ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ.  БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ.  БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ

19 ноябр 2024, Сешанбе
42
0



Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию фарҳангӣ зери унвони “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” баргузор гардид. 
Нахуст, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ  аз талошу заҳматҳои бонувон дар таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз 5886 нафар 1203 касашро бонувон ташкил медиҳанд. 
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, таъкид сохт, ки тавре таърихи башар собит менамояд, ҷомеа ҳамеша ва дар ҳамаи замонҳо ба нақши зан ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан баландтар гардида, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишвар фароҳам омадааст. Самараи истиқлол ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ аст, ки занону бонувони тоҷик аз минбарҳои баланди чорабиниҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ бо ифтихор сухан мекунанд. Даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегия ва консепсияҳо дар самти боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо иродаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва амалӣ гардида истодаанд. 
Дар идомаи чорабинӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” ҷамъбаст шуд, ки дар он ғолибон ва ҷоизадорон қадр гардиданд.
Тибқи хулосаи ниҳоӣ, Сафармо Исмоилзода, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, Ситора Худобахшова, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳри шаҳри Хоруғ, Гавҳар Одинаева, котиби Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор, Дилрабо Каримӣ, муовини мудири маорифи шаҳри Гулистон, Адиба Абдуллозода, мудири бахши бойгонии шаҳри Турсунзода, Садбарг Қутбиддинова, ёрдамчии раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суман Раҳмон, сардори шуъбаи коргузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти  сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия, Нурбону Фазлиддин муовини сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ, Н. Шаҳло, сармутахассис, сармуҳосиб дар шаҳри Норак, мақоми аввалро касб намуда, соҳиби туҳфаҳои хотирмон шуданд. 
Инчунин, 38 бонуи болаёқат ҷиҳати иштироки фаъол соҳиби сипосномаи Кумитаи кор бо занон гаштд.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”




«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Дар даври ниҳоии Озмун 574 нафар ширкат дорад
Чанд рӯз мешавад, ки Китобхонаи миллӣ шумораи зиёди одамони касбу кори гуногунро ҷамъ меорад. Сабқати аҷиб: қироати шеър, хондани достону ғазал, нақли ҳикояву ривоятҳо касро ба дунёи зебоӣ мебарад. 

Тавре огоҳем, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.
Вобаста ба мавзуи мавриди назар Хуршед Мавлонов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, чунин гуфт: “Имсол аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар даври якуми Озмун 251 ҳазору 266 нафар, даври дуюм 49 ҳазору 267 нафар ва даври сеюм 3742 нафар иштирок намуда, 574 кас ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт”.
Ҳафиз Раҳмон, яке аз аъзои ҳакамон дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон доир ба рафти Озмун чунин ибрози андеша намуд: “Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳам тағйироти миқдорӣ ва ҳам тағйироти сифатӣ ба назар мерасад. Яъне, дониши иштирокчиён бениҳоят хуб аст. Мушкил ин аст, ки хонандагон дар интихоби осори бадеӣ иштибоҳ мекунанд. Ё ин иштибоҳи онҳо нест, иштибоҳи омӯзгорон аст, ки дар интихоби асарҳо ба шогирдон ёрӣ намедиҳанд. Баъзе асарҳое, ки хонандагон мутолаа намудаанд, ба синну сол, қобилияти фаҳмиши онҳо мутобиқ нест. Ман мехостам, ки омӯзгорон дар интихоби осоре, ки хонандагон мутолаа мекунанд, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд». 
Воқеан, зиёд шудани шумораи иштироккунандагон дар Озмуни мазкур ин рӯз ба рӯз рӯ ба китоб овардани мардум, бахусус мактаббачагон, мебошад, ки аз манфиат холӣ нест.  Маҳз ин Озмун боиси дӯстиву рафоқат байни насли наврас мегардад.
– Аз иштирок дар Озмун бисёр хушҳолам, зеро дар баробари  дониши  худро такмил додан, рафиқони зиёд аз гӯшаву канори кишвар низ пайдо кардам, – мегӯяд Майрам Низомзода, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №48-уми ноҳияи Рашт. – Ман бо маслиҳати падарам, ки омӯзгор аст, 120 ғазал, 120 рубоиву дубайтӣ, 70 қитъа, 5 мухаммас аз ёд карда, зиёда аз 60 асари бадеӣ хондам. Кӯшиш хоҳам кард, ки сазовори ҷойи намоён гардам. 

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»



ТОШКЕНТ.  ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ХОТИРМОН БУД
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, намояндагони адабу фарҳанги тоҷики муқими Тошкент ва меҳмонон ширкат карданд.

Чорабиниро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба рамзи давлатдорӣ ва ба ҷашни миллӣ табдил ёфтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад:
– 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир аст. Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ сол ба сол рӯ ба шукуфоӣ овардаву дар арсаи олам беш аз пеш мояи эътирофу эътибор мегардад, – гуфт сафир ва афзуд, – дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ низоми идоракунии президентӣ ҷорӣ карда шуд.
– Бо камоли ифтихор Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарифи ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон самимона шодбош мегӯям. Барои ҳар як адиби тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ Тоҷикистон ватани дувум маҳсуб меёбад. Пешрафту тараққиёт ва фаровонии мардуми он моро низ хеле хушҳолу саодатманд месозад, – гуфт зимни суханронӣ корманди рӯзномаи “Овози тоҷик”, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, шоир Паймон.  
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ба ин муносибат чанд тан аз зиёиёну фаъолони тоҷиктабори Ӯзбекистон ва кормандони Сафоратро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуд. 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Санаи нашр: 19.11.2024 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив