – сайёҳие, ки мустақилона ташкил карда мешавад;».
2. Дар матни моддаи 2 калимаи «намудааст» ба калимаи «кардааст» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 5 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар соҳаи сайёҳӣ;».
4. Ба қисми 2 моддаи 6 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- кӯдакона;».
5. Ба моддаи 7 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ;».
6. Дар моддаи 8:
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «рушди соҳаи сайёҳӣ» калимаҳои «, аз ҷумла сайёҳии деҳотӣ, сайёҳии кӯдакона ва сайёҳии ҳаваскорӣ» илова карда шаванд; 
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои омода ва амалӣ намудани хатсайрҳои сайёҳӣ;»;
- сархатҳои панҷум, шашум  ва  ҳафтум  бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- амалӣ намудани назорат тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ;
- тарғиб ва ташвиқи иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар; 
- расонидани ёрии методӣ ва машваратӣ ба субъектҳои соҳаи сайёҳӣ;»; 
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- ба сархати сездаҳум пас аз калимаҳои «хизматрасонии сайёҳӣ» калимаҳои «ва ассотсиатсияҳои онҳо» илова карда шаванд. 
7. Моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи сайёҳӣ
Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи сайёҳӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.». 
8. Ба моддаи 16 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«3. Таснифи объектҳои саноати сайёҳӣ ва ба онҳо додани категорияҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.».
9. Дар қисми 3 моддаи 19 калимаи «аҳамияти» ба калимаи «аҳаммияти» иваз карда шавад. 
10. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 27. Операторони сайёҳӣ ва агентҳои сайёҳӣ
1. Операторони сайёҳӣ бо мақсади омода, паҳнкунӣ ва фурӯши бастаи сайёҳӣ ё амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.  
2. Агентҳои сайёҳӣ бо мақсади фурӯши маҳсулот ва паҳнкунии бастаҳои сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
3. Операторони сайёҳӣ ва агентҳои сайёҳӣ хизматрасонии сайёҳиро ба сайёҳон дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд. Дар шартнома инҳо дарҷ карда мешаванд:
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва почтаи электронии оператори сайёҳӣ, агенти сайёҳӣ;
- маълумот дар бораи сайёҳ;
- номгӯйи хизматрасониҳое, ки ба бастаи сайёҳӣ дохил мешаванд;
- тавсиф ва арзиши бастаи сайёҳӣ;
- тартиби пардохт, санаи оғоз ва анҷоми саёҳат;
- асосҳо ва шартҳои тағйир ва қатъи шартнома;
- тартиби ҷуброни зарар ба сайёҳ;
- муқаррарот оид ба додани роҳхати сайёҳӣ;
- ҳолатҳои рафънопазир ва талаботи дигари пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррароти дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.».
11. Ба қисми 2 моддаи 28 сархатҳои якум ва дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- дар амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба рушди сайёҳӣ иштирок кунанд;
- барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ  таклифҳо манзур намоянд;».
12. Ба қисми 2 моддаи 29 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар сурати ба таври номатлуб иҷро гардидани шартҳои шартномаи хизматрасонии сайёҳӣ ҷуброни зарари ба ӯ расонидашударо талаб намояд;».
13. Моддаи 331 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 331. Кластерҳои сайёҳӣ
1. Кластерҳои сайёҳӣ маҷмуи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ мебошанд, ки бинобар наздикии ҳудудҳо ва вобастагии кориашон ба ҳам алоқаманд буда, барои қонеъ гардонидани талабот ба хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳудуди як ё якчанд минтақаи кишвар ҷойгир карда мешаванд. 
2. Кластерҳои сайёҳӣ барои омода, паҳнкунӣ ва фурӯши бастаҳои сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои маҷмуии сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд.».
14. Ба моддаи 34 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Маблағгузории грантӣ ҷиҳати рушди инфрасохтор, ташвиқ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, рушди сайёҳии минтақавӣ, омода намудани маҳсулоти самтҳои афзалиятнок, ҷорӣ намудани навоварӣ ва таҳқиқот, омода кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳа амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2104

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи сайёҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 1382
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар  бораи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Оид ба ворид  
намудани тағйиру  иловаҳо  ба  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  
«Дар бораи сайёҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 548


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, №12, мод. 657; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, №1, мод. 15; с. 2018, №7-8, мод. 525) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 4 пас аз калимаи «табобат,» калимаи «саёҳат» илова карда шуда, калимаҳои «сафарҳои туристӣ ва» ба калимаҳои «ва сафари» иваз карда шаванд.
2. Қисми 4 моддаи 82 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дароз кардани муҳлати раводид барои рафтуомади кормандони муҳоҷир тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
3. Дар ном ва қисми 2 моддаи 11, ном ва қисми 1 моддаи 13, ном ва қисми 2  моддаи  14, қисми  1  моддаи  16,  моддаи  17,  бандҳои  2),  3) ва 5) қисми 1 моддаи 21, қисми 2 моддаи 22 калимаҳои «Шахсе», «шахсе» ва «Шахси» мувофиқан ба калимаҳои «Шахсоне», «шахсоне» ва «Шахсони» иваз карда шаванд.
4. Аз сархати панҷуми қисми 1 моддаи 11 аломат ва калимаи «(турист)» хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 16:
- дар қисми 1 аломат ва калимаҳои «писархондҳо (духтархондҳо)» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «кӯдакони то синни ҳаждаҳсола бо розигии падару модар ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарастони)» ба калимаҳои «кӯдакон бо розигии падару модар, фарзандхондагон, васиён ё парасторони» иваз карда шаванд.
6. Муқаддимаи қисми 1 моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд:».
7. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 22 калимаи «писархондҳо» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2107
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1412
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 551


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 197) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «сӯҳбати», «Сӯҳбати», «рӯҳӣ», «ӯҳдадор», «мӯҳлати», «мӯҳлате» ва «офиятбахшии» мувофиқан ба калимаҳои «суҳбати», «Суҳбати», «руҳӣ», «уҳдадор», «муҳлати», «муҳлате» ва «тавонбахшии» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 11:
- дар сархати ёздаҳум калимаи «курсҳои» ба калимаи «машғулиятҳои» иваз карда шавад; 
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- огоҳсозии комиссияи дахлдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи ҳар як ҳолати зӯроварӣ дар оила, ки кӯдак аз он зарар дидааст;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2105

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1410

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 549


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ»
Моддаи 1. Дар қисми дуюми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 13 декабри соли  1997  (Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 350; с. 2003, №8, мод. 458; с. 2006, №4, мод. 200; с. 2007, №3, мод. 177, №7, мод. 694; с. 2008, №10, мод. 821; с. 2012, №4, мод. 274, №8, мод. 830; с. 2013, №12, мод. 903; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 713) рақамҳои «75» ва «65» мувофиқан ба рақамҳои «70» ва «60» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2106

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2024, № 1414

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 550



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Қисми 1 моддаи 492 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ.1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882; с. 2017, №5, қ.1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, №2, мод. 68, №7-8, мод. 528; с. 2019, №4-5, мод. 228, №6, мод. 323; с. 2020, №1, мод. 24, №12, мод. 920; с. 2021, №1-2, мод. 18; с. 2022, №1-3, мод. 19, №7, мод. 448, №12, қ.2, мод. 772; с. 2023, №11, мод. 473), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони сардорони раёсатҳо, сардорони шуъбаҳо, сарнозирон, нозирони калон ва нозирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, муовинони сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, сардорони шуъбаҳо, гурӯҳҳо, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва муовинони онҳо, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва нозирони хурди раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ,  инчунин роҳбарон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва мутахассисони муассисаҳои гумрукии махсусгардондашуда ва роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук дар асоси қарордод бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба мансаб таъин карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2108

Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1348

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 552


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 20 марти соли  2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3,  мод. 194; с. 2013, №7, мод. 525; с. 2018, №1, мод. 32; с. 2019, №6, мод. 331; с. 2020, №7-9, мод. 617) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни қонун калимаҳои «гражданӣ», «граждании», «гражданиро», «бемӯҳлати», «мӯҳлатноки», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлатҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадории», «амрияи» ва «амрия» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ», «мадании», «маданиро», «бемуҳлати», «муҳлатноки», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлатҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «уҳдадориҳо», «уҳдадории», «амри» ва «амр» иваз карда шаванд. 
2. Ба матни моддаи 2 пас аз аломат ва калимаи «, санадҳои» калимаи «дигари» илова карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 23 калимаи «доимонигоҳдошташаванда» ба калимаҳои «нигоҳдориашон бемуҳлат (доимӣ)» иваз карда шавад. 
4. Дар сархати чоруми моддаи 44, сархати дуюми моддаи 45 ва сархати шашуми моддаи 54 калимаҳои «вайрон ё нобудсозии», «вайрон ё нобудсозии (кӯчонидани)» ва «нобуд шудан ё вайрон кардани» ба калимаҳои «вайрон ё нобуд шудани (вайрон кардани)» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2109

Қарори Маҷлиси  намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 майи соли 2024, № 1341

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 553



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, №4, мод. 262; с. 2014, №11, мод. 672; с. 2015, №3, мод. 224; с. 2017, №7-9, мод. 575, мод. 576; с. 2018, №1, мод. 26; с. 2022, №7, мод. 456, №12, қ. 2, мод. 787), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1: 
- дар қисми дуюм калимаи «Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур»  иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои «Ҳамин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд. 
2. Ба қисми ҳаштуми моддаи 5 пас аз калимаҳои «метавонанд ба» калимаҳои «ҳаёт ва» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 7: 
- дар сархати панҷуми қисми якум ва матни қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӯҳдадор», «Ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати» ва «Мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «УҲДАДОРИҲОИ», «уҳдадор», «Уҳдадориҳои», «муҳлати» ва «Муҳлати» иваз карда шаванд; 
- дар қисми дуюм калимаҳои «воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ), ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда» ба калимаҳои «воситаҳои фардикунонии иштирокдорони муомилоти маданӣ, фардикунонии мол, кор ё хизматрасонӣ (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда» иваз карда шаванд. 
4. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин,» ба калимаҳои «маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин» иваз карда шаванд. 
5. Дар матни моддаи 25 калимаҳои «(мақомоти минтақавии онҳо)» ба калимаҳои «(сохторҳои маҳаллии онҳо)» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2113

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА                     
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 1384

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 557


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ МУТАҚОБИЛА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» аз 5 августи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №7-8, мод. 495; соли 2015, №7-9, мод. 712) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадорие», «ӯҳдадории», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «мӯҳлати», «мӯҳлатҳои» ва «мӯҳлат» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадорие», «уҳдадории», «уҳдадорӣ», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «муҳлати», «муҳлатҳои» ва «муҳлат» иваз карда шаванд. 
2. Сархати сеюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- мақоми назорати суғурта – Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;».
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 2 ва қисми 6 моддаи 9 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.
5. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 6 калимаи «предмет» ба калимаи «мавзуъ» иваз карда шавад.
6. Дар қисми 1 моддаи 14 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд. 
7. Моддаи 211 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 211. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2110

Қарори Маҷлиси  намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 майи соли 2024, № 1343

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 554



ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 705) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати чорум калимаҳои «ки аҳамияти фавқулодда» ба калимаҳои «дигар объектҳое, ки таъиноти махсусан» иваз карда шаванд; 
- дар сархати панҷум калимаҳои «инчунин ҳуҷҷатҳои техникӣ» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор» иваз карда шаванд; 
- дар сархати шашум калимаи «сардорони» ба калимаи «сарварони» иваз карда шавад. 
2. Дар ном ва матни моддаи 3 калимаҳои «оиди хадамоти» ба калимаҳои «дар бораи» иваз гардида, аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд. 
3. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 4 пас аз калимаи «муросилот» аломат ва калимаҳои «, ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатӣ» илова карда шаванд. 
4. Дар моддаи 6:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «муросилот» аломат ва калимаҳои               «, ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «воистаҳои» ва «нашудаанд» ба калимаҳои «воситаҳои» ва «шудаанд» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 7:
- дар сархати дуюм калимаҳои «хатҳои сайри» ва «таъҷилии» ба калимаҳои «хатсайрҳои» ва «фаврии» иваз карда шаванд;  
- дар сархати чорум калимаи «муҳофизат» ба калимаи «ҳифз» иваз карда шавад. 
6. Дар қисми якуми моддаи 8 пас аз калимаҳои «алоқаи фелдегерӣ» калимаи «танҳо» илова гардида, аломат ва калимаи «, хизматчиён» хориҷ карда шаванд.
7. Ба матни моддаи 9 пас аз калимаи «муросилот» аломат ва калимаҳои «, ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатӣ» илова карда шаванд.
8. Дар қисми чоруми моддаи 13 калимаи «муросилоти» ба калимаҳои «муросилот, ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатии» иваз карда шавад.
9. Ба қисмҳои якум ва дуюми моддаи 14 пас аз калима ва аломати «муросилот,» калимаҳои «ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатӣ,» илова карда шаванд. 
10. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 15 калимаи «муросилоти» ба калимаҳои «муросилот, ҳуҷҷатҳои техникӣ, бор ва намунаҳои маснуоти саноатии» иваз карда шавад. 
11. Ба матни моддаи 16 пас аз калимаҳои «доранд, ки» калимаҳои «воситаҳои махсус ё» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2024, № 2112

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1440

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, № 556

Санаи нашр: 18.11.2024 №: 230-231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив