ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАХТА.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ

ПАХТА.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
40
0

 

Мавсими пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ торафт вусъат мегирад. Заркорони заҳматпеша имсол аз 174 979 гектар замин беш аз 436 280 тонна “тиллои сафед” ҷамъ карданианд.


Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, заркорони меҳнатқарин аз аввали мавсим беш аз 228 119 тонна (вилояти Суғд – 77720, Хатлон – 148557, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1842 тонна) ашёи гаронбаҳои саноатӣ ҷамъ оварда, иҷрои дурнамои солонаро ба 52,3 дарсад расонданд. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 98311 тонна камтар мебошад.
Дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз беш аз 1825,8 тонна пахта чида мешавад ва чинакчиён барои ҳар килои пахтаи чидашуда 1,5-2 сомонӣ музд мегиранд. Дар назар аст, ки вобаста ба боду ҳавои мусоид имсол чидани пахта то аввали моҳи декабр идома ёбад. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда заркорони шаҳри Левакант 2503,1 тонна (101,8 дарсад) ва ноҳияи Дӯстӣ 19435,8 тонна (100,6 дарсад) аз иҷрои нақша мужда доданд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои пахтакори дигар, аз ҷумла Конибодом, Бохтар, Бобоҷон Fафуров, Данғара, Спитамен, Ҷайҳун, Вахш, Ашт, Кӯшониён ва Шаҳритус нақшаро ба иҷро расонанд. 
Ба мушоҳида расид, ки имсол ҳосил дар саҳро фаровон аст. Аммо, тавре мутахассисони соҳа иброз доштанд, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мастчоҳ, Шаҳринаву Рӯдакӣ суст буда, кишоварзон ба кашолкорӣ ва талафи ҳосил роҳ дода истодаанд. 
Рӯзҳои мусоиди офтобӣ барои пахтакорон ғанимат мебошад. Ҳоло барои сари вақт ва беталаф ғун доштани пахта беш аз 61 ҳазор чинакчӣ ва ёрдамчиён (вилояти Суғд – 32747, Хатлон – 28195, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 500 кас) ба саҳро баромада, ҳосили бо заҳмат парваришёфтаро ҷамъ меоранд. То иҷрои нақшаи истеҳсоли “тиллои сафед” беш аз 208 ҳазор тонна боқӣ мондааст.

Баҳодур Назаров, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки чуноне аз таҳлили коршиносони соҳа бармеояд, барои пурра ҷамъоварии ҳосили пахта 120-140 ҳазор чинакчӣ даркор аст. Ҳамчунин, дар минтақаҳои пахтапарвари ҷумҳурӣ норасоии техникаи муосири пахтағундор мушкили рақами яки соҳа арзёбӣ мегардад. Гаронии нархи сӯзишворӣ ва сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи чиниши пахта паҳлуи дигари масъала аст.

Натиҷаҳои имсолаи кишоварзон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин, истеҳсоли маҳсулоти аҳамияти стратегидоштаро боз ҳам афзудан имкон дорад. Роҳи асосии он, дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, баланд бардоштани нархи хариди пахта аст. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив