ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИБКОРОНИ ЭРОНӢ МАҚСАД ДОРАНД ДАР ХАТЛОН КОРХОНАИ МЕВАЮ АФШУРА СОЗАНД 

СОҲИБКОРОНИ ЭРОНӢ МАҚСАД ДОРАНД ДАР ХАТЛОН КОРХОНАИ МЕВАЮ АФШУРА СОЗАНД 

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
1
0


19-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрд.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон мушорикати фаъол доранд. Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки боиси тавсеаи бештари равобити дуҷониба гардидаанд.
Дар мулоқот масоили рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои хурду бузург баррасӣ гашт.
Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон дар самти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили боғдорию сабзавоткорӣ, дар кишвар мавқеи намоён дошта, даҳҳо номгӯи маҳсулот дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон, зикр намуд, ки мақсади дидору мулоқот бунёди корхонаи меваю афшура, хушкондани он, ки дар марҳалаи аввал 7 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, мебошад.
– Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ, манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин намуди маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтаем, чунин корхонаро дар вилояти Хатлон созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем, – афзуд Маҳдӣ Асадуллоҳпур.
Раиси вилоят иқдоми меҳмононро дастгирӣ намуда, гуфт, ки майдони боғот дар вилоят зиёд ва ниёз ба коркарди пурраи он аст.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон беш аз 45 ҳазор гектар замини боғ мавҷуд мебошад, ки кишоварзон бо истифода аз таҷриба ва имконоти фароҳамгашта майдони онҳоро сол ба сол бештар менамоянд. 
Ҷонибҳо, ҳамзамон, бобати ҳамкориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ ва металлургияи ранга табодули афкор намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


ХАТЛОН.  “SHANGHAI SUS ENVIRONMENT” АЗ ПАРТОВ БАРҚ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
19-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони ширкати “Shanghai SUS Environment”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба нақш ва густариши робитаҳои ду давлати дӯст мубодилаи афкор намуда, изҳори розигӣ ва қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилояти Хатлон баён доштанд.
Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегарданд, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии роҳбарияти вилоятро изҳор дошт.
Дар мулоқот мавзуи сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои сӯзондани партовҳои сахти коммуналӣ барои истеҳсоли барқ баррасӣ шуд. 
Зикр гардид, ки ширкати “Shanghai SUS Environment” соли 2008 таъсис ёфта, дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус истеҳсоли энергия аз партов (WtE) табдил ёфтааст. 
Намояндаи ширкат дар Осиёи Миёна Дэвид Чжоу омодагии худро барои амалисозии лоиҳаи сӯзондани партовҳо барои истеҳсоли неруи барқ баён дошт. Амалишавии лоиҳа на танҳо боиси таъмини устувори неруи барқ мегардад, балки ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омӯзиш ва рушди иҷтимоӣ дар минтақа низ мусоидат хоҳад кард.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


СОҲИБ ТАБАРОВ.  ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ МУҲАҚҚИҚ ВА АДАБИЁТШИНОСИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии мунаққиду адабиётшиноси маъруфи тоҷик дар мавзуи «Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар Конфронс мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, олимону нависандагон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода роҷеъ ба нақши Соҳиб Табаров дар рушди илми тоҷик сухан карда, иброз намуд: «Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошу заҳматҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни илму адаби кишвар қадрдониву пуштибонӣ мегарданд. Дар робита ба ин, бо дастгирии раёсати АМИТ ва ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷилди шашуми китоби «Ҳаёт, адабиёт, реализм» омода ва нашр гардид. Китоби мазкур фарогири мақолаҳое мебошад, ки ба паҳлуҳои гуногуни адабиёти нав бахшида шуда, аз ҷониби худи муаллиф интихоб ва мураттаб гардидааст”. 
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода доир ба нақши мунаққиди маъруф дар адабиёти тоҷик чунин гуфт: «Мо имрӯз дар бораи шахсияте сухан мегӯем, ки умри пурбаракати хешро сарфи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик намудааст. Аз сифоти донишманде суҳбат хоҳем кард, ки бо диди амиқу воло равандҳои адабии сад соли охири адабиёти муосири тоҷикро дақиқназарона ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашидааст. Мо аз Соҳиб Табаров сухан мегӯем. Адабиётшиносе, ки бо равишҳои навини таҳқиқи осори адабӣ ва бо такя ба арзишҳои милливу байналмилалӣ таҳаввулу ташаккули адабиёти навини тоҷикро дар зиёда аз 850 асари илмиаш баррасӣ ва баҳогузорӣ кардааст. Хулоса, осори аксари адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми асри гузашта фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои эътиқодии ин мунаққиди воқеъбин дур намондаанд. Соҳиб Табаров фаъолияти адабиётшиносии хешро бо навиштани асарҳои назариявӣ оғоз кард. Ба эътирофи ҳамаи муҳаққиқони адабиёти муосири тоҷик Соҳиб Табаров аз ҷумлаи адабиётшиносони барҷастаи тоҷик буд, ки ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ таҷрибаи калон ба даст оварда, дар таҳлили равандҳои адабӣ равиши хоси худро пайдо кард”. 
Дар ин радиф, аз фаъолият ва зиндагиномаи ин мунаққиди масъулиятшинос ва дақиқназар муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёт Беҳрӯзи Забеҳулло, дотсенти ДМТ Наврӯз Қаландаров маъруза карда, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ А. Маҳмадаминов, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» адиб Абдулқодири Раҳим аз хотираҳояшон бо Соҳиб Табаров нақл намуданд.      

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


ӮЗБЕКИСТОН. ТАҶЛИЛ АЗ 610-СОЛАГИИ МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба муносибати 610-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳо дар Мактаби таҳсилоти ҳамагонии №7-и ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба вуқуъ пайваст. 
Тавре ҷонишини мудири мактаб оид ба корҳои фарҳангӣ-меърифатӣ Маҳкам Ҷаъфарзода ба “Ҷумҳурият” изҳор намуд, баргузории чунин чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ дар мактабҳои тоҷикии ноҳияи Сариосиё ба ҳукми анъана даромадааст. Доир шудани чорабиниҳои фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Хайём, Ҳофиз ва Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳамин шумор мебошанд.
– Абдураҳмони Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик аст. Вай дар фазои илму адаби асри XV-и мелодӣ бо қасидаҳо, ғазалҳо ва маснавиҳои пурмуҳтаво ситораи дурахшонеро мемонад, – гуфт М. Ҷаъфарзода.
Ӯ афзуд, ки омӯзиши мероси ғановатманди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои донишомӯзони ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии тоҷикӣ шарту зарур аст, зеро дари имкониятҳои фаровонеро барояшон боз хоҳад кард. 
Дар чорабинӣ хонандагон намунаҳо аз қасидаву ғазал ва порчаҳо аз достонҳои Абдураҳмони Ҷомиро қироат карданд. Маҳфилро савту таронаҳои сарояндагон шукуҳи тоза бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив