ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗНОМАЕ, КИ НОМБАРДОРИ  ТОҶИКИСТОН АСТ

РӮЗНОМАЕ, КИ НОМБАРДОРИ  ТОҶИКИСТОН АСТ

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
1
0


Солҳост, ки ба якчанд рӯзнома ва маҷаллаҳои  Тоҷикистон  обунаам. Аз рӯйи одате, ки тайи панҷоҳ соли умр  дорам, пеш аз ҳама  рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро мекушоям, матолиби зиёд ва гуногун мехонам ва баъд, ба навиштани маводе паси компютер ҷой мегирам.

Ба ёд меорам, ки соли 1963, дар синфи  ҳаштуми мактаби ҳаштсолаи деҳаи Курговади  ноҳияи Дарвоз (Қалъаихумби собиқ)  таҳсил мекардам. Хаткашони пири шуъбаи алоқа Мурод Шафиев ҳар ҳафта чанд бор ба назди таълимгоҳ омада, борхалтаи пури худро кушода, рӯзномаҳои “Тоҷикистони советӣ”, “Маориф ва маданият, “Бадахшони  советӣ” ва маҷаллаи “Шарқи сурх”-ро ба дастам дода, таъкид мекард, ки ба падарам Диловар Қаноатов расонам. Пеш аз ҳама “Тоҷикистони советӣ”-ро мекушодам, зеро ин нашрия аз фаъолияти пахтакорон, ғаллакорону боғдорон, чорводорон,  дар маҷмуъ, коргарону деҳқонон, аҳли фарҳанг, тиб маводҳоро манзури хонандагони сершумораш мегардонд. Ҳамин гуна шинос шудам бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и имрӯза, ки ба синни 100 мерасад. 
Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) робитаам бо ин ҷарида қавӣ шуд. Аввалин хабару мақолаҳоям дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” рӯйи чопро диданд. Баъдан аз нашрия супориш гирифтам, ки хабарҳои тоза аз Помир пешкаш созам. Ду хабар, яке дар бораи мавзеи аз хотирҳо фаромӯшшудаи Биҷондараи ноҳияи Шуғнон, ки Қудрати Шуғнонӣ дар бораи мушкилоти мардумаш шеъри ҳаҷвие эҷод карда буд ва дигаре аз сохта  шудани роҳи мошин тариқи мавзеъҳои Дударгӣ-Руботи ноҳияи Дарвоз ва аз миён бардошта шудани  роҳи дорои чордаҳ гардишгоҳи Амшун, ки онро ронандаҳо “Роҳи ҳазорпеч” меномиданд, навиштам. Мақолаҳо дар ин рӯзномаи   маъруф ҷой шуданд. Инак, бо “Ҷумҳурият” то ба имрӯз пайвандам. 
Солҳое, ки муҳаррири рӯзномаи “Ватан”-и ноҳияи Ванҷ будам, зуд-зуд барои чопи он ба шаҳри Душанбе меомадам. Корманди “Ҷумҳурият” Гулистон Мавлонназарова дастхатҳоро дар компютер мечинд, Ориф Ёдгорӣ  саҳифа мебаст, яъне “Ҷумҳурият” то метавонист ба рӯзномаи ноҳиявӣ мадад мекард. Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳо сармуҳаррири вақти “Ҷумҳурият” Камоли Қурбонийон пешниҳод намуд, ки ним баст дар “Ҷумҳурият” фаъолият барам. Розӣ шудам. Он вақт хабарнигори махсуси “Ҷумҳурият” дар ВМКБ устод Ширин Бунёд буданд. Ҳар ду корро ҷоннок намудем. 
Ба ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим рафтам. Ду очерки сафарӣ: “Мурғоб он қадар ҳам дур нест” ва “Аз кӯҳи Лаъл то дуриҳои водии Вахон”-ро навиштам, ки онҳо баҳои баланд гирифтанд. Азбаски соҳаи асосии ноҳияҳои  Дарвозу Ванҷ кишоварзию чорвопарварист,  аксари маводҳоям аз рӯзгори аҳли деҳоту кӯҳҳо буданд. Дар таҳрири  сардори шуъбаи иқтисодиёту иҷтимоиёт Қурбоналӣ Раҳмонзода ҳамаи хабару мақолаҳоям аз кору бори деҳқонони кишоварз, боғдору чорвопарвар, занбӯриасалпарварон, соҳибкорон рӯйи чопро медиданд.
Баъди чанде адиби номвар, Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб сармуҳаррири рӯзномаи  “Ҷумҳурият” таъин шуданд. Аз рӯйи одате, ки дошт, маро наздаш хонд. Ӯ дар бораи  рӯзгори гузашта ва имрӯзаи сокинони Бадахшон, алалхусус ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ҳазлу шӯхиҳои   онҳо бо самимият нақл карду гуфт: “Бас аст хонашинӣ, розӣ бошӣ, ним баст ба кор мегирам, ба нафақаат илова мешавад, хабарнигори “Ҷумҳурият” дар Ванҷу Дарвоз мешавӣ”. 
Ман ба   сафи кормандони “Ҷумҳурият” боз   ворид гардидам. 
Баъди  чанд муддат  устод Муҳаммад Ғоиб ба вазифаи дигар ба кор рафт. Журналисти  донишманду боистеъдод Қурбоналӣ Раҳмонзода сармуҳаррири рӯзномаи  "Ҷумҳурият" таъин шуд. Ин ҷавонмарди дорои хислатҳои баланди инсонӣ, ташаббускор, покдилу поквиҷдон дар Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, таҷрибаи зиёд бардошт ва ба “Ҷумҳурият” баргашт. Чанд сол бо ҳам кор кардем. Ин роҳбари меҳрубону дарёдил, ки аз вазъи хонаводаам, бохабар аст, ёрии зиёде расонд. Ба фаъолияти эҷодиам низ баҳои арзанда медод. Дар як Ифтихорнома, ки бо имзои сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ба банда доданд, чунин  суханони самимӣ навишта шудаанд: “Ба Сироншоҳи Диловар, барои ҳамкории бисёрсола, пурсамар ва  судманд бо рӯзномаи “Ҷумҳурият ва саҳми арзанда дар тарғибу  ташвиқи он миёни хонандагон, ҳамчунин афзоиши  нуфузи “Ҷумҳурият дар маҳалҳои  дурдасти Тоҷикистони азиз”!

Сироншоҳи ДИЛОВАР, собиқадори “Ҷумҳурият”  

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив